Ҳангомаҳои момои Тӯйбика

Латифа

Ҳангомаҳои момои Тӯйбика

Вақте ба деҳа бори нахуст мошин омада буд, воқеаи аҷиб рух додааст. Бобои Самосӣ ба кампираш – момои Тӯйбика бо завқ хабари овардани мошинро расонд.
– Мошинатон чӣ? – пурсид момои Тӯйбика.
– Мошинаш мошин-дия, рафта бин, дар ҳавлӣ истодааст,– ҷавоб дод бобо. 
Момои Тӯйбика ҷуссаи мошинро дида, дилаш ба он сӯхт. Зуд аз охур як банд алаф ва аз ошхона як сатил обро оварду пеши мошин гузошта, гуфт: 
– Гир, бачам, аз роҳи дур омадӣ!  
***
Момои Тӯйбика вақте бори нахуст вориди мошини домодаш гардиданӣ шуд, ҳайрон ба кабинаи он чашм давонд. Пойгоҳи тозаю озода, курсии бароҳати онро дида, оҳиста калӯшҳояшро дар замин гузошта, даромад. Ҳамин ки ба манзили мурод расиданд, хост аз мошин фурояд. Вале вақте ба замин нигарист, дид, ки калӯшҳояш нестанд. Оҳиста аз домод пурсид:
– Писарам, калӯшҳомро намеёбам.
– Чӣ хел калӯш? Онҳоро куҷо кашида будед? – пурсид домодаш.
– Бачам, мошинат топ-тоза намуд, калӯшамро дар заминак кашида монда будам,– ҷавоб дод момо.
***
– Ана, аз моҳонаи моҳи январ ба худам анҷоми даркорӣ мегирам, аз моҳонаи феврал бошад, ба очетон,– гуфт Бобои Самосӣ ҳангоми хӯроки бегоҳирӯзӣ. Миёни бачаҳо шӯру мағал бархост. Яке моҳонаи марту дигаре моҳонаи апрелро «банд» карданд.
Ногоҳ чашми бобо ба набераи мактабхонаш Насиба афтод, ки ғарқи дарстайёркунӣ буду чизе намегуфт.
– Бачам, барои чӣ ту хомӯшӣ, гап намезанӣ,– пурсид бобо.
– Бобоҷон, ман ҳисоб карда баромадам, имсол ба ман навбат намерасидааст,– ҷавоб дод набера.
***
Момои Тӯйбика ба тарафи наберааш нигоҳ карда, бо лаҳҷаи софи маҳаллӣ гуфт:
– Гир, бачам, ин мол-полҳора ба адир-падир бурда, атар-патарҳора чах-пах занонда, вақти абед-пабед гирифта биё!
Наберааш ҳам паст наомада гуфт:
– Момоҷон, ҳамин мол-полҳора об-поб дода, ба наздашон  ем-пем, хошок-пошок андохта монам, намешавад?
***
Момои Тӯйбика аз наберааш Насиба, ки дарс тайёр мекард, пурсид:
– Бачам, дар миёни Замину Осмон чӣ ҳаст?
– Пайвандаки «у»,– ҷавоб дод Насиба.

Ҳ. ҲИКМАТОВ,
омӯзгори мактаби миёнаи рақами 30-юми ноҳияи Нурато.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: