ҲАМВАТАНИ МО ДАР ҚАСРИ ЭСТЕРХАЗИ АВСТРИЯ БАРОМАД МЕКУНАД

19 сентябр дар қасри Эстерхази шаҳри Айзенштадт консерти мусиқии Гайдн, Шуберт ва Бетховен, ки ба таърих ҳамчун классикони Вена дохил шудааст, баргузор мешавад.

19 сентябр дар қасри Эстерхази шаҳри Айзенштадт консерти мусиқии Гайдн, Шуберт ва Бетховен, ки ба таърих ҳамчун классикони Вена дохил шудааст, баргузор мешавад.

Ҳамватани мо, хатмкунандаи литсейи академии махсуси ҷумҳуриявии мусиқии ба номи В.Успенский дар шаҳри Тошканд, пианинонавози моҳир Роман Рабинович дар консерти клаверии асарҳои бастакорони машҳури байни се пианинонавоз дар қасри машҳури Эстерхаз баромад хоҳад кард.
«Дар ин консерти беназир дар қасри Эстерхази дӯстдорони мусиқии Гайдн, Бетховен ва Шуберт аз маҳорати иҷрогарии се мусиқии ҷавони барҷаста, ки дар тӯли солҳои охир дар амал худро озмуданд, таассуроти фаромӯшнашаванда мегиранд», менависад манбаи интернетии Австрия.
Бояд қайд кард, ки мусиқанавози ҷавон ва боистеъдоди ӯзбекистонӣ тавонист дӯстдорони мусиқии ИМА, Канада, Русия ва кишварҳои Аврупоро мафтун  кунад. Вай ғолиби озмуни 12-уми байналмилалии устодони фортепианои ба номи Артур Рубинштейн мебошад.
Дар мақолаи нашрияи бонуфузи «The NewYork Times» соли гузашта иҷрои вай «фавқулодда таъсирбахш» номида шуд.

АИ  «Дунё»

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: