Чанд рӯз пеш дар шаҳри Катовитсаи Полша анҷумани байналхалқӣ оид ба иқлим зери шафоати Созмони Милали Муттаҳид ба анҷом расид.
Аз гузоришҳо ва суханрониҳое, ки дар он шунида шуданд, барои хотирҷамъӣ ва дилпурӣ барои ояндаи тоза ҳеҷ заминае намегузоранд.
Бояд гуфт, ки ин ҳамоиш пас аз се соли чунин анҷумани Париж баргузор гардид ва ба таври худ як натиҷагирӣ аз он қарорҳо буд. Бояд гуфт, ки мамлакатҳои иштирокдори анҷумани Париж ӯҳдадориҳое, ки ба дӯши худ гирифта буданд, аксарияташон онро иҷро карда натавонистаанд. Тибқи қарори ҳуҷҷати Париж давлатҳои иштирокдори он дар ин се сол партови гази ангидриди карбонро ба маротиб мебоист кам мекарданд. Барои маълумот бояд гуфта шавад, ки ин газ омили асосии гармшавии иқлими ҷаҳон ба шумор меравад ва он аз сӯхти бензину ангишту мазут ва ҳар гуна газ ҳосил мегардад.
Маълумоти Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ нигаронкунанда аст. Тибқи маълумоти он соли 2017 баръакси ҳама ҳуҷҷатҳои қабулгардида обу ҳаво дар сайёра боз боло рафта, ҳоло ҳеҷ нишонаи хушбинӣ ба назар намерасад, ки соли ҷорӣ ва ё соли оянда мисли 2017 барои мо рекорди нави гармиро падид наорад.
Барои қишри авом ҳам маълум аст, ки сабаби гармтар гардидани ҳавои сайёра дар чист. Тамоми корхонаҳои тавлиди саноатие, ки бо сӯхтани энергияи гармӣ кор мекунанд, аз худ ҳазорҳо тонна гази зарарнокро ба ҳаво мепартоянд. Аз ҷиҳати дигар, кам кардани ин партов ба иқтисодиёти корхонаву мамлакатҳо аз лиҳози моддиву иҷтимоӣ таъсири манфие дар пай дорад. Зеро кам кардани истихроҷи газу ангишт ва нафту мазуту дигар анвои сӯхтанӣ на танҳо дар чоҳу корхонаҳову конҳои ин маводи сӯхтанӣ, балки дар саноати истеъмолгари он низ ба ихтисор гардидани ҷойҳои корӣ ва дар натиҷа ба мушкилоти иҷтимоӣ мувоҷеҳ гардидани миллионҳо одамон мегардад.
Бигирем, ҳамин мамлакате, ки вазифаи мизбонии ин анҷуманро ба ӯҳда дошт. Дар айни ҳол дар Полша беш аз 80 фоизи энергияи электрикӣ аз сӯхтани ангишт ҳосил карда мешавад. Барои истихроҷи ангишт бошад, 500 ҳазор нафар коргар меҳнат мекунанд. Тасаввур кардан мушкил нест, ки дар сурати баста шудани конҳо ва аз кор мондани неругоҳҳои барқу дигар корхонаҳои саноати вазнини истеъмолгар зарари иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат ба чӣ андоза фоҷиаангез мегардад.
Бо вуҷуди ин ки Аврупо дар як соли охир партови гази зарарноки ангидриди карбонро ба 0,7 фоиз кам кардааст, дар мамлакатҳои шарқии қитъа, мисли ҳамон Полшае, ки зикр кардем, вазъият дар ҳолати ташаннуҷ аст. Ҳоло замоне, ки дар саноат Аврупо ва Амрикои Шимолӣ ангуштнамо буд, гузаштааст. Имрӯз марказҳои индустрияи саноатии муқтадир ба мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ кӯчидааст. Бо вуҷуди ин ки дар минтақа инноватсия ва технология рушд менамояд, ҳанӯз онҳо пурра ба дастгоҳу василаҳои безарари технологӣ нагузаштаанд ва ин кор дар солҳои наздик татбиқ ҳам намегардад, зеро ин барои давлатҳои марҳалаи рӯ ба тараққӣ хос мебошад. Бинобар ақидаи мутахассисон, дар соли охир ба 2,7 фоиз зиёд гардидани гази ангидриди карбон дар атмосфера асосан саҳми мамлакатҳои Осиё зиёд аст. Ба чунин суръат идома пайдо кардани партови зарарнок, инсоният ба он мақсадҳое, ки то охири асри ҷорӣ гузоштааст, расида наметавонад, чунки сухан дар бораи то 2 дараҷа паст кардани ҳарорати ҳаво меравад.
Оқибатҳои фоҷиабори гармии гӯшношунид ва хушксоливу инҷиқиҳои доманадори иқлимро барои дарк кардан ба дуриҳо назар афкандан шарт нест. Бинобар маълумоти ЮНИСЕФ дар музофотҳои шимолии Бодғис ва Ҳироти Афғонистони ҳамсоя ба иллати хушксолӣ деҳқонии аҳолӣ барбод рафта, 80 фоизи онҳо, ки ба умеди ҳосили тирамоҳ қарз гирифта будаанд, маҷбуранд бо ин орият зиндагӣ кунанд ва ё, ҳатто, фарзандони худро фурӯшанд. Дар чор моҳи охир фурӯхтани 160 кӯдак дар ин минтақаҳо ба қайд гирифта шудааст. Намояндаи ЮНИСЕФ дар Афғонистон Элисон Паркер мегӯяд, ки дар айни ҳол дар мамлакат 3,5 млн. аҳолӣ дар ҳоли тангӣ, мӯҳтоҷӣ зиндагӣ мекунад ва соли 2019 фақат кӯдакони гурусна, мутаассифона, ба 600 ҳазор нафар мерасад.
Ин вазъият ва рақамҳо на ҳамаи беш аз 180 мамлакат ва роҳбарони онҳоро водор месозад, ки хулосаи дуруст бароранд ва дар ғами фардои замон бошанд. Барои баъзе аз онҳо пойгаи саноатӣ ва фақат пайгирӣ аз воридоти моддиву иқтисодии имрӯзи даргузар бартаринок ба назар мерасад.
Тоҷибой ИКРОМОВ,
аъзо-мухбири Академияи илмии байналхалқии
экология, бехатарии инсон ва табиат.