ҲАМСОЯИ ХУБ ВА БАД

Падару бобоёни мо ин тавр танбеҳ медоданд: «Оташдонро ба девори ҳамсоя часпонда насоз.

Падару бобоёни мо ин тавр танбеҳ медоданд: «Оташдонро ба девори ҳамсоя часпонда насоз. Вақти таом пухтан дуди оташдон чашми ҳамсояро сӯзонад, хӯроки хӯрдаат ҳаром мешавад!»

Ӯткир ҲОШИМОВ.
Оиди муносибатҳои ҳамсоядорӣ коғаз сиёҳ кардан хостам. Дар хонаҳои калону хурд, васеъ ва танг, пасту баланд одамҳое, ки тақдир ва ҷаҳонбинии гуногун доранд, умр ба сар мебаранд. Аз аҳди бостон хонаи ҳамсоя ба тӯй ва азои ҳамсоя хидмат мекунад. Чӣ дар тӯй ва чӣ дар мотам ҳамсояҳо аз якдигар маслиҳат мепурсанд, ба дарди якдигар марҳам мешаванд.
Дар бачагиам ба ҳамсоя таоми гарм ё нони гарм дароз кардан расм буд. Ба воситаи кӯдакҳо. Мо бояд ба ҳамсоядорӣ аз кӯдакӣ ошно бошем, ба таомулҳои он риоя намоем. Гап дар таом не, дар меҳру оқибат.
Ба диёри худ, ба ҷое, ки тавлид ёфтаву калон шудааст, меҳри ҷудогона дорад ҳар як инсон. Дар хонадони хеш чун шоҳ зиндагӣ мекунад вай. Он ҷо боз барои он азиз, ки ҳамсояҳои девордармиён ҳастанд. Ҳар яке чашмаҳои меҳр!
Ба ҳамсоя меҳр нисор кунед, албатта, меҳр мебинед. Нон диҳед, нон медиҳаду ҷон диҳед, ҷон.
Пештар духтар доданӣ шавем, ҳамсоязанҳо ҷамъ омада, дар даст сӯзану ришта, якҷо кӯрпаву болин ё либосҳо медӯхтанд. Ба бонувоне, ки дар «ҳашар» иштирок кардаанд, оинача, атр, собун тақсим карда мешуд. Дар ин гуна рӯзҳо қадру қимат меафзуд, қалбҳо бештар ба якдигар моил мешуданд.
Рост мегуфтаанд, ки аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳтар. Ҳамсояи хуб нобудаатро буд месозад. Дилпуриат низ – ҳамсоя. Духтар калон куниву ба дарат хостгор ояд, кӣ фазлат фузудаву айбат мепӯшад? Ҳамсояи хуб!
Баробари ҳамсояи хуб, мутаассифона, ҳамсояи бад ҳам мавҷуд. Гапат баромада монад, аз худаш ҳамроҳ карда, ба атроф паҳн мекунад. Бо ғайбат обрӯят мерезонад.
Баъзе ҳамсояҳо аз якдигар тахминан ин тарз арзу шикоят мекунанд:
«Кӯча рӯфта, хоктӯдаро ба тарафи мо мегузорад».
«Иморати баланд сохту ҳавлиамро гӯр барин торик гардонд».
«Кӯчаамон танг. Ҳамсоя ҳар рӯз мошинашро назди дарвозаамон нигоҳ медорад. Писарам ҳам мошин дорад. Ба куҷо гузоштани он намедонад».
«Ҳамсояи бефаҳми мо тирезаашро ба тарафи ҳавлиамон гузоштааст. Дар хонаамон бемалол шинухез карда наметавонем».
«Бе ҷангу ҷидол бо ҳамсоя нашудааст, ки ба киштзори худ об монем».
«Феъли ҳамсояам бисёр тез. Дар кӯча бо бачаҳо баробар шуда мегардад».
«Дод аз дасти ҳамсоя. Мурғ, буз, гӯсфанду говаш ҳар рӯз даромада, киштзорамро таҳи по мекунад».
Ба ҳамсоягоне, ки ноҳақ ҳастанд, инсоф металабем. Басе мехоҳем онҳо қалби худро аз ҳасад, аз кулли одатҳои бад халос намоянд. Хуб мешуд ҳамсоя ҳамсояро фаҳмад. Ҳақ ё ноҳақ якдигарро хафа карда бошанд, ҳамсояҳо бахшанд. Бахшида тавонистан ҳам мардист. Ҳар як рӯз ва даму соати мо имтиҳон. Ҳамаро дида ва дониста истодааст Парвардигор.
Аз Пайғамбарамон пурсидаанд: «Ё Расулуллоҳ, ҳамсоя дар ҳамсоя чӣ ҳақ дорад?» Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи вассалам гуфтаанд: «Агар қарз пурсад, ба вай қарз деҳ, гап пурсад, ҷавоб гардон, бемор шавад, хабар гир, кӯмак пурсад, ёрдам кун, ба сараш мусибат афтад, таъзия изҳор намо, дар рӯзи хурсандиаш табрик соз. Агар вафот кунад, шаҳодат гӯй, ба ягон ҷо равад, манзилашро посбонӣ кун. Бо садои гӯштбирёни дег азият накун, азият диҳӣ, аз таомат деҳ».
Вақте Расули Акрам мегуфтанд, аз ҳамсоя муруввати худ дареғ надор, нафаре суол кард:
«Ҳамсояам бисёр. Киро бештар суроғ кунам?» Пайғамбар: «Ҳамонеро, ки дараш ба дарат наздиктар аст».
Аз қадим дар бораи оини ҳамсоягарӣ мақол ва гӯяҳои ибратангез мавҷуд: «Гилем фурӯшӣ, ба ҳамсоя фурӯш, ба як кунҷаш худат мешинӣ». «Худатро эҳтиёт кун, аз ҳамсоя гумонбар нашав». «Хона нахар, ҳамсоя хар», «Ҳамсоягарӣ – садсолагарӣ». «Ҳамсоя хуб бошад, одам тез пир намешавад». «Ба як духтар ҳафт ҳамсоя падару модар». «Ҳамсояат тинҷ – ту тинҷ» ва ҳоказо.
Яке аз шиносҳоямон ҳикоя кард, ки хонахар будем. Аз рӯйи эълон ба ҷойи даркорӣ рафтем. Хона маъқул шуд. Аммо аз манзили ҳамсоядевор гапҳое мебаромаданд пасту баланд. Аз баҳри он хона баромадем...
Аз ҳамроҳи бад ҷудо шуда халос хӯрдан мумкин. Аммо то кӯчида наравад, аз ҳамсояи бад ҷойи халосӣ нест.
Як ҳикояи ибратомез:
Нафаре чӣ шуду ба қарз ғӯтид. Қарор кард хонаашро фурӯшад. Аз рӯйи одоби маъруф хонаашро пеш аз ҳама ба ҳамсоя таклиф кард.
– Шумо, ки ҳамсояи хубед, арзонтар мефурӯшам, – гуфт вай.
– Чаро мефурӯшед?
– Қарздор шудам аз ноомади кор. Напардозам  — намешавад.
– Қарзатон чӣ қадар ва аз кӣ?
Қарздор ба ҳамсоя ҷавобҳои даркориро гуфт.
– Хуб, пагоҳ дароед, гапзанон мекунем.
Пагоҳаш, асное қарздор намудор гашт, ҳамсоя ба гапи асосӣ сар кард:
– Дина бегоҳ рафта, ба одаме, ки гуфтед, қарзатонро баргардондам. Шумо халос. Дар хонаатон бемалол зиндагӣ кунед.
– Ие, ин чӣ кори кардаатон? Охир, андак не, хеле қарздор будам. Ин ба шумо зарари калон-ку?
– Ман инро зарар ҳисоб намекунам,– даҳон кушод ҳамсоя. – Агар аз шумо барин ҳамсояи хуб ва ҳалол ҷудо мешудам, ҳамон буд зарари калони ман...
Ҳамаамонро ба рӯзҳои нек расонаду ба ҳамсояи хуб. Аз «ҳамсояи бад, нагурезам халос намешавам» гуфтан худаш нигоҳ дорад.

Гулчеҳра 
СОТИБОЛДИЕВА,
журналист.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: