ҲАМСОЯҲО

Пеш, дар асри бист, замони ҷавонӣ аз пирони рӯзгор мешунидем: «Аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳ».

Абдулҳамид САМАД
(Ҳикоя)

 

Пеш, дар асри бист, замони ҷавонӣ аз пирони рӯзгор мешунидем: «Аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳ». Худо накунаду ягон фалокат руй диҳад, то бародару хешони дур мерасанд, ки ҳамсояҳои меҳрубон ҳама мушкилиро даст ба даст, бе миннат ҳал мекунанд: хешон омада мебинанд, ки назди бино об задаву рӯфта, хараку курсиҳо бонизом мондаву курпачаҳо густарда. Оре, беҳуда ҳикмати «Ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар» набаромадаст. 
– Ҷони гапа гуфтӣ, – ба суҳбат шарик мешуд мӯйсафеде ва андешаманд меафзуд: – Одамҳои дӯстдори Худо ҳамсояи нек меёбанд. Гузаштаҳо таъкид мекарданд: «Хона нахар, ҳамсоя хар».
Чӣ метавон кард, ки бо гузашти умр ва дигар шудани замон фарҳангу қоидаҳои ҳамсоядорӣ низ дигар мешудааст. Солҳои охир ҳамсояҳо зуд-зуд, ба қавле, сарсари бод дигар мешаванд. Пеш агар хонаи нав мегирифтем, аввал ба ҳамсояҳо оши шиносоӣ медодем. Яъне, моро ба ҷамъияти ҳамсояҳо бипазиред: мо шарики шодиву ғами шумоему ба хизмат омодаем... Агар ҳамсояе бо ин ё он сабаб мекӯчид, ҳатман оши хайрухуш медод. Ва кадхудо сари хон бо лутфу меҳр гӯшзад ҳам мекард: «Чанд сол дар як бино, дар як маҳалла зистем, нону намак хӯрдем... Ҳамсоягии хуб доштем... Кас намедонад, ки фардо чӣ пеш меояд, ба нону намаки додаатон розӣ шавед. Фаромӯшамон накунед... Аз шумо дил кандан мушкил. Вале ноилоҷ шудем...».
Рӯзҳои зиёфати ошноиву хайрухуш додан пеш аз шом ба атрофи бино аввал бӯйи хушу иштиҳоовари зирбак, баъд оши палави зирадор паҳн мешуд. Ва ҳамсояҳо таъкид мекарданд, ки ин шом оши хушлаззати хуҷандӣ ё самарқандӣ ё бухороӣ мехӯранд... Аммо хурдсолон, духтаракону писаракони маҳалла ба ҳамсояҳо назару муносибати махсуси худро доштанд. Онҳо ба пирамардону кампиракҳо аз рӯи рафтору кирдорашон меҳр мебастанду ном мегузоштанд. Амаки Нодирро «Падари Лада» меномиданд. Нодир писару духтар, набера дошт. Фарзандони хубу баодоб. Лекин Лада номи саги хурдакак, қаҳваранг, орому нармнигоҳи ӯ буд. Чун мӯйсафед Ладаро ба сайр мебаровард, ҳайвонак сӯйи касе ак-ак намекард. Даме ҳавои тозаро шамида, хамёзае кашида, гӯшу дум меҷунбонд, сипас ин тарафу он тараф метохт, баъзан болои сабзаҳо бо шавқу ҳавас ғел ҳам мезад. Дар ин маврид хурдсолон бо ҳаяҷон «Лада, Лада» гӯён аз пасаш тохта, дӯстдорияшонро ба сагча ба ҳар дастур ифода мекарданд. Бештар гирди ҳайвонак давра ороста, сари по истода, бо навозиш ба сару тахтапушташ даст мерасонданду аз ин шоду масрур мешуданд. Ва худро меситоиданд: «Ба ман нигоҳ кард, дастамро нагазид, думашро ҷунбонд». Амаки Нодири камсухан аз дур ба ин манзара мамнун чашм давонда, лаззат мебурд. 
Баногоҳ аз роҳрави охири бинои  дароз ба саҳни ҳавлӣ тозону мияв-миявкунон баромадани гурбаҳои хурду бузург дар саҳни бино ҳангомаи дигар барпо мекард. Бачаҳо бо шавқ он сӯ медавиданд. Аз ҳама охир бибии пишакҳо – холаи Маша гурбаи пахмоқмӯйи бузург дар оғӯш, кулоҳи нимдошти лабҳояш каҷу килеб якшоха дар сар, асоча дар даст бафурҷа мебаромад. Вай назди роҳрав даме истода, аз паси айнакҳои сиёҳфомаш ба чор тарафи осмон озмоишкорона менигарад, сипас гурбаро аз оғӯш мераҳонад. «Бирав, ҳамҷинсонро соҳибӣ бикун. Боз ягон саг озорашон надиҳад». Пишаки фарбеҳи пахмоқмӯй худро шери ҷаҳон нишон медод. Зангӯлаи нуқрагини дар гардан овезонаш ба ҳар қадамгузории бо кибру ғурураш, ҷингир-ҷингиркунон садо бароварда, диққати хурдсолону роҳгузаронро ҷалб мекунад. Тохтутози гурбаву гурбачаҳо ва шодиву фарёди кӯдакон ба саҳни бино ҷони тоза мебахшад. Ва ин лаҳза аз балкони ошёнаи чоруми бинои муқобил ҳаф-ҳафи пиронаи Багира – саги бузурги сип-сиёҳи Наҷмиддин – воқеан нусхаи Багираи «Маугли» – ба атроф чун ҳушдор паҳн мешавад. Хомӯшӣ ба миён меояд. Хомӯшии пурасрор. Сипас чакидани марғуладори Бабр – саги бузургҷусса ва раху доғҳои ҳаррангаи пӯст, ҳайбати сару гӯш ва даҳону дандонҳои палангмонанди Заур аз балкони қабати дуюми бинои мо мағрурона танин меандозад: «Ман ҳам ҳастам!» Бонги хатар. Гурбаи пахмоқмӯйи фарбеҳ даба-даба давида, бо садои зангӯла дигар ҳамҷинсонро аз пасаш хонда, назди Маша мерасад. Гурбаҳо тозон омада, озодона баъзе болои кифту шонаи Маша – соҳибу сипари боэътимодашон мебароянд. Гурбачаҳое тарсон аз рӯйи савқи табиӣ ҳадаҳа ба танаи дарахтон часпида, ханҷолкашон ба нӯги онҳо мебароянд. Ҷойи аз ҳама дилпури аз чангу дандони сагҳо раҳидан. Маша аз бахилии сагҳо норизо, ҷониби варзишгоҳ роҳ пеш мегираду гурбаву гурбачаҳои аз дарахтон чолокона фаромада ва кӯдакони кунҷков аз пасаш. Сайри Маша-хола бо лашкари гурбаҳо ва тамошои пуршавқи бачаҳо.
Баъд гирдбоди рӯзгор ҳодисаҳои нохушу ғамангези афзун пеш овард. Моҷароҳо ба майдонбозӣ, кинаварзиву гирудорҳо табдил ёфтанду зиндагии мардумро талху нохуш сохтанд. Парокандагӣ... Ҳамсояҳои нав пайдо шуданд; гӯё олами дигар, одамони булаҷаб. Андому рафтору номҳояшон ҳайратовар. Ҷавон, лундарӯ, балки ношустарӯ ва гарданғафсу шикамдор. Риши онҳо шабеҳи хор ё сихи хорпуштон ба чашми хурдсолон бимовар менамуд. Шунидани номҳояшон нохуш: Аждар, Гуроз, Кобра... Магар аз ин ҳамсояҳо оши ошноӣ ё хайрухуш умед мекунӣ? Ҳамаи он меҳрубониҳо чун хобу хаёл ё расми зиёдатӣ фаромӯш шуданд. Акнун тантанаи бо путк кӯфтани девори хонаҳо, бо асбобҳои муқтадири барқӣ парма кардану шикофтани фаршу сақфҳо авҷ гирифт. Биноҳо гӯё ба лонаи кандану афкандани устоҳои навбаромада «Евротаъмир» табдил ёфтанд. Садои гӯшхарош, ғур-ғур, тур-туру кур-кури асабхаробкунанда моҳҳо аз субҳ то шом идома меёбад. Дигар арку гунбаз ва «Тоҷмаҳалсозӣ» дар дохили хонаҳои  баландошёна ривоҷ ёфт. Намоиши дороӣ ва нишон додани меҳр ба бонуҳои пурноз. Пулмастҳо мехостанд, ки хишти ҳуҷраҳояшонро ба хишти тиллоӣ иваз кунанд. Ҳо, давру давронашон. Касе касеро ба сари инсоф даъват бикунад, албатта, чунин ҷавоб мешунид: «Хонаи ман қасри ман аст. Ҳар коре хоҳам, мекунам!».
Субҳе хабари нохуш расонданд. «Калламуш» мурд. Дар саҳни бино гирд омадем. Ҳамсояҳои шӯхтабиат пурсиданд: «Кадом «Калламуш»? Дар куҷо? Ин замон «Калламуш» зиёд шуд...»
– Калламуши худамон... Устои таъмиргар... Дар хонаи худаш...
– Чӣ дард дошт?
– Дарди шикастану шикофтану буридан...
– Таъмири хонаи худашро ба охир нарасонда? 
– Оре. Гумон надошт, ки ногаҳон мемурад...
– Умре ҷони сиёҳ канду ҷони ҳамсояҳои пиру дардмандро ба лаб овард. Беинсоф хотир намедид... Акнун дороияш насиби шавҳари нави занаш мешавад...
– Лекин васияташ аҷиб «Бо асбобҳои устоиям гӯрам кунед. Дар он дунё лозим мешаванд...»
– Э не... Буҳтон ҳам андоза дорад, – эътироз кард ҳамсояе.
– Бовар накунед, аз занаш пурсед. «Бе асбобҳо дар гӯр зиқ мешавам» гуфтааст. Нолаву гиряи занашро шунавед: «Дареғи шавҳари панҷ ангушташ ҳунару ҷонкоҳонаме...»
– Дар ҳақиқат ба дарди шикастану буридану пармакунӣ сахт гирифтор буд. Гӯё аз фаршу деворҳо хазинаи гумшудаи падарашро меҷуст. Барои ҳамин «Калламуш» лақаб гирифт...
– Акнун чӣ кор мекунанд? 
– Иҷро. Ба ҷо овардани васият ҳатмист. 
– Сафари охират. Дигар нахоедаш... Ҳар хеле буд, рафт. Аз паси мурда зикри хайр беҳтар, – таъкид кард раиси маҳалла: – аз пайи маросими ҷаноза, гӯру чӯб мешавем...
Ҳамсояҳои нав ду ангушт дар бинӣ не, бо ҳангома меомаданд: бо мошинҳои сабукрави қиматбаҳои шишасиёҳи бузургу ҳарранга. Аз қадами аввал талошашон барои соҳиб шудани замини рости роҳрав ва паси бино оғоз ёфт. Аз бозори сиёҳ коргар оварда, ниҳолаку гулбуттаҳои пешинаро канда, бо сангу симонт ҷойи шабонарӯзии мошинмонӣ сохта, атрофаш сутунчаҳои оҳанӣ шинонда, бо занҷирҳои ранга печонида, қулфу калид мекарданд. Дар паси бино, ба гуфти худашон «бошишгоҳи роҳату суҳбат» бо чӯбкориву кату курсиҳо бунёд карданд. Ободӣ! 
Деги суҳбат ҳамеша дар ҷӯшу дуди кабоб дар осмон, садои ханда ва суханҳои бепардаву фаҳш дар хурӯш. Гоҳе саҳнаҳое кӯбокӯб, бо доду фиғон, сару пои луч гурехтани ҷинсҳои латиф ҳамаро дар ташвиш мегузорад. Аммо кӣ ҷуръати эътироз дорад? 
Не, ғур-ғуру нафрати пирон пайваста ба гӯш мерасад. Мегуфтанд, ки Худо одамро аз хок офаридаасту боз ба хок мебарад. Лекин ҳирси ғасби хоку замин то мурданаш мешаваду кам не. Агар чашми баъзеҳо пас аз мурдан пӯшида нашавад, ба он каме хок мепошанд: қаноат, ки накардӣ, аз хоки гӯр сер бишав! «Чашми танги дунёдорро ё қаноат пур кунад ё хоки гӯр».
(Давом 
дорад).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: