ҲАМСОЯИ ҲАСУД

Марде барои худ хонаи калони зебо харид.

Дар боғи ҳавлӣ дарахтони зиёди мевадор буданд. Дар ҳамсоягии ӯ марде зиндагӣ мекард, ки хасис ва ҳасуд буд. Барори кори дигаронро дида наметавонист. Ҳамеша кӯшиш мекард, то ҳамсояашро нороҳат кунад, ӯро ташвиш диҳад. Бо ҳамин мақсад сатили партовро доим дар қафои дари ҳамсоя мегузошт, ё он ҷо мепартофт.
Рӯзе мард хушҳол аз хоб бархосту ба кӯча баромад, дар пушти дар сатили пур аз партовро дид. Сатилро тоза ва онро аз меваҳои ширини боғ пур кард.
Сатил дар даст дари ҳамсояро кӯфт. Вақте ки ҳамсоя садои дарро шунид, хушҳол шуду дар худ фикр кард, ки ҳамсояаш барои ҷанг омадааст.
Вақте дарро кушод, мард ба ӯ сатили пур аз меваи тозаву пухтаро дода гуфт:
– Ҳар инсон  чизеро, ки аз он бештар дорад, бо дигаре ба ҳам мебинад...

Таҳияи Ф. ФАРҲОДЗОД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: