Хайриддин СУЛТОН
Алишер Навоӣ чаро хонадор нашуд ва дар ин дунёи равшан тоқ гузашт? Бинобар он ки ёри ба дил муносиб наёфт? Равшантараш, идеали ҳаётии ҳазрат дар ин бора хеле баланд будааст. Дар хотир доштагистед: «... ҳам дилаш поку ҳам чашмаш пок, забонаш поку суханаш поку худаш пок». Ба ин гуна талаб муносиб будани фарзанди одам – кори бисёр мушкил-дия.
Дар хусуси он ки аз чӣ сабаб бобои бузурги мо аз ҳаёт танҳо гузаштааст, олимони навоишинос фикрҳои гуногун, тахмину фаразҳо баён кардаанд. Дар байни халқи одӣ бошад афсонаи вобаста ба Гулӣ ба ҳақиқат табдил ёфтааст.
Сухани мухтасар он ки ҳурмату эҳтироми Мир Алишери Навоӣ нисбати зоти зан ниҳоят дар мақоми баланд будааст ва мо ба ин мавзӯъ боз бармегардем.
Ба ҳамаамон аён – асари санъатро соҳибистеъдодҳои ҳақиқӣ меофаранд. Агар ба соҳиби истеъдод бахт ва омад ёр шавад, ба вай рафиқаи ҳаётии садоқатнок ва фидоӣ насиб мегардад. Ва, баръакс, эҷодкор ба зани нобоб дучор ояд, ҳаёти ӯ ба ҷаҳаннам табдил меёбад.
Ҳаёти якҷои Фёдор Достоевский ва Анна Сниткина қиссаи муҳаббат бошад, ҳаёти оилавии Лев Толстой ва Софя Андреевна драмаи беохир аст.
Дар поёни умр манзараи маҷбуран хонадони қадрдони худро партофта рафтани графи куҳансол қуллаи пуризтироби ҳамин драма мебошад.
Замонҳо гузашт, урфу одатҳо, нуқтаву назарҳои ҳаётӣ дигаргун шуд, аммо дар рӯйи замин муаммое, ки ба аҳли эҷод дахлдор аст, дигар нагашт.
Ҷамъияти ӯзбек низ аз ин мустасно нест. Дар адабиётамон занҳое кам нестанд, ки ба шоиру нависандагон ҳаммаслак буда, онҳоро ба корҳои бузург илҳом бахшидаанд, ба хурсандиву андӯҳи ҷуфти ҳалол шарик будаанд ва шарик ҳастанд. Зумрае аз онҳо дар таърихи адабиёт мавқеъ доранд.
Аслан дар ин дунё зани ӯзбек шудан қисмати вазнин аст. Ба шоир ё нависандаи ӯзбек рафиқаи ҳаётӣ шудан бошад, агар гӯям, ки аз ин даҳ не, садчандон вазифаи машаққатнок аст, инсонҳое, ки ин гуна тақдирро аз сар гузарондаанд, ба фикрам ҳамроҳ мешаванд.
Ба занҳое, ки ҳам худашон, ҳам шавҳарашон эҷодкор аст, боз душвортар. Ҷиҳатҳои мусбату манфии ин гуна ҷуфтҳоро танҳо аз сар гузарондаҳо медонанд.
Вақте Ҳамид Олимҷон ба туфайли садамаи мудҳиш ҳалок гашт, шоира Зулфия бистуҳашт сол дошт. Он рӯз ба дасташ ҳино баста, пардоз карда будааст. Аз фоҷиаи даҳшатнок карахт шуда, дар сари тобут фарёд задааст, ки «Дастамро бурида партоед!» Аз ин хусус онҳое, ки ба воқеа гувоҳ будаанд, дар хотираҳои худ навиштаанд.
Аз байн солҳои зиёд гузашту Зулфияапа ин сатрро навишт: «Маро халоиқ зани бахтнок мегуфтааст». Таҳти калимаи «мегуфтааст» чӣ қадар ҳасрат ниҳон аст.
Ба сухан рондан дар бораи адибон ва ҳамсарони шӯрпешонии онҳо, ки дар солҳои сиюми қарни бистум дар осиёби табъид лат хӯрдаанд, дил тоқат намекунад.
Дар солҳои панҷоҳум, ки замон андак ором шуда буд, аждари қатағон боз сар бардошт. Чӣ қадар зиёиҳои эҷодкор ба балои туҳмат дучор шуда, ба муҳлати дароз ҳабс шуданд. Ҳамсарони ҷафокаши онҳо ба зарбаи ҳалокатовар гирифтор гаштанд. Лекин Сакинахонум Мақсуд Шайхзодаро, Саида Зуннунова Саид Аҳмадро, Турсуной Алимова Шуҳратдомуллоро,Мунаввар Юсупова шоир Шукруллоро, Фозила Сулаймонова аллома Ҳамид Сулаймонро ва боз занҳо – бонувон соҳиби сари худро бо сабру тоқат, умед ва боварӣ, садоқат ва ҷасорат интизорӣ мекашиданд.
Дар хонадони Саид Аҳмад ва Саида Зуннунова, ки ҳамагӣ шаш моҳ ҳамроҳ зиста, ба дидори якдигар сер нашуда буданд, фалокат рӯй дод: ҳамсари шоира дар ҷиноят алайҳи сохтори шӯравӣ ноҳақ айбдор шуда, ба ҳабси биступанҷсола ҳукм гирифт.
Саида Зуннунова бо туҳмати «зани душмани халқ» аз рӯйихати узвияти Иттиҳоди нависандагон хат зада ва аз кор ронда шуд. Ба рӯйи вай тамоми роҳҳо, кулли дарҳои имконият баста шуда буданд.
Вақте ба идораҳои дахлнок ҷеғ зада, талаб гузоштанд, ки: «Аз баҳри шавҳарам, ки душмани халқ аст, мебароям, гуфта дар матбуот баромад мекунӣ, дар акси ҳол аз партия меронем», шоира гуфт: «Партияе, ки касро аз ёри дӯстдоштааш, аз рафиқи ҳаётии бегуноҳаш ҷудо месозад, ба ман лозим нест». Вай партбилеташро партофт ва баромада рафт.
Саидаапа бо сари занӣ ва ҷуссаи хурди синчалаквор ҷасорате нишон дод, ки на аз дасти ҳар инсон меояд. Бо иродаи мустаҳкам ва матонати қавӣ ба ҳама намуна гардид. Вай дар яке аз шеърҳояш навиштааст, «дар қаноат филча» буду бо хориву зорӣ умр ба сар бурд. Лекин бовариашро ба адолат, ба ҳақиқат ва муҳаббату садоқат, як лаҳза бошад ҳам гум накард. Фақат ба ёди рӯзҳои равшан рӯз гузаронд, бо ҳамин умед шеърҳои зебо навишт.
Соли 1956 Сталин вафот кард. Шоиру нависандагоне, ки дар қатори ҳазорон маҳкумон ба оилаи худ баргаштанд, ба ёрҳои вафодори худ дил изҳор карданд: «Чӣ хел амон монданамро фақат ба ту мегӯям, ҳамрозам, фақат ту маро пешвоз гирифтӣ, бузург буд бардошти ту».
Рӯзҳои равшан фаро расида, авлоди миннатдор ба шарафи ду зани бардошти бузургдор – Зулфияхонум ва Саидахонум ҳайкал гузоштанд.
«Шавҳарро мард мекардагӣ ҳам, гард мекардагӣ ҳам зан аст». Ба кадом як маъно, шоирро шоир, нависандаро нависанда мекардагӣ ҳам зани ӯст.
Худатон фикр кунед, бе меҳру садоқат ва ҷонфидоии рафиқаҳои худ, яъне бе Муҳаррамахон Ғуломова – Ғафур Ғулом, бе Зарифахонум – Ойбек, бе Кибриё Қаҳҳорова – Абдулло Қаҳҳор, бе Розахонум – Асқад Мухтор, бе Хурсандой Рашидова – Шароф Рашидов, бе Марям Ёқубова – Одил Ёқубов, бе Софияхонум – Пиримқул Қодиров, бе Зуҳра Умарбекова – Ӯлмас Умарбеков мо медонистагӣ адиби бузург ва арбоб шуда мебаромаданд?
Эҷодкор одами ин дунё нест, мегӯянд. Вай ҳамеша бо хаёлҳои худ фаромӯшхотир мегардад, аксарият дар корҳои рӯзгордорӣ бетаҷриба, мумкин аст хонааш, ташвишҳои рӯзгорро тамоман аз хотир фаромӯш ҳам карда бошад.
Баъзан ҳафтаҳо, моҳҳо дар сафарҳои эҷодӣ мегардад. Гоҳо то субҳ дар давраи дӯстон монда рафтанаш ҳам будагӣ гап. Гоҳо сархуш не, тамоман маст ба хона баргаштанаш ҳам сир нест.
Дар ҳамин гуна «лаҳзаҳои беситора»-и эҷод «эрка»-гӣ, дар дамҳое, ки кораш пеш намеравад, инҷиқӣ ва таҷангиашро мебардоштагӣ, табиати дарвешонаашро мефаҳмидагӣ, ба феъли маҷнунвораш сабр мекардагӣ, сабр-чӣ, намунаи олии субот нишон медодагӣ кӣ аст?
Албатта, мухлиси оташин ва дӯсти беминнати ӯ рафиқааш – чун ба танқид дучор гашт, аз вай бештар азият мекашидагӣ, таҳсин шунавад, аз ҳама зиёд хурсанд мегаштагӣ, дар оне кулли заҳмат ва ғурбате, ки кашид, фаромӯш мекард зоти садоқатнок.
Аз китоби «Навоӣ–30» тарҷумаи Муҳаммад ШОДӢ.