ҲАМСОЯИ НАЗДИК ВА ШАРИКИ БОЭЪТИМОД

  • ҲАМСОЯИ НАЗДИК ВА ШАРИКИ БОЭЪТИМОД
  • ҲАМСОЯИ НАЗДИК ВА ШАРИКИ БОЭЪТИМОД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов 20-21 октябр ба ин кишвар бо сафари расмӣ ташриф овард.

Дар қароргоҳи Президенти Туркманистон – маҷмӯи кохи «Оғузхон» 21 октябр маросими тантанавии истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вуқӯъ пайваст. 
Ба шарафи меҳмони олиқадр қаровули фахрӣ саф кашид. Гимнҳои  давлатии ду мамлакат садо доданд. 
Сипас музокироти Президентҳо дар доираи маҳдуд ба амал омад.
Сарони давлатҳо масъалаҳои минбаъд амиқсозии муносибатҳои дуҷонибаро, ки ба робитаҳои бисёрасринаи дӯстӣ ва некҳамсоягии байни халқҳои бародар такя мекунанд, муҳокима намуданд. 
Масъалаҳои минбаъд вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ, нақлиётиву логистикӣ, об, аграрӣ ва ҷанбаҳои дигар мавзӯъҳои асосии гуфтушунид буданд.
Таъкид шуд, ки тӯли солҳои охир бинобар тамоми самтҳои ҳамкории амалии тарафайн пешравӣ ба даст омад. Дар пояи «харитаи амалиёт» муоҳидаҳое, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои дараҷаи олӣ имзо шудаанд, бомуваффақият татбиқ мегарданд. 
Робитаҳои мунтазам ва мубодилаи судманди байни ҳукуматҳо, вазоратҳо ва идораҳо, ҳамчунин минтақаҳои ду кишвар амалӣ мешаванд. 
Шавкат Мирзиёев ва Сердар Бердимуҳамедов изҳори бовар намуданд, ки мулоқоти кунунӣ ба рушди муносибатҳои бисёрҷанбаи шарикии стратегии ӯзбекистониву туркманистонӣ такони наву пурқувват мебахшанд. 
Ҳамчунин табодули муфассали афкор бинобар рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ ба амал омад, аз ҷумла масъалаҳои амиқсозии ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ муҳокима гардид.
Шавкат Мирзиёев ва Сердар Бердимуҳамедов дар ҳайати васеъ бо иштироки намояндагони ду мамлакат гуфтушунид карданд. 
Роҳбари давлати мо бо қаноатмандии бузург вусъати мустақим ва пешрафтро бинобар тамоми самтҳои ҳамкории бисёрҷанба ва муфиди тарафайни ӯзбекистониву туркманистонӣ қайд намуд. 
– Дар тӯли ҳазорсолаҳо халқҳои ӯзбек ва туркман паҳлӯ ба паҳлӯи ҳам зисту зиндагӣ карданд ва ҳамеша барои якдигар такягоҳ буданд, – изҳор дошт Шавкат Мирзиёев. 
Тӯли моҳҳои охир сарони ду давлат, инак бори шашум мулоқот мекунанд, ин нишондиҳандаи равшани муносибатҳои махсуси байни Ӯзбекистон ва Туркманистон аст.
Президенти мамлакати мо хидматҳои бузурги раиси Маслиҳати Халқии Шӯрои Миллии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро дар ташаккулёбии пойдевори  мустаҳками ҳамкории замонавии мунтазам инкишофёбандаи ӯзбекистониву туркманистонӣ зикр намуд. 
Таъкид шуд, ки иқтисодиёт ҳамчун муҳаррики муносибатҳои дуҷониба хидмат мекунад ва бояд барои истифодаи имкониятҳои бузурги кишварҳои мо саъю кӯшиши бештар карда шавад. Чунончи, тӯли солҳои охир савдои тарафайн суръати баланд пайдо кард. 
Ҷонибҳо ба рушди лоиҳаҳои кооператсионӣ эътибори махсус доданд.
Дар бораи пурзӯр кардани кор бинобар ташаккул додан ва татбиқ намудани лоиҳаҳои нав дар секторҳои бартаринок, аз ҷумла саноат, энергетика, соҳаи кимиё ва хоҷагии қишлоқ муоҳида ба имзо расид.
Соҳаи нақлиёт яке аз самтҳои стратегии ҳамкории тарафайн муайян гардид. Сарони давлатҳо ба муоҳида расиданд, ки гузаргоҳҳоро бинобар хатҳои Шарқ – Ғарб ва Шимол – Ҷануб, аз ҷумла бо истифода аз имкониятҳои бандари Туркманбошӣ фаъолона инкишоф диҳанд. 
Дараҷаи ҳамкориҳои тарафайни ду мамлакат дар соҳаи об бо қаноатмандӣ таъкид шуд. Ҷонибҳо якҷоя татбиқи васеъмиқёси Шартнома оид ба дарёи Омуро, ки дар Тошканд имзо шуда буд, таъмин менамоянд. 
Минбаъд беҳтар кардани робитаҳои  байниминтақавӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳои маданиву инсонпарварӣ аз ҷумлаи афзалиятҳо маҳсуб меёбад. Президентҳо зарурияти фаъолтар кардани ҳамкориҳои тарафайнро дар соҳаҳои илм, таълим, санъат, кино ва сайёҳӣ тасдиқ намуданд. 
– Мо муътақидем, ки саъю ҳаракатҳои муштаракамон ба таҳкими дӯстӣ ва некҳамсоягӣ, шукуфоии ду кишвар хидмат хоҳанд кард, – изҳор дошт дар анҷоми гуфтушунидҳо роҳбари Ӯзбекистон. 
Баъд маросими имзогузорӣ ва мубодилаи ҳуҷҷатҳо ба амал омад.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба Баённомаи амиқсозии шарикии стратегӣ имзо гузоштанд.
Ғайр аз ин як қатор ҳуҷҷатҳое, ки беҳтарсозии ҳамкориҳои бисёрҷанбаи ӯзбекистониву туркманистониро пешбинӣ менамоянд, дар сатҳи ҳукуматҳо, вазоратҳо ва идораҳои ду мамлакат, аз ҷумла:
– Нақшаи ҳаракатҳои амалӣ барои солҳои 2022-2024 бинобар фаъол кардани  ҳамкориҳои мулоқоти сиёсӣ, мубодилаи байнипарлумонӣ, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, маданиву инсонпарварии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманистон;
– Муоҳида дар бораи рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи иқтисоди хориҷӣ;
– Муоҳида дар бораи танзими фаъолияти хонаҳои савдо дар ҳудудҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманистон;
– Муоҳида дар бораи ҳамкориҳои  илмиву техникӣ дар соҳаи гидрометеорология;
– Нақшаи чораҳои амалӣ бобати вусъати минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ;
– Муоҳида дар бораи қайди воситаҳои доруворӣ ва маснуоти таъиноти тиббӣ  имзо шуданд.
Ҳамчунин шартномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои электроэнергетика, фаъолияти гумрук, ветеринария ва чорвопарварӣ, кинематография ва самтҳои  дигар қабул гардиданд. 
Бинобар натиҷаи гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ барои намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ брифинг баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ва тамоми халқи бародари туркман барои меҳмоннавозии чун анъана самимӣ миннатдорӣ баён кард. 
Таъкид шуд, ки дар Ӯзбекистон аз комёбиҳои Туркманистон, ки ба шарофати мустақимона татбиқ сохтани сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ таҳти роҳбарии Сердар Бердимуҳамедов татбиқ мегарданд, аз таҳти дил мамнун мебошанд. 
Зикр шуд, ки ба шарофати иродаи умумии сиёсӣ тӯли солҳои охир фароҳам овардани муҳити куллан нави муносибатҳои ӯзбекистониву туркманистонӣ ва ба он додани хусусияти ҳамкории дуҷонибаи стратегӣ имконпазир гардид. 
– Таҳкими минбаъдаи шарикӣ бо Туркманистон ин бартарии ҳамешагии сиёсати хориҷии Ӯзбекистон мебошад, – таъкид намуд роҳбари давлати мо.
Ҷонибҳо мушаххас намуданд, ки асоси шарикии ӯзбекистониву туркманистонӣ ин минбаъд беҳтар кардани робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба шумор меравад. 
Самтҳои бартариноки ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаҳои истифодаи об ва ҳифзи муҳити атроф, пешгирӣ ва аз байн бардоштани оқибатҳои вазъиятҳои фавқулодда муайян карда шуданд.
Муҳимияти идома додани мулоқоти конструктивӣ дар масъалаҳои истифодаи  сарфакоронаи захираҳои оби дарёҳои наздисарҳадии Осиёи Марказӣ таъкид гардид.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ба минбаъд вусъат додани  мулоқоти байнипарлумонӣ ва дипломатияи халқӣ, инкишоф додани  робитаҳои байниминтақавӣ, мустаҳкам намудани алоқаҳои тарафайни маданиву инсонпарварӣ эътибори  махсус дода шуд.
– Мубодилаҳои маданиву инсонпарварӣ ҳамеша санги маҳак, асоси дӯстии бисёрасринаи халқҳои бародари  мо буданд, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Ғайр аз ин ба мақсади васеъ таҷлил намудани сисолагии истиқрори муносибатҳои дипломатии байни Ӯзбекистон ва Туркманистон ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки соли оянда Рӯзҳои тарафайни фарҳанг ва кино, ҷашнвораҳо ва чорабиниҳои дигар гузаронида шаванд. 
Президенти мамлакати мо умумияти мавқеи ду давлатро оид ба масъалаҳои рӯзмарраи сиёсати байналхалқӣ ва минтақавӣ  таъкид намуд. 
Дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, СДТ, ФБНА ва дигар сохторҳои  бисёрҷанба ҳамкориҳои фаъоли тарафайн давом хоҳанд кард.
– Мо ба муоҳида расидем, ки минбаъд низ ҳамкориҳои тарафайни минтақавиро дар доираи Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ мустаҳкамтар намоем, – қайд кард роҳбари Ӯзбекистон.
Ғайр аз ин Президентҳои ду мамлакат оид ба пурзӯр намудани саъю кӯшишҳое, ки ба ҳарчи зудтар муътадил гардидани вазъият ва пешбурди лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ дар Афғонистон нигаронида шудаанд, ба созиш омаданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо раиси Палатаи болоии Парлумони  ин мамлакат Гурбангулӣ Бердимуҳамедов мулоқот кард. 
 – Алҳол Туркманистони бародарӣ дар пояи ҳифзи ягонагии миллӣ ва анъанаҳои таърихиву фарҳангӣ муттасил ривоҷ меёбад. Ин дар тамоми ҷаҳон сазовори баҳои баланд гардид, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Саҳми шахсии Гурбангулӣ Бердимуҳамедов дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва некҳамсоягии байни ду кишвар ва халқи бародар, ҳамчунин хулосаҳои онҳо дар сатҳи амиқсозии шарикии стратегӣ махсус қайд гардид. 
Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки  алоқаҳои ӯзбекистониву туркманистонӣ воқеан намунаи шарикии байни давлатӣ ба шумор мераванд, ки дар онҳо масъалаҳои ҳаллу фаслнашуда нестанд.
 Қайд шуд, ки мулоқоти байнипарлумонӣ омили муҳими қаробати минбаъдаи ду халқ мегардад.
– Мо бояд минбаъд низ имкониятҳои ҳамкории тарафайни байнипарлумониро барои мониторинги иҷрои муоҳидаҳои дараҷаи олӣ самарабахш истифода бубарем, – изҳор дошт Шавкат Мирзиёев. 
Президент Шавкат Мирзиёев ба маҷмӯи ёдгории «Halk hakydasy» («Хотираи халқ») дар шаҳри Ашқобод ташриф овард. 
Маҷмӯъ аз 3 қисм иборат мебошад, ки ба қурбониёни набардҳои Гӯктепаи солҳои 1980-1981, Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва зилзилаи соли 1948-уми  Ашқобод бахшида шудааст.
Дар паси муҷассамаи марказӣ музей воқеъ гардидааст, ки дар бораи ҳодисаҳои фоҷиавӣ нақл мекунад. 
Сарвари давлатамон хотираи фавтидагонро пос дошта, ба пояи ёдгорӣ гулчамбар гузошт ва бо экспонатҳои музей шинос шуда, дар Китоби меҳмонони фахрӣ навиштаҷот гузошт. 
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи сафари расмии худ ба Туркманистон аз Донишгоҳи давлатии ба номи Махтумқулии Туркманистон дидан кард.
Ҷавонон, устодони санъат сарвари давлатамонро бо тантана истиқбол гирифтанд.
Маросими додани унвони Профессори фахрии донишгоҳ ба Президенти кишварамон бургузор гардид. Ректори донишгоҳ Байрамгул Ораздурдиева ва Президенти Академияи илмҳои Туркманистон Аллаберди Аширов ба Шавкат Мирзиёев либоси Профессори фахрӣ ва шаҳодатномаи унвони дахлдорро бо тантана тақдим карданд.
Сарвари давлатамон ба иштирокдорони ҷамъомад рӯ оварда, барои чунин унвони фахрӣ миннатдории самимӣ баён кард. 
Президенти Ӯзбекистон алоҳида таъкид намуд, ки масъалаҳои таълим ва тарбия аз замонҳои қадим ҳамчун пояи таҳаввулот, нерӯе, ки қудрати давлату халқҳоро афзун мегардонанд, хидмат мекарданд. 
– Ояндаи ҳар гуна ҷомеа бевосита ба он вобаста аст, ки насли ҷавони имрӯза то чӣ андоза бомаърифат ва баркамол инкишоф ёфтааст. Аз ин рӯ низ дар Ӯзбекистон чун дар Туркманистон дар низоми таълиму тарбия ислоҳоти куллӣ ба амал бароварда мешавад.
Мақсади мо он аст, ки ҷавонони Ӯзбекистони Нав ҳамчун шахсиятҳои баркамоли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва тафаккури созанда, ки омодаанд барои тақдири Ватан масъулиятро ба зимма гиранд, ба воя расанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев. 
Сарвари давлатамон зимни суханронии худ ба масъалаҳои сиёсати байналмиллалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, эътибори худро ба зарурати муттаҳид намудани саъю талошҳои кишварҳои минтақа ҷиҳати вокуниши саривақтӣ ба чолишҳои нав ва ба таҳдидҳои пайдошаванда ҷалб намуд. 
– Танҳо як роҳи раҳоӣ аз вазъият вуҷуд дорад, – муколамаи созандае, ки дар асоси ба назар гирифтан ва эҳтиром кардани манфиати ҳар як давлат, ҳар як халқ асос ёфтааст, – таъкид намуд Президенти кишварамон. 
Шавкат Мирзиёев дар охири суханаш изҳори боварӣ намуд, ки Донишгоҳи давлатии ба номи Махтумқулии Туркманистон анъанаҳои пуршарафи тайёр кардани кадрҳои баландихтисосро боз ҳам  афзун намуда, хатмкунандагони донишгоҳ ба кори наҷиби рушди минбаъдаи Туркманистон бо шараф хидмат хоҳанд кард. 
Донишгоҳи давлатии ба номи Махтумқулии Туркманистон кӯҳантарин ва калонтарин донишгоҳи мамлакат ба ҳисоб меравад. Он дар пойгоҳи Донишкадаи омӯзгории Ашқобод, ки соли 1931 кушода шуда буд, ташкил шудааст.
Президенти Ӯзбекистон намоишгоҳи ҳаёти донишгоҳро аз назар гузаронд.
Дар донишгоҳ 12 факултет: математика, физика, химия, биология, ҷуғрофия, таърих, забонҳои туркманӣ ва хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва ҳуқуқшиносӣ фаъолият доранд. Дар донишгоҳ зиёда аз 7 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил мегиранд. 
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамроҳи Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов дар маросими ифтитоҳи тантанавии боғи «Тошканд» дар шаҳри Ашқобод иштирок кард. 
Боғ дар хиёбони асосии Махтумқулии пойтахт ҷойгир аст. Дар ҳудуди 3 гектар боғи ландшафтӣ бо гулзорҳо, нусхаҳои миниатюрии ҷойҳои ҷолиби диққати шаҳри Тошканд бунёд карда шудааст.
Сарони давлатҳо бо шароитҳои дар ин ҷо фароҳам овардашуда шинос шуда, ҳамчун нишони орзуҳои нек дарахт шинонданд.
Суруду оҳангҳои миллии халқҳои ӯзбеку туркман иҷро карда шуданд. Президентҳо ба навхонадорон, ки дар ин ҷо тӯйи арӯсии худро ҷашн мегирифтанд, хушбахтӣ таманно карданд.
Дар маросим ҳайатҳои расмии ду кишвар, намояндагони ҷомеаи Ашқобод, ҷавонон иштирок карданд.
Чи хеле, ки маълум аст дар рафти сафари Президенти Туркманистон ба Ӯзбекистон дар Тошканд боғи «Ашқобод» кушода шуда буд, ки таҷассуми риштаҳои мустаҳками дӯстии халқҳои мамлакатҳои мо гардид. 
Дар ин ҷо ҳамчунин маросими ба кор даровардани сохтмони Минтақаи тиҷорати сарҳадии «Хоразм – Дашоғуз» баргузор гардид. 
Сохтмони Минтақаи савдои сарҳадӣ дар қаламрави ҳамшафати ду кишвар дар минтақаи гузаргоҳи «Шовот – Дашоғуз» идома дорад. Майдони умумии он 20 гектарро ташкил медиҳад. 
Баённома оид ба идомаи корҳои созмон додан ва танзими фаъолияти ин иншоот ба имзо расид. Дар ин ҷо бунёди инфрасохтори замонавӣ, аз ҷумла павилонҳои савдо, анбор, майдончаҳои контейнерӣ ва ҷойҳои корӣ ба соҳибкорон ба нақша гирифта шудааст. 
Пирони вилоятҳои Хоразм ва Дашоғуз, шахсони масъул ба воситаи алоқаи видеоконфронс ҳамагонро бо ин рӯйдоди фараҳбахш табрик гуфта, барои оғози кор иҷозат пурсиданд.
Президентҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон ба сохтмон оғоз бахшиданд. 
Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда боз бисёр лоиҳаҳои муштарак амалӣ карда мешаванд, ки ба таҳкими дӯстӣ ва шукуфоии халқҳои мо мусоидат мекунанд. 
Бо ҳамин сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Туркманистон анҷом ёфт.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: