ҲАНГОМИ ТАТБИҚ НАМУДАНИ ЛОИҲАҲОИ САРМОЯВӢ ШАФФОФИЯТ ВА ҲАҚҚОНИЯТИ ОНҲО ТАЪМИН КАРДА МЕШАВАНД

Президенти мамлакати мо Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни шиносоӣ бо лоиҳаҳои сармоявие, ки соли 2019-ум дар Тошканд татбиқ мегарданд, дар назди прокуратураи шаҳр оид ба маниторинг ва назорати татбиқсозии онҳо вазифаҳои муҳим гузошт.

Минбаъд прокуратураи шаҳр тамоми давраҳо: аз ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сармоягузорон то ба истифода супурдани лоиҳаро назорат мекунад, ки ба таъмин сохтани шаффофият ва ҳаққонияти онҳо, дар ҷараёни расмикунонӣ ва татбиқсозии лоиҳаҳо роҳ надодан ба тамаъгарӣ мусоидат хоҳад кард. 
Прокурори шаҳри Тошканд Шерзод Облоқулов дар бораи низоми нави дастгирӣ ва рағбатноксозии сармоягузорон ба хабарнигори ӮзА ҳикоя кард.
– Мувофиқи супоришҳое, ки Президент ҳангоми сафараш ба ноҳияҳои пойтахт дод, дар доираи Барномаи рушди маҷмӯии шаҳр дар солҳои 2019-2020-ум татбиқ намудани зиёда аз 270 лоиҳаҳои сармоявӣ пешбинӣ шудааст. Онҳо имкон медиҳанд тақрибан 37 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам оянд. 
Вазифаи мо аз ҳифзи манфиатҳои қонунии соҳибкорон, аз ҷумла, сармоягузорони хориҷӣ иборат аст, ки ба иштирок дар татбиқсозии лоиҳаҳои мазкур, таъмин сохтани шаффофияти онҳо, пешгирии бюрократизм ва тамаъгарӣ омода мебошанд. Хулоса, вазифаҳои якҷо бо сармоягузорон таъҷилан кор бурдан ва саривақт ҳаллу фасл кардани мушкилоти онҳо пеш истодаанд.
Бо ин мақсад фармоиши муштараки ҳоким ва прокурори шаҳри Тошканд бинобар ташкил кардан ва беҳсозии мониторинги иқлими сармоявӣ дар пойтахт қабул гардид.
Мувофиқи фармоишот гурӯҳҳои кории шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба мониторинги саривақт иҷро намудани лоиҳаҳои сармоявӣ ташаккул дода шуданд. Ин гурӯҳҳои корӣ бобати аз байни бардоштани мушкилоте, ки дар ҷараёни татбиқсозии лоиҳаҳо ба миён меоянд, чора меандешанд, ба сармоягузорон кӯмакҳои ҳуқуқӣ пешниҳод мекунанд. Гурӯҳҳои кории ноҳиявӣ дар ҳар 15 рӯз ба гурӯҳҳои кории шаҳрӣ дар бораи татбиқ шудани лоиҳаҳои сармоявӣ ҳисобот медиҳанд. Ин ҷараён ба пешгирӣ кардан ва аз байн бардоштани омилҳое, ки ба фаъолияти самарабахш монеа мешаванд, мусоидат хоҳад кард. 
Ҳокимони ноҳияҳо, роҳбарони секторҳо низ барои кӯмакрасонӣ ба сармоягузорон ба ҳаллу фасли таъҷилии мушкилоти ба миён омада масъул мебошанд. 
Прокуратураи шаҳри Тошканд ба ҷонибдории ҳамаҷонибаи сармоягузорон аҳамияти махсус медиҳад. Ҷадвали вохӯриҳои прокурор бо сармоягузорон дар ноҳияҳо тасдиқ гардид, ки бо мақсади таъмин сохтани иҷрои саривақтии лоиҳаҳо, муқаррар намудани назорати мунтазами прокурории фаъолияти гурӯҳҳои корӣ, шунидани ҳисоботи онҳо, таъҷилан ҳаллу фасл кардани мушкилот гузаронида мешаванд. 
Дар асоси он мо дар ноҳияҳо бо ҳар кадом сармоягузор сӯҳбат мегузаронем, таклиф ва фикру ақидаҳои онҳоро мешунавем. Дар мавриди ба миён омадани мушкилот онҳоро дар доираи ваколатҳои худ таъҷилан ҳаллу фасл менамоем.
Як мисол: ба наздикӣ дар ноҳияи Мирзо Улуғбек бо сармоягузорон мулоқот кардем. Роҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Uzakay Indhaat» Айжан Думан, ки лоиҳаҳои оид ба сохтмони хонаҳои замонавии истиқоматии арзишашон 15 миллион долларинаро дар чорроҳаи кӯчаҳои Қорӣ Ниёзӣ ва Лашкарбегӣ татбиқ менамояд, дар бораи мушкилоти ба миён омада ҳангоми ба шабакаҳои электрӣ васл кардан сухан гуфт. Дар натиҷаи чораҳое, ки аз ҷониби прокуратураи шаҳр амалӣ шуданд, қитъаҳои сохтмон мувофиқи тартиби муқарраршуда ба шабакаҳои энергетикӣ васл гардиданд. 
Мо ҷараёни корро аз замони тасдиқ гардидани лоиҳа то ба истифода супурда шудани он назорат мекунем. Мақсади мо ягона аст, бояд сармоягузор ҳамаҷониба ҳифз гардад, тамаъгарӣ ва монеаҳои сунъӣ дар соҳаи сармоягузорӣ аз байн бардошта шаванд. Мо мувофиқи супориши роҳбари давлат ба ин нуқсонҳо роҳ намедиҳем. 
Тавре ки Президент дар Муроҷиатномааш ба Олий Маҷлис қайд намуд, таҷрибаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки эътидол ва рақобатбардории иқтисодиёти миллӣ танҳо ба он кишварҳо даст медиҳад, ки сиёсати фаъоли сармоявиро амалӣ менамоянд. Бинобар ҳамин ҳам сармоягузориҳо некӯҳолии халқи моро таъмин мекунанд. 

Мусоҳиб 
Улуғбек АСРОРОВ,
хабарнигори ӮзА.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: