ҲАМСОЯГИИ НЕК, ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРӢ МУСТАҲКАМ МЕГАРДАД

Нуфуз ва аҳамияти ҳар як созмони байналхалқӣ бо самарабахшии фаъолият ва эътибори ҷаҳониён ба он муайян карда мешавад.

 Ҳамоиши Самарқанд собит намуд, ки СҲШ ба чунин созмони байналхалқии бонуфуз табдил ёфтааст.
Ҷойгаҳи созмон дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ сол аз сол пурзӯр мегардад. Баробари афзоиши таъсири созмон дар арсаи байналхалқӣ шавқи давлатҳои дигари минтақа оиди иштирок намудан дар фаъолияти он зиёд мегардад.
Соли 2017 сафи СҲШ бо ду иштироккунандаи нав – Ҳиндустон ва Покистон васеъ гардид. Масъалаҳои узвияти Эрон мусбат ҳаллу фасл гардида, шаш мамлакат оиди мулоқот ҳамкорон ба ҳисоб мераванд (Туркия, Озарбойҷон, Непал, Шри-Ланка, Камбоҷа ва Арманистон).
«Созмони ҳамкории Шанхай блоки ҳарбӣ ё сиёсӣ набуда, балки  ҳамкории кушод, умумӣ ва минтақавии васеъро ҷонибдорӣ мекунад, ҳамаи иштирокдорон дар он баробарҳуқуқ ва ба манфиатҳои ҳамдигар бо эҳтиром менигаранд. Гузашта аз ин, ба ҷаҳони азнав ташаккулёбанда СҲШ бар зидди таҳдид ва даъватҳои имрӯзу оянда ҳамчун механизми мулоқоти самарабахш бояд бошад», таъкид намуд роҳбари давлатамон дар мақолае, ки ба ҳамоиши Самарқанд бахшида шудааст. Дар ташаббусҳои доираи созмон нафақат ба масъалаҳои бехатарӣ, балки рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, нақлиётиву логистика, фарҳангиву гуманитарӣ ва сайёҳӣ эътибори алоҳида нигаронида шудааст.
Роҳи ягонаи баромадан аз гирдоби мушкилоти хатарнок ба ҳисоб гирифтани манфиатҳои тарафҳо ва  ҳамкориҳои бисёрҷанбае, ки ба эҳтироми ҳарҷониба асос ёфтааст, мебошад. Дар замони бӯҳронҳо ҳар як мамлакат эътибори асосиро бояд ба ҳамҷиҳатии умумӣ нигаронад. Яъне дар ин самт ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ, робитаҳои ҳамкории мустаҳкам нақши муҳим мебозад.
Дар декларатсияи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ-и Самарқанд низ ба ин масъала эътибори алоҳида дода шуд. Ба хусус, бандҳои қоидаҳои шартнома дар бораи некҳамсоягӣ, дӯстиву ҳамкории дарозмуддати давлатҳои узви СҲШ оиди ба амал татбиқ намудани нақшаи амалиёти маҷмӯӣ дар солҳои 2023-2027 аҳамияти муҳим касб менамояд.
Бояд таъкид намуд, ки ҳамкории пурсамари байналхалқӣ омили муҳимтарини тараққиёти устувор, боваринок ва фаровон дар ҷаҳон мебошад. Чунин рафти кор роҳи амиқ, мақбул ва самарабахши боҳамҷиҳат ҳаллу фасл намудани мушкилоти рӯзмарраи ҳолоина ва ҳифз намудан аз хавфу хатарҳои нави ларзишҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад.
Некҳамсоягӣ ва ҳамкории мустаҳкам дар бартараф намудани зиддиятҳои байни давлатҳо, мустаҳкам намудани ҳамдигарфаҳмӣ, рушди ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ, хариду фурӯш, рағбатноксозии табодули фарҳангиву гуманитарӣ кӯмак мерасонад. Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба фаъолияти ҳамаҷониба асос ёфтааст, чунин мақсад ва вазифаҳоро дар назар дорад.

Шербек БӮРОНОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис,
узви фраксияи ҲХД Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: