ҲАҚ БА ҲАҚДОР РАСИД

Муносибат

ҲАҚ БА ҲАҚДОР РАСИД
Аз ин ки вақтҳои охир дар баъзе аз ҷанбаҳои ҳаётамон адолат дубора барқарор гардида, ном ва нишони беинсофона фаромӯш гардонда ва аз дидаҳо дур гардонда, ки дар ин як қарни охир онҳо воқиан ба мояи ифтихор ва арзиши маънавиву василаи тарбияамон бадал гардида буданд, хурду бузург ва хосу ом шод мегарданд. Дастони тахрибкорона на фақат ба симо ва рамзҳои садоқату матонат ва мардиву ҷасорати асри бистуми моломол аз саҳифаҳои пуртаҳлукаву таҳаввулот ва дар як вақт ҷавлонгоҳи далериву қаҳрамонӣ буд, балки, гӯё дар назари аввал, ба муқаддасоти фарҳангу маънавият ва таърихи миллатҳо – ҷуфтмуҷассамаи фарзандони фарзонаи асрҳои миёна Мавлоно Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ дар Самарқанд расид, ки хушбахтона ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи раҳбарияти нави ҷумҳурӣ ба ин шаҳри бостонӣ баргардонда шуд.
Ҳоло бошад, дар арафаи 9 Май боз як рамзи пойтахт – ёдгории хонаводаи Шомаҳмудов, ки дар яке аз марказҳои шаҳр даҳсолаҳо ба ифодагари одамигариву меҳру садоқат ва ҳамзамон фоҷиаву бедодиҳои даврони ҷанги зидди фашизм гардида буд, пас аз чанд соли канорандозӣ ба ҷояш – рӯ ба рӯи қасри «Истиқлол» боз гузошта мешавад. Дар як вақт тибқи супориши Президент қасри номбурда ва истгоҳи метрои ин маҳал номи аввалаи худ – «Дӯстии халқҳо»-ро мегирад.
Солҳои парҳезкорӣ аз таърихи пуршаъни худ дар қисми зиёди асри гузашта бисёр аз муҷассамаву ёдгорӣ ва ашхосе, ки номҳояшон ба тариқи шоиста номи кӯчаву хиёбон ва воҳидҳои маъмурӣ, маконҳои маданиву  таълимиро бо худ доштанд, аз назарҳо дур афканда шуданд, ҳол он ки онҳо қаҳрамонони ҷабҳаи меҳнату ҷанг, маданияту санъат ва бунёдкорони шаҳру деҳот, роҳбарони арзанда ва маҳбуби халқ буданд, ки номҳояшон дар қалбу зеҳни мардуми намакшинос ва шукргузор зиндааст, зеро аз неъмате, ки наслҳои  гузашта бо заҳмат ва машаққати зиёд бунёд намудааст, наслҳои баъдӣ ҳанӯз баҳра мебарад.
Чун сухан аз оилаи ятимпарвари Шомаҳмудов рафт, бамаврид мебуд агар аз хусуси як асар, ки аз шарҳу ҳол ва зиндагии ғайримуқаррарии ин хонаводаи инсонпарвар навишта шудааст, зикр гардад.
Нависанда ва журналисти тоҷикистонӣ Теша Раҷаб ҳангоми таҳсил дар Мактаби олии ҳизбии Тошканд дар нимаи аввали солҳои шастуми асри гузашта ҳамзамон дар «Овози тоҷик» низ таҷриба меомӯхт ва дар ин ҳангом аз ҷониби маъмурияти идора ба ӯ супориш дода мешавад, ки дар хусуси оилаи Шомаҳмудов очерк нависад. Муаллиф таърихи навиштани ин очеркро дар китоби хотираҳояш «Ағбаҳои зиндагӣ», ки соли 2000 рӯйи чопро дидааст, баён намудааст ва онро «Бо супориши муҳаррир» номгузорӣ кардааст, ки ба хонандагони рӯзнома ҳоло ҳавола мегардад.

Тоҷибой ИКРОМОВ, муовини сармуҳаррир.

БО СУПОРИШИ МУҲАРРИР
Аввалҳои октябри соли 1964. Ман соли дуюм буд, ки дар Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд таҳсил мекардам. Бо рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ҳамкорӣ доштам. Зиёда аз он ҳамсарам ҳамон сол дар идораи ҳамин рӯзнома кор мекард.
– Шавкат Ниёзов хоҳиш карданд, ки пагоҳ вақт ёфта наздашон мерафтаед, — боре шабона ба ман хабар дод ҳамсарам.
– Чӣ гап доштанд?
– Надонам. Ба ман чизе нагуфтанд...
Рӯзи дигар баъди дарс ба идораи рӯзнома роҳ пеш гирифтам.
– Марҳабо, биёянд, хуш омаданд, – муҳаррири рӯзнома, дӯсти деринаам Шавкат Ниёзов маро бо чеҳраи кушод истиқбол гирифт. – Тоза ҳам камнамо шуда рафтед. Кайҳо боз овозатон ҳам намебарояд...
– Овоз бошад, ки барояд, – ба суханони гилаомези дӯстам бо ҳазл ҷавоб додам. Зеро ишораи ӯ доир ба кори эҷодии ман буд. 
– Ҳа хоксорӣ, ҳусни инсон аст! Вале мо қудрати қалами шуморо нағз медонем-ку? – хаёломез гуфт муҳаррир.
– Росташро гӯед, мурод аз ин таърифҳо чист? – расмиятро якбора шикастам ман.
– Эҳ, садқаи одами бофаҳм шавам, – ба ваҷд омада гуфт муҳаррир ва далерона афзуд:
– Мурод ҳамин, ки дӯсти азизам, дар зарфи се рӯз шумо бояд дар васфи як шахси наҷибу накӯкор, аниқтараш як оилаи интернатсионалӣ очерки пурмазмуну хонданибоб нависед...
– Дар се рӯз очерк?! Боз хонданибоб... Инсоф кунед, Шавкатҷон. О, ақаллан як ҳафта муҳлат диҳед?
– Наметавонам.
– Чаро?
– Чунки расо баъди се рӯз дар Тошканд ба шарафи 40-солагии таъсиси ҷумҳуриҳои  Осиёи Миёна «Ҳафтаи дӯстии халқҳои СССР» оғоз меёбад. Ва мо шумораи махсуси рӯзномаро ба ин воқеа бахшиданӣ...
Мақсади таъҷилан ба идораи рӯзнома даъват шуданам равшан шуд. Он солҳо вазъияти кори эҷодӣ дар рӯзнома басо мушкил буд. Аксарияти коркунонаш ғайритоҷикзабон (яъне аз миллатҳои дигар) буданд.
Навиштаҳои онҳо таҳрири зиёдро талаб мекард. Кадрҳои баландихтисосу касбӣ намерасиданд.
Хусусан очеркнависҳо ниҳоят кам буданд. Аз ин рӯ, ниёзу ташвиши муҳаррир доир ба шумораи махсус ба ман фаҳмо буд.
– Хӯш, он шахси наҷибу накӯкори гуфтаатон кӣ будаст? – ба супориш тайёр буданамро изҳор кардам.
Муҳаррир ба ҷойи чавоб аз ман пурсид:
– Филми нави «Ӯзбекфилм» – «Ту ятим нестӣ»-ро тамошо кардед?
– Ҳа, як ҳафта пештар... Чӣ буд?
– Гап дар сари он ки, прототипи қаҳрамони асосии он шахси воқеӣ буда, дар қисми кӯҳнаи шаҳри Тошканд зиндагӣ мекунад... Мана ному куният ва нишонии аниқаш.
Ман аз ин хабари хушу барои қаламкаш бозёфт чунон ба ваҷд омадам, ки худи ҳамон соат аз идораи рӯзнома рост ба сӯи хонаи қаҳрамони ояндаи очеркам қадам задам.
... Дар ҳамон шумораи махсуси рӯзнома «Дар меҳмонии Шоҳаҳмадота» ном очеркам чоп шуд. Ҳамкасбон ва ҳайати таҳрири рӯзнома баҳои баландаш доданд.
Баъдтар Шоҳаҳмадота маро писархонд гирифт. Дар оилаи сермиллати ӯ ман фарзанди ҳабдаҳумаш шудам. Ва дар бораи ҳаёти аҳли оилаи тифоқу намунавиамон қиссаи воқеии «Одами бемарг»-ро иншо намудам, ки он дар матбуоти Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ду забон – тоҷикию русӣ интишор шуд. Ҳоло ният дорам, ки бо мадади дӯстони ӯзбекам ин асарро ба забони ӯзбекӣ гардонда, чоп кунонам.
Ҳа, бояд иқрор шавам, ки дар ба вуҷуд омадани ин асар ҳиссаи дӯсти қадрдонам басо бузург аст. Зеро, «Одами бемарг» дар заминаи ҳамон очерке, ки ӯ низ аз ман хоҳиш карда буд, иншо шудааст...

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: