ҲАНӮЗ ЗАМИН ДУРАХШОН АСТ, АЗ МУТААББИДОН...

Саргузашти инсоният дуру дароз, таърихи душвор, воқеаҳои бешумор дорад.

Аммо, муҳаққиқону муаррихон аз он ба маротиб зиёдтаранд. Ва ин ҳама, яке дигареро инкор кардаанду алалоқибат афкори тазод, инкори инкор оламгир шуд, ахлоқ аз байн рафт.
Пас, чист илми ахлоқ ва бар кадом поя устувор?
Барои аҳли муъмин илми ахлоқ мураттаб ва мураккаб аст аз аҳодиси набавӣ, ки мутобиқ ба панду андарзҳои Пайғамбари ислом Муҳаммад алайҳиссалом (дуруд бар ӯ) аз ҷониби  ҳакимони донишманд дар пирояи сухан оростаанду ба номи ҳадис китобат кардаанд, ки баъди Қуръони маҷид дуюм китоби муқаддаси мост.   
Ҳамин дуршавӣ аз илми ахлоқ буд, ки на уламои олам ва на Созмони Милали Муттаҳид тавонистанд никоҳи ҳамҷинсони мамолики Урупою Амрико ва кишварҳои дигари ба ном  «пешрафта»-ро ҷилавгирӣ кунанд. 
Имрӯз ҷанги Исроилро бо Фаластин дида, кас ба ҳайрат меояд.  
Магар насрониёну яҳудиён намедонанд, ки таърихи башар аз рӯзгори ҳазрати Одам Атову Момо Ҳаво сар шуда, то замони охирин паёмбар Муҳаммад алайҳиссалом  ва баъди он низ ба  офатҳои гуногун, ҷангҳои мудҳиш, дастоварду нокомиҳои сершумор мувоҷеҳ шудааст. 
Дар ҳама китобҳои муқаддас (Таврот, Инҷил, Қуръон)  «Тӯфони Нӯҳ» (обпахшкунии ҷаҳонӣ) зикр шудааст, ки зери об мондани замину замон ва маҳз ба туфайли ҳамин киштии халоскори паёмбари Худо – ҳазрати Нӯҳ наҷот ёфтани инсоният воқеият аст. 
Ин ҳам воқеияти таърих менамояд, ки андаруни ин киштӣ барои ҷамеъи ҳомилинаш, ки ҷуфт-ҷуфт аз ҳайвонот ва наботот будааст, захоири озуқаи мавриди эҳтиёҷ ҷой гирифтааст. Дар ҳама китобҳои муқаддас омадааст, ки  сарнишастагонаш, иборат аз ҳазрати Нӯҳ (а) ва чанд тани дигар аз пайвандону пайравони эшон будаанд. 
Воқеаи тӯфон, обзеркунии замину замон, наҷот ёфтани се писари ҳазрати Нӯҳ (а) ва аз ин се насли пайғамбар (Ҳом, Сом, Ёфас) баъди даргузашти асрҳо, пайдо шудани наслҳои дигар, ки мутакаллим бо дигар забонҳо шудаанд, аз аввалин тамаддун, Эҳё дар рӯйи Замин шаҳодат медиҳад, ки насли Одаму Ҳаво пеш рафт, ба ҳама чиз ноил гашт, ба маданият, илму фарҳанг расид, яроқу аслиҳа сохт, аз худ рафт, барои худнамоӣ силоҳи қатли ом, эҳтимол бомбаҳои ихтироъкардаи худро ба кор андохт, ки алалоқибат ҳама зеру забар, несту нобуд гашт. То замоне омад, ки насли аз ҳазрати Сом рӯйидаро, Сомӣ (семит) ва ғайрисомиҳоро антисемиташ номиданд. 
Барои имон овардан ба воқеаи  «Тӯфони Нӯҳ» тасаввур бояд кард, ки барои сохтан ва истифода бурдан аз чунин киштии сеошёнаи азими пуриқтидор дар вазъи ҳалокатбори обхезӣ чӣ илму дониш даркор шудааст.
Бешубҳа,  «Киштии Нӯҳ» рамзи тараққиёти илм буда,  «Тӯфони Нӯҳ» аз ихтироъ шудани силоҳҳои боиқтидори қатли ом, чун бомбаи водородӣ дарак медиҳад, ки инсоният худ нахусттамаддуни худро несту нобуд кардааст. Чуноне ки имрӯз инсоният ба ин дараҷаи хатарнок расидаасту мо, аҳли ҷомеа ба худ ом.
Зеро ҳамин аҷдоди мо буд, ки давлати пуриқтидор ва соҳибмаданияти озодандеш сохт ва ин давр, ба номи даври Сомониён, чун асри тиллоӣ, нахусттамаддуни исломӣ дар таърих монд. Ва аҳолии Мовароуннаҳри имрӯза ҳанӯз арзишҳои миллии худро ба қадр медонанд, меҳру оқибат, илми ахлоқ ҳанӯз бо мост.        
Зеро таърихи башар ба ҷуз сулолаи Сомониён дигар ҳокимиятеро надидааст, ки дар он хусумати қавмӣ набошад. Маҳз дар ин давр байни динҳо мудоро ҳукмрон гардида, ченаки боигарӣ китоб гардидаву қадру мартабаи одамон бо илм мушаххас мешуд.
Ин буд, ки Шайх Саъдии Шерозӣ, ба мақсади талқини дӯстии халқҳо, такя ба Мусҳаф гӯшзад кардааст, ки ҳама бандагони Худованд  аз як реша, аз хонадони ҳазрати Одаму Ҳаво рустаанд:  
Бани одам аъзои якдигаранд, 
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд...
Вале талқини ваҳдат, дӯстии халқҳо на ҳама вақт якранг пазироӣ шудааст. Зимомдорони пешин ва сонӣ нисбати бисёр пешвоёни миллат ва дин носипосиҳо кардаанд. Мисоли барҷастааш рӯзгори Мансури Ҳаллоҷ (ваф. с.922) мебошад, ки бо фармони халифаи Бағдод ӯро ба куфр айбдор намуда, аввал сангсор, баъд ба дор овехтаанд ва осорашро ба коми оташ додаанд. Қариб ду аср даркор шуд, то Мансури Ҳаллоҷро сафед намоянду мартабааш барқарор гардад. Асосгузори мазҳаби Ҳанафия – Имоми Аъзам низ дар зиндон ҷон ба Ҳақ таслим карда буд.
Рӯзгори пешвои тариқат мавлоно Вазеҳӣ (асри XVIII) низ гувоҳӣ медиҳад, ки исломият роҳи ноҳамворе паймудааст. Вазеҳӣ низ барои талқини дӯстӣ, ваҳдати миллатҳо, ки аз як беша ва як реша рустаанд, гирифтори зиндон ва ҳам бадарға намуда, ба мақбарааш  «Аҷинахона» ном ниҳода буданд. 
Ба ёд оваред:  дар замони Шоҳмуродбии мулаққаб ба Амири Маъсум ислоҳоти динӣ ба амал меояд. Тибқи он сулуки ҷаҳрия (Кубравия, Мавлавия,  «рақси само») маҳкум мешавад, мақбараи Вазеҳиро, ки дар ибтидо  «Мазори Ҳазрати Махдумӣ» меномиданд, ба  «Аҷинахона» табдил медиҳанд, ки академик Аҳрор Мухторов  ҳалли ин мавзӯъро ба ояндагон вогузоштаанд (ниг. ба  «Гузарҳои Ӯротеппа»-и А.Мухторов).
Хушбахтона, ин ҷониб ба кушодани ин  «кӯргиреҳи таърих» то ҳадде муваффақ шудам (ниг. ба китоби  «Қиссаи Вазеҳӣ, хонақоҳ ва девони ӯ», Душанбе, 2012, саҳ. 260).  
Ба ин нисбат Ҳаким Фирдавсӣ барҳақ фармудааст:
Туро донишу дин раҳонад дуруст,
Раҳи растагорӣ бубояд-т ҷуст. 
Бешак, касе, ки илми комил дорад, пурдон аст, ба роҳи ҳақ ва ҳақиқат меравад, растагорӣ мекунад, номаш чун накӯкор боқӣ мемонад.
Имрӯз, дар ин дунёи пурталотум, ки бародар ба додар, писар ба падар чоҳ мекобад. Сар пойбанди сад фикру хаёл аст... Яке ин ривоят ба ёдам омад, ки ҳама гуноҳҳои одами ҳазор моҳ, яъне 80 сол умрдидаро Худо мебахшидааст ва савобтарини амалҳои инсонӣ, ба каф овардани дили бемору муҳтоҷон будааст.    
 «Баъд аз ин якдигарро, бинем ё набинем?»– гуфта, он рӯз аввал ба аёдати  шарикдарси айёми мактабӣ, шоир Ҳайрон Осимӣ (Обидхон Осимов), ки чанд сол пеш аз ҳамсараш ҷудо гашта, ба қарибӣ бародараш, шоир Сироҷиддин Осимиро ба хок супурдааст, ба Файзободи шаҳраки Ғончӣ рафтам. Баъди дуои фотиҳа, китоби панҷумаш  «Девони меҳрбон»-ро ба ман дод ва изҳори таассуф кард, ки чаро чаҳор бародари аз худаш хурдро ба хок супурдааст. 
Ҳайрон Осимӣ девони Ҳофизу  «Маснавии маънавӣ»-и Румиро аз ёд медонад. Медонад, ки  «Дунё ҳама ҳеч аст...» Ба ин нисбат аҳли сухан ӯро охирқофилаи аҳли тасаввуф медонанд. Аммо ин ҳамсинфи эшонзодаам зиёрати Ҳаҷ нарафт. Ба қавли Шайх Абубакри Шиблии Истаравшанӣ  «Он хоҳад, ки нахоҳад». 
Яъне, ки шукргузор аст, ба ҳар он чӣ, ки Парвардигор барояш раво бинад. Ҳаргиз нанолад, ки бо асобағал мегардад. Афкору аъмолаш бо ман якест –  «Хайрул умури авсатуҳо!» Ин дунё ва охиратро мисоли Шарқ ва Ғарб медонад, ки ҳар қадар ба як самт наздик равӣ, аз дигар ҳамон қадар дур хоҳӣ шуд. Ин дунё гуфта ҳаргиз охиратро фаромӯш набояд кард ва охират гуфта аз ин дунёи рӯшан дилсард набояд гашт. Ҳамеша  «даст ба кору дил ба Ёр» мебояд зист. 
Мавлои Рум беҳуда Каъбаро на хонаи Худо, балки аз Иброҳими Халилулоҳ нагуфтаанд...
Шоир Ҳайрон Осимӣ – мутааббид, бонии меҳр аст, бисёр шоирон, ба мисли Зулфия Атоӣ, ӯро устоди худ медонанд. Яке аз корҳои савобаш ин аст, ки масофаеро аз роҳи маҳаллӣ мумфарш кунонида, бо фатво Ҳаҷҷаш мақбул гардида,  расман  «шаҳрванди ифтихорӣ»-аш додаанд. 
Рӯзи дигар ба Хуҷанд раҳсипор шудам, то аз ҳоли ҳамсинфам Нуъмон Носиров, ки ду сол боз сахт бемор асту бистарӣ, хабар бигирам. Ба он илму донише, ки дошт, мебоист дар донишгоҳ кор кунад. Вале аз модари чашмонаш ранҷур дур нарафт, умраш дар макотиби деҳот гузашт ва бисёр шогирдони риёзидон ба воя расонд. Баъзеашон дар муассисаҳои таълими олии Маскаву Душанбе дарс медиҳанд ва зуд-зуд ба аёдаташ меоянд. 
Ба дидори якдигар расидем, ёд аз айёми ҷавонӣ кардем. Маҷаллаи  «Тоҷикони ҷаҳон» дар бораи муаллими математика Нуъмон Носиров фото-очерки рангину пурмуҳтаво чоп кардааст. Хушҳол будем, лаҳза ба лаҳза ашк гулӯгирамон мекард. Боварам намеомад, ки ҷавонмарди чолоке, ки ба ҷуз дониши комил, даҳ панҷааш ҳунар буд, алҳол ночор аст. 
Сутуданист, ки аз беморӣ не, аз мушкилие, ки ба духтурону фарзандонаш овардааст, ранҷ мекашаду шиква дорад. Ёд аз шарикдарсамон, шодравон  Абдурасул Қаюмов мекард, ки директори мактаб буду раиси ҷамоати шаҳраки Зафаробод, хоксор мезисту дар ғами мардум буд.
Ғарқи хаёлот аз Хуҷанд ба Истаравшан бармегаштам. Намедонам аз Душанбе буд ё аз Истаравшан профессори илми тибб, директори Хона-музейи академик Аҳрор Мухторов – Обидҷон Каримов, ки солҳои кӯдакию наврасиаш ҳамсояи девордармиён будем, ба ман занг зада аз ҳолу аҳволам пурсон шуд.
Бе ягон истиҳола ба вай дил кафондам. Ваъда кард, ки ҳатман ба аёдати муаллим Носиров меравад. Шунидам, Обидҷони мутааббид (соҳибибодат) ба Хуҷанд рафта, дили бемори ранҷур ба каф овардааст. Аз хурсандӣ гиристам ва дуояш кардам: Худованд ин аёдати ӯро ҳаҷҷи акбараш хонад. Зеро, гӯянд:
Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
 Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст. 
Бинозам аз он машоихе, ки чунин дурри маънӣ суфта:
Замин дурахшон аст, 
аз мутааббидон, 
Чунон ки осмон аз ситорагон.

Маъруф ОТАХОНЗОДА,
ТОШКАНД – ХУҶАНД – ТОШКАНД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: