ҲАНГОМАИ РӮЗНОМАНИГОРОН

МӮЪҶИЗА

Дар арафаи иди ходимони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ дар идораи “Гулобод тонги” мӯъҷиза рӯй дод. Аниқтараш,  кактуси котиби масъул Тошпӯлод Юсуфов ба тарзи ноанъанавӣ сабзид. Тошпӯлод пай бурд, ки сабзиши гул ба навиштаҷоти арабӣ шабоҳат дорад.  Дигар ҳамкорон низ фикри ӯро тақвият доданд.
– Шумо инсони худогоҳу худотарс ҳастед, – гуфт ҳисобдори рӯзнома Назифа, – барои ҳамин маҳз кактуси кабинети шумо чунин намуд гирифтааст. Вале ҳамин навъ кактус дар кабинети мо рост рӯйидааст.
– Ин мӯъҷиза, – иброз дошт муҳаррир Нормурод Каримзода. – Аҷоиботи табиат ба кас илҳом мебахшад.
– Ин гул сахт тарсидагӣ, – бо оҳанги қатъӣ гуфт ҳуруфчин Азиза. – “Агар сар боло кунам, аз болоям оби нос” меояд, гуфта аз тубак берун шудагӣ. Тошпӯлодамак рӯза медоранд, намоз мехонанд, барои ҳамин ба калимаи “Аллоҳ” монанд аст. 
– Шумо инсони худоназаркарда будаед, – ба гул нигариста гуфт мухбири ҷамоатӣ, шоира Гуландом, ки ҳуруфи арабиро хуб медонист. – Дурусттар зеҳн монед, вожаҳои “Аллоҳ”, “Илоҳ” ва “Бисмиллоҳ” монанданд.
Чаро чунин шакл гирифтани гул ҳанӯз маълум нест. 
 
ОДАМИ ХУБ БУДАНД...

Собиқадори соҳаҳои маориф ва матбуот, шоир Мирсафо Камолӣ мухлиси доимӣ ва дилсӯзи рӯзнома аст. Аз ҳама пеш ба рӯзнома обуна мешавад ва ҳамдеҳагонашро низ ба ин кор ташвиқ мекунад. Нисбати рӯзномаи «Гулобод тонги” бефарқ нест. Ҳар ҳафта, баъди мутолиаи рӯзнома занг зада, фикрашро баён мекунад.
Ҳангоми вохӯрӣ бо ходимони идораи мо ӯ аз вазъи саломатии наздиконаш, ки онҳоро ба хубӣ мешиносад, пурсон мешавад. 
– Падари шумо, Худо раҳмат кунад, устоди ман буданд, – гуфт боре ба ҳисобдори рӯзнома Назифа. – Овози хуб доштанд. 
– Ҳа, дуруст гуфтед, – аз илтифоти Камолӣ хурсанд шуд ҳисобдор, – дар хона сурати шумою падарам ҳаст. Шумо ҳам аз деҳаи мо-дия.
Рӯзе поччои Назифа аз олам гузашт. Ӯ бо либоси азодорӣ ба кор омад. Мирсафо Камолӣ чун одат ба ҳар кабинет сар халонда, аҳволпурсӣ мекард. Ҳангоми вохӯрӣ бо Назифа худро ғамгин вонамуд кард.
– Худо ба шумоён сабр диҳад, – ҳамдардӣ изҳор  намуд Камолӣ. – Раҳматӣ одами хуб буданд. Аз дасти банда ҳеч кор намеомадааст. Ҳамаамон дар ин дунё – меҳмон. 
Ин мулки ҷаҳон ба кас намонад 
ҷовид,
Рафтанду равему боз оянду 
раванд. 
Аз марг ҷойи гурез нест, хоҳарам. Бардам шавед.
Камолӣ хайрухуш намуда, аз дар берун баромад ва пас аз фурсате дарро кушода гуфт:
– Дилрабо, як дақиқа шуморо мумкин?
Вақте ман берун баромадам, дарро пӯшида, оҳистекак пурсид:
– Ойтӣ ба кӣ азо доштагӣ?
– Муаллим, ҳозир худатон ҳамдардӣ изҳор карда, гуфтед, ки одами хуб буданд. 
– Акнун ҳамин хел нагӯям намешуд-дия. Падарашон устод ва ҳамдеҳаи ман. Хешу табори устод аз олам гузараду ман бехабар монам, айб-дия.
– Поччояшон вафот кардагӣ...
– Мешиносам, мешиносам, дар ҳақиқат одами хуб буданд. Афсӯс...

ҲАР ЧӢ ГУФТ, «ҲА» ГУФТАМ...

Омӯзгор ва услубшиноси собиқадор Исматулло Аҳрорқулов гоҳ-гоҳ хабару мақола менавишту ба таҳририят меовард ва он рӯйи чопро медид. Ӯ чунон тез гап мезанад, ки агар бодиққат гӯш накунед, мақсадашро намефаҳмед. 
– Дилрабо, акнун ба забони ӯзбекӣ ҳам мақола навиштаниам, – гуфт рӯзе. – Аз кӣ маслиҳат пурсам?
– Аз котиби масъули рӯзнома Тошпӯлод Юсуфов! – ҷавоб додам ва корамро давом додам.
Одатан мулоқоти Тошпӯлод Юсуфов бо мухбирони ҷамоатӣ бо баҳсу талош сурат мегирифт. Овози ӯ ҳатто аз беруни идора ҳам шунида мешуд. Ин дафъа ин хел нашуд.
– Тошпӯлодака одами аҷоиб буден-а? – гуфт баъди баромадан Исматулло. – Маслиҳат пурсам, гап намезананд. Ба ҳама фикрам розӣ шуданд. Пагоҳ мақола навишта меорам.
Баъди рафтани Аҳрорқулов Тошпӯлод Юсуфов гуфт:
– Исматуллоака одами аҷиб будаст-а? Гапи ӯро чӣ хел мефаҳметон? Агар ягонта гапашро фаҳмида бошам. Ҳар чӣ гуфт, «ҳа» гуфта, сар ҷунбондам!

«БАРАКА ЁБЕД»

Баъди ҷамъомади навбатӣ мақолаҳои мухбири ҷамоатии рӯзнома Ҳоҷӣ Қамар Муаззамов мавриди муҳокима қарор гирифт.
– Дар ҳар шумора навиштаҳои Ҳоҷӣ Қамар Муаззамовро додан мумкин не! – хитоб кард муҳаррир Нормурод Каримзода. – Агар мақолаи зарурӣ бошад, гапи дигар. 
– Ман ҳам дилгир шудам, муаллим, – асабиёна иброз дошт Тошпӯлод Юсуфов, – ҷумлаҳо по дар ҳаво, фактҳо нопурра. То таҳрири он хуни ҷигар мешавам!
Ин вақт Ҳоҷӣ Қамар Муаззамов ба идора омад. Ӯро ба маҷлис даъват намуда буданд.
Меҳмон чун одат даст ба дуо бардошт. Тошпӯлод Юсуфов, ки хеле асабӣ буд, ба ӯ ало-ало нигоҳ мекард, ки зудтар даст ба рӯй кашида, ба мақсад гузарад.
– Ҳоҷибобо, ҳозир масъалаи навиштаҳои шуморо муҳокима менамудем, ки худатон омадед, – гуфт Тошпӯлод. – Ба марди танҳо душвор, мефаҳмем. Аз зиқӣ коғазро сиёҳ мекунед. Дар пирӣ, ба қавли халқ, ин «эрмак». Лекин мо дар таҳрири он азоб мекашем...
– Раҳмат ба шумо! Илоҳо, ҳоҷибобо шавед!
– Муллоамак, – ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд ҳуруфчин Азиза. – Хататонро базӯр хонда, бо азобе чоп мекунам...
– Барака ёбед!
– Гӯш кунед, муллоамак, – суханашро давом дод Азиза, – баъди чоп навиштаҳоятон ба лолазор табдил меёбад. Тошпӯлодамак таҳрир мекунанд. Вақти ислоҳ аз диққат кардану хондани он оби чашмонам меравад.
– Барака ёбед!
– Илтимос, ҳоҷибобо, барои худатон машғулоти дигар ёбед, – хоҳиш намуд Тошпӯлод. – Аз таърифи гиёҳҳо дилгир шудем!
– Хуб-хуб, – даст пеши бар гузошта нимхез шуда, таъзим намуд Ҳоҷӣ Қамар Муаззамов. – Акнун дар бораи гиёҳҳо наменависам. Дар бораи анор навишта омадам! 
 
Дилрабо НАСИМӢ,
вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: