Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба қарор «Дар бораи чораҳо оид ба такмили минбаъдаи низоми дастгирии ҳамватаноне, ки саъй менамоянд дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамон фаъолона иштирок кунанд» имзо гузошт.
Қарор ба дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҳамватанони бурунмарзӣ, муттаҳид кардани онҳо дар атрофи Ватани таърихӣ, баланд бардоштани ҳисси ифтихор дар дилу зеҳни онҳо, ҳифзи худшиносии миллӣ ва густариши муколамаи доимӣ бо онҳо нигаронда шудааст.
Ҳамватан шахсест, ки аз зодагони Ӯзбекистон мебошад, ё худро ҳамчун ӯзбек ё қароқалпоқ аз лиҳози мансубияти этникӣ, забонӣ, фарҳангӣ-таърихӣ муаррифӣ мекунад, барои рушди робитаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва дигар муносибатҳо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон кӯшиш менамояд, инчунин ворисони он ба ҳисоб меравад.
Бо ҳуҷҷат ҷорӣ намудани шаҳодатномаи «Ватандош» ва корти «Ватандош» пешбинӣ шудааст, ки инҳо ба ҳамватанон ҳуқуқу имтиёзҳои иловагӣ медиҳанд.
Шаҳодатномаи «Ватандош» ба ҳамватанони бурунмарзӣ барои иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамон дода мешавад ва барои гирифтани корти «Ватандош» асос мебошад. Корти «Ватандош» дар шакли ID-корт ба муҳлати то 5 сол дода мешавад.
Шаҳодатнома ба ҳамватаноне дода мешавад, ки саҳмия (ё ҳисса) харидаанд, дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон корхонаҳои хориҷӣ ё муштарак таъсис додаанд, ё ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва баланд бардоштани обрӯи мусбати Ӯзбекистон дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузоштаанд.
Ҳамватаноне, ки шаҳодатнома ва корт доранд, ба ҳуқуқу имтиёзҳои зерин соҳиб мешаванд:
– воридшавӣ ва баромади бевиза ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
– ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ бе ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи фаъолияти меҳнатиро тасдиқ мекунанд, шаҳодатномаи зист дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон талаб карда намешавад;
– ҳангоми харидани амволи ғайриманқул, меъёри арзиши барои шаҳрвандони хориҷӣ муайяншуда татбиқ намешавад;
– дастрасии ҳамватанон ва аъзои оилаҳои онҳо ба хидматрасониҳои тиббӣ, таълим ва дигар хидматрасониҳои давлатӣ, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудаанд;
– гирифтани раводиди бисёркарата ва дароз кардании муҳлати амали он бе пардохти боҷи давлатӣ ва бе зарурати хориҷ шудан аз қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
– бақайдгирӣ дар маҳалли зисти муваққатӣ бе пардохти боҷи давлатӣ.
Қарор дар бораи додани шаҳодатномаи «Ватандош» аз ҷониби мақомоти байниидоравии коллегиалӣ – Комиссия қабул карда мешавад.
Ҳуқуқу имтиёзҳое, ки бо ин қарор фароҳам оварда мешаванд, идомаи мантиқии корҳо оид ба ҳавасмандгардонии ҳамватанон мебошанд, ки ба рушди кишвари мо саҳми арзанда мегузоранд.
Ба вазорат ва идораҳои дахлдор дастур дода шудааст, ки иҷрои вазифаҳои дар ҳуҷҷат пешбинишударо таъмин намоянд ва ба санадҳои зериқонунӣ тағйироти зарурие, ки аз он бармеоянд, ворид кунанд.