Муҳаммадолим Ҳайдаров инсони меҳнатдӯсту хоксор, ба фарзандон падари сахтгир, ба набераҳо бобои меҳрубон, ба ҳаққу ҳамсояҳо дӯсти ғамхор аст.
Ӯ бо ҳамсараш холаи Мавҷуда дар ноҳияи Бектемири шаҳри Тошканд умр ба сар мебарад.
Акои Муҳаммадолим соли 1954 дар вилояти Тошканд ба дунё омад. Дар мактаби рақами 52-юми ноҳияи Ӯртачирчиқ таҳсил намуда, онро бо медали тилло хатм намуд. Баъди хатми Донишкадаи давлатии политехникии шаҳри Тошканд ба хидмати ҳарбӣ рафт. Падараш амаки Ғаниҷон аз аввалин раисони колхози хоҷагии ҷамоавӣ буд.
Вай фаъолияти худро дар сохтмон ба сифати инженер сар карда, баъд дар КМС-и 21 ҳамчун сардори участка давом дод. Вақте солаш ба ҷойе рафт, ба нафақа баромад. Инсони соҳибтаҷриба ва чашмикордон, ки буд, аҳли маҳалла соли 2014 ӯро ба вазифаи мушовири раиси ҷамъияти шаҳрвандони маҳаллаи «Бектемир» пешниҳод намуданд. Дар ин вазифа хуб кор кард. Дертар раиси шӯрои ҷамъияти «Нуронӣ»-и маҳаллаи Бектемири Нав интихоб шуд.
– Ба ҷавонон таълиму тарбияи хуб додан, онҳоро дастгирӣ намудан лозим. Ҳоло аз аксари онҳо хурсандем, ки хуб мехонанд дар олимпиадаҳои фаннӣ ва спортии сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, ғолиб шуда истодаанд.
Дар мамлакатамон барои ҳар як шаҳрванд шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, касе хоҳиши хондан, ҳунар омӯхтан, соҳибкорӣ карданро дошта бошад, фақат аз вай ҳаракат ва шуҷоат талаб карда мешавад. Тибқи қарори сарвари давлатамон дар бораи чораҳои ба куллӣ беҳтар намудани низоми кор бо ҷавонон дар маҳаллаҳо лоиҳаи «Ба ҳар як собиқадор даҳ нафар ҷавон» роҳандозӣ гардидааст. Ман низ даҳ нафар ҷавонони маҳалларо, ки таҳти назоратанду ба кумаки моддию маънавӣ ниёз доранд, ба ӯҳда гирифта, 8 нафари онҳоро бо кор таъмин намудам, 2 нафарашон дар арафаи бо кор таъмин шудан ҳастанд. Бо ҳар кадоми онҳо мунтазам вомехӯрам, аз рафти кору фаъолияташон огоҳам.
Ҳар моҳ дар мактаби таҳсилоти миёнаи ҳамагони рақами 348-уми ноҳия вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо мегузаронам.
Дар раванди ислоҳоти ҷорӣ, дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҳар як шахс нақши худро дорад. Мо собиқадорони маҳалла ба ҷавонон беэътибор нестем, барои беҳтар гардонидани зиндагии онҳо саъю кӯшиш ба харҷ медиҳем, – мегӯяд М.Ҳайдаров.
Навбаҳор ҲАМРОҚУЛОВА.