ҲАМСОЯ ВА ҲАМСОЯДОРӢ

Гоҳо Зардуштро, бо назардошти яшту гоҳҳои «Авасто», ки андешаву афкори ахлоқиро дар бар мегиранд, баъзеҳо нахустшоир қаламдод кардаанд, ки дуруст аст.

Гоҳо Зардуштро, бо назардошти яшту гоҳҳои «Авасто», ки андешаву афкори ахлоқиро дар бар мегиранд, баъзеҳо нахустшоир қаламдод кардаанд, ки дуруст аст. Дар ин навишта сухан аз Зардушт ва муҳтавои китоби ӯ — «Авасто» нест. Мехостем бигӯем, ки панду насиҳатгӯии шуаро ва фузалои миллати тамаддунсози мо аз «Авасто» оғоз меёбад. Бисёре аз байтҳои боқимондаи Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ панду ахлоқиянд. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ низ абёти панду ахлоқӣ кам нестанд. Шайх Саъдӣ аз шоирони пандгӯйи дунёст. Дареғо, имрӯз, шояд дар қарнҳои гузашта низ чунин буд, гӯши пандшунав зиёд асту ҳуши пандпазир кам. Адабиёти беш аз сеҳазорсолаи мо, мисли «Қобуснома»-и Унсуралмаолии Кайковус, дорои насиҳатномаҳои зиёдест.
Чаро ин хел? Зеро, ба қавли Умари Хайём: «Ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид, рафтанду равему боз оянду раванд». Бо мурури замон пирон дармегузаранд, насли наврас ҷойгузини онҳо мегардад. Насли ҷавон (ғӯраҳо) — инсонҳои ба камолнорасида ба тарбия ҳамеша ниёз доранд... Донишмандони дунё эътироф намудаанд, ки тарбияи инсони нав кори басе мушкил аст. Ёдам ҳаст, роҳбари давлатамон низ вақте сухан дар бораи маънавият ва тарбияи ҷавонон меравад, такрор ба забон меорад: «Тарбия, тарбия ва боз тарбия». Боре як инсони хирадманд, бо такя ба гуфтаҳои пешинагон ба ин ҷониб гуфт: «Инсон, мисле, ки аз кор дер намемонад, дар тарбияи фарзанд низ набояд дер монад». Ва мисол овард, ки дарахтро дар ҷавонияш, ҳанӯз вақте ки ниҳол аст, рост мекунанд, вақте дарахт шуд, рост кардан натавон, ба сӯе хам кунед, мешиканад.
Зарбулмасал ва мақолҳои халқӣ низ, ки як ҷузъи адабиётанд, моҳияти тарбиявӣ доранд. Аҷдоди мо тӯли қарнҳои зиёд, ҳангоми насиҳат ба фарзандон аз суханони ҳикматнок бамаврид истифода бурдаанд. Шоири бузурги қабардину балқар Қайсин Қулиев гуфтааст, ки дар мақолу зарбулмасалҳо таҷрибаи дерсолаи халқ нуҳуфтааст, халқ баъди панҷоҳ ё сад соли зиндагӣ, дар асоси таҷрибаҳои андӯхтааш як мақол ё зарбулмасалро офаридааст.
Бигирем, дар бораи ҳамсоя ва ҳамсоядорӣ дар бисоти маънавии халқҳои дунё, аз ҷумла халқи тоҷик, мақолу зарбулмасалҳо фаровонанд. Бисёре аз онҳоро мо дар бачагӣ аз бобою бибӣ ва падару модарон шунида, ба дафтари ёд кӯчондаем.
Мисли дигар халқҳои фарҳангӣ тоҷикон низ дар вожасозӣ  ҳунари кофӣ доранд. Ин ҷиҳат дар номгузорӣ ба фарзандон, ашё, ҳодисаҳои табиӣ... ҳувайдо мегардад. Бигирем, халқҳои дунё ба одамоне, ки бо одамони дигар наздик ва девордармиён ба сар мебаранд, аз дидгоҳи худ ном гузоштаанд. Тоҷикон ва форсизабонони дунё ба ин гуна одамон номи ҳамсояро раво дидаанд, ки аз пайвандаки «ҳам» ва решаи «соя» таркиб ёфтааст.
 Соя дар тобистони гарм қимате дорад, мардум одатан дар сояҳои ғафсу тунуки дарахтону деворҳо аз сӯзани халандаи нури офтоб паноҳ меҷӯянд. Дар сояи касе ба сар бурдан маънои маҷозӣ дорад. Аҳли оилаи мо тобистонҳо дар сояи девори ҳамсоя, ки ба ҳавлиамон меафтод, нонушта мекард, ҳамсояамон бо аҳли байташ дар сояи дарахти гуҷуми мо, ки ба ҳавлиаш меафтод, хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрд... 
Падарам, вақте сухан аз ҳамсоя ба миён меомад, мегуфт: «Ҳамсоя ба номи Худо баробар аст» ва шарҳ медод, ки бояд ҳурмати марду зани ҳамсояро ба ҷо овард, бо аъзои оилаи ҳамсоя дурушт гуфтан нашояд ва гоҳо илова мекард: «Аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳ». Вақте суоломез менигаристем, шарҳ медод: бигирем, Худо нигаҳ дорад, дар хонаи нафаре сӯхтор ба амал ояд, дар навбати аввал кӣ ба ёрӣ мешитобад — ҳамсоя! Хеши дур шояд баъди хомӯш шудани сӯхтор расидагӣ кунад. Вақте мехоҳед тӯю суре барпо намоед, дари шуморо аввал ҳамсоя мекушояд, ба хидмататон миён мебандад, қисмате аз иштирокдорони тӯйу маъракаро дар хонааш ҷой медиҳад... Ҳамчунин, ба ин маънӣ дар мақоле омадааст: «Дӯст магӯ, ҳамсоя гӯ». Яъне, қимати дӯст аз ҳамсоя болотар аст. Воқеан, ҳамсояи хуб дӯсти мост.
Шоири дигари классики форс-тоҷик Хоҷа Ҳофиз доир ба ҳамсоядорӣ байти обдоре дорад, ки аз насиҳат орӣ нест. Одатан, баъзе одамони доро, соҳибҷоҳ (мансабдор) ва подшоҳу вазирони мутакаббир аз якҷо нишастан бо дарвешон, бемансабон ва гадоён ҳазар мекунанд, ки хушоянд нест. Одамизода ҳамеша бо орзуи он ба сар бурдааст, ки мамлакатро подшоҳи одил идора кунад. Ин орзу дар адабиёти қадиму ҷадиди мо инъикос ёфтааст. Яке аз шартҳои адолати подшоҳон аз ҳоли муфлисон ва гадоён хабар гирифтани онҳо будааст. Биноан, Ҳофиз фармуда:
Аз адолат набувад дур, 
гараш пурсад ҳол,
Подшоҳе, ки ба ҳамсоя 
гадое дорад.
Мақоли зерин низ инсонҳоро ба некҳамсоягӣ даъват менамояд, ки ин аст: «Агар гилем бифурӯшӣ, ба ҳамсояат бифурӯш, ки дар як гӯшааш худат низ менишинӣ». Вақте ҳамсоя дар коре комёб мегардад, ҳамсояи ӯ ба дунболи аз худ кардани таҷрибаи вай мегардад. Яъне ҳар амали неки ҳамсоя қобили пайравист. Бо назардошти ин, аҷдоди дуру наздики мо ба фарзандон бехгӯшӣ кардаанд: «Харбуза аз харбуза ранг гирад, ҳамсоя аз ҳамсоя панд». 
Пӯшида нест, қариб ду даҳсола муносибати кишвари мо бо ҳамсоядавлатҳо хуб набуд. Инак, ду-се сол аст, ки бо кӯшишоти сарвари мамлакатамон ва иродаи сиёсии роҳбарони ҳамсоякишварҳо яхи дилҳо об шудан дорад, мақоли пурбори «Аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳ» бароямон ғизои маънавӣ мебахшад.
Бо ҳамсояи нек ба сар бурдан саодати ду дунёст. Вале гоҳо мешавад, ки ба сабаби зиштии баъзе ҳамсояҳо айши мардум талх мешавад. Дар ин сурат роҳи халосӣ ё кӯчидан ё кӯчондани ҳамсояи зишт бошад. Ба фикрам, мақоли халқии «Хона нахар, ҳамсоя хар» ба хотири бо одамони зишт ҳамсоя нашудан гуфта шудааст. Ба ин маънӣ шоир Авҳадӣ  фармудааст:
То надонӣ, 
ки кист ҳамсоя,
Ба иморат талаф 
макун моя.
Дар боло гуфтем, ки гӯши пандшунав бисёр асту ҳуши пандпазир  кам. Агар ин навишта ба теъдоди ҳуши пандпазирон биафзояд, роқими ин сатрҳо худро ба ҳадафрасида меҳисобид. Агар на, сад дареғ...

А. СУБҲОНОВ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: