ё худ солҳо ва андешаҳо
Хотираи инсон аҷаб ганҷинаест, ки чун тӯшаи сафар ҳамеша ҳамроҳи ӯст ва бо гузашти умр ғанитар мегардад. Бо мурури вақт таҷрибаи рӯзгор, лаҳзаҳои фараҳбахшу яъсомези зиндагӣ аз ниҳонхонаи хотира ҷо гирифта, ба як навъ китоби ибратбахши андарз табдил меёбанд. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки хотираи инсон таърих меофарад ва аз ин таърих боз худи инсону инсоният бархурдор мешаванд. Хотираҳо, хотираҳои дуру наздик, гуворою риққатовар, ибратбахшу... чӣ илоҷ, гоҳо афсӯсовар...
Халқе, ки таърихи худро намедонад ё намеомӯзад, аз ояндаи бузург бенасиб аст. Назар андохтан ба гузашта чашми ибратгирро дарси зиндагист. Ин сабақ ба инсон ворисони кадом бузургон, сокини кадом сарзамин будани ӯро ёдовар шуда, дар замири ӯ ҳисси ифтихор, шукронагӯӣ ва масъулиятро ба ҷунбиш меоварад.
Ҷараёни кунуни зиндагӣ аз ҳаёти даҳсолаҳои охири қарни сипаришуда ба куллӣ фарқ мекунад. Бахусус пас аз соҳибистиқлол гаштани Ватани маҳбубамон шуури гӯё бағанабрафтаи халқ бедор шуд. Тасаввуроту ҷаҳонбинии ҷомеа нисбат ба оламу одам бо суръати баланд пеш рафт. Дар роҳи эҳёи мафкураи миллӣ, ки ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ҷузвҳои онанд, пешрафти иқтисодиёти харобгаштаи мамлакат, ислоҳоти соҳаи аграрӣ ва саноат,сиёсати халқдӯстонаи дохилӣ, башардӯстонаи хориҷӣ... дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ корҳои ҳайратовар ба анҷом расиданд. Кас чун ба 27-соли гузашта назар афканда андеша кунад, аз миқёси корҳои басомонрасида ангушти ҳайрат мегазад. Тадриҷан боло рафтани иқтисодиёт, дараҷаи некӯаҳволии халқ, муносибат ба замин, аз байн рафтани яккаҳокимии пахта, бунёдкорӣ, дигаргун гаштани қиёфаи шаҳру деҳаҳо...
Вилояти Сирдарё дар солҳои пеш аз истиқлол аз вилоятҳои муфлиси аграрӣ буд. Хонаҳои чаҳорошёнаи бетонии ду микрорайонро ба ҳисоб нагирем, дигар мавзеи Гулистон намои шаҳрӣ надошт. Маркази шаҳр дар иҳотаи хонаҳои пасти солҳои панҷоҳуми асри гузашта монда буд. Ҳоло қиёфаи шаҳр куллан тағйир ёфтааст. Кӯчаҳои васеъ, хонаҳои муҳташами истиқоматӣ , биноҳои маъмурӣ, хиёбону гулгаштҳо, мактабу коллеҷҳо, муассисаҳои тиббӣ... бунёд гардиданд.
Солҳои пеш аз истиқлол дар вилояти Сирдарё – муассисаҳои хусусии тиббӣ вуҷуд надоштанд. Дар беморхонаҳо дору ва дигар воситаҳои табобат, барои қабули беморон хона ва катҳо намерасиданд... Ҳоло дар вилоят ғайр аз шифохонаҳои тасарруфи вазорати тандурустӣ, 57 адад субъекти хоҷагидории хусусии тиббии бо асбобҳои замонавии тиббиву ташхисӣ муҷаҳҳаз дар хизмати халқ мебошанд. Дар чоряки якуми соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Сирдарё ва Сайҳунобод ҳам корхонаҳои хусусии тиббӣ ба кор сар карданд.
Мактаббачагони имрӯзаро метавон дар замони «қирони саъд» таваллудшудагон номид. Зеро шароити имрӯзаи мактабҳо барои мо – хонандагони солҳои ҳафтодуми асри бист хоби ширин буд. Дар тӯли 27-соли гузашта соҳаи мактабу маорифи вилоят гӯё аз нав офарида шуд. Биноҳои васеву равшани замонавӣ, мактабҳои ихтисосонидашуда, мактаб–интернатҳои махсус, муассисаҳои маҷмӯии варзиширо дида, дили кас лабрези шодиву нишот мегардад.
Пас аз сафари Президенти кишварамон Шавкат Мирзиёев ба вилояти Сирдарё барои рушди соҳаи таълими халқи вилоят 30 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шуд. Аз ҳисоби ҳамин маблағ дар вилоят як мактаби нав ва барои 17-то мактаб филиалҳо сохта шуданд, имконияти аз таъмир баровардани 13-мактаб фароҳам омад. Ғайр аз ин мактабҳои муҳтоҷ бо 5-миллиард сӯмина мебел ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардиданд... Ҳоло аҳволи мактабҳо, шароити шифохонаҳо, барои хонагирӣ солҳои сол дар навбатистоданҳои охири солҳои ҳаштодуми асри гузаштаро пеши назар оварда месазад, ки гаштаву баргашта шукрона гӯем.
Соли 1989 дар кумитаи телевизион ва радиошунавоии (он вақт чунин номида мешуд) вилояти Сирдарё бахши тоҷикии радиои вилоятӣ ташкил шуд. Азбаски масъалаи кадрҳо сангин буд, бандаро бо ваъдаи «бо хона таъмин мекунем» ба кор таклиф намуданд. Пас аз ду-се моҳ аз тарафи кумитаи иҷроияи шаҳри Гулистон хонаи ваъдагӣ ҷудо карда шуд. Роҳбари минтақавии кумитаи радиошунавонӣ шодравон Турғун Ҷамол бо қарори иттифоқи касаба хонаро ба банда доданӣ шуд. Аммо дар идора шӯру ғавғое барпо гардид, ки барои тасвири он қалам оҷиз аст. Зеро барои хонагирӣ 10-15 сол боз дар навбатистодагон буданд ва норозигии онҳо табиӣ буд. Ҳоло барои дар сар то сари вилоят бо хонаи истиқоматӣ таъмин намудани аҳолӣ муаммое нест. Марҳамат, хоҳед ҳавлиҳои хушсохти аз рӯйи дастури «хонаҳои намунавӣ» сохташуда, хоҳед хонаҳои дуошёна, ҳатто барои оилаҳои камбизоат хонаҳои нисбатан арзон мунтазири соҳибони худанд.
Дар вилояти Сирдарё, агар соли 1991 дар ҳаҷми 252,1 миллион сӯм корҳои сохтмон ба сомон расида бошад, дар чоряки якуми соли 2016 ин нишондиҳанда ба 243 миллиарду 555 миллион сӯм расидааст.
Агар гӯям, ки ду соли охир дар мамлакатамон солҳои инқилоби иқтисодӣ ва маънавӣ буданд, муболиға намешавад. «Соли мулоқот бо халқ ва манфиатҳои халқ» эълон шудани соли 2017 худ як ҷасорат буд, ки қолаби мақомоти роҳбарикунандаи идоранишинро шикаста, онҳоро назди халқ овард. Ташкил шудани «Қабулхонаҳои халқӣ» мушкили мардумро осон кард. Бигирем таъминоти қувваи электрро. Пеш аз соли 2017 солҳои сол аҳолии деҳаҳои вилояти Сирдарё фаслҳои тирамоҳу зимистон дар як шабонарӯз танҳо 4-5 соат аз қувваи электр истифода мебурданду додашонро ҳеҷ кас гӯш намекард. Ҳатто ҳокимон шаҳрвандони ба қабулашон омадаро «Агар масъалаи энергияи электрӣ бошад, беҳтараш гап назанед» гуфта, огоҳ мекарданд. Бо ташкил шудани Бюрои иҷрои маҷбурӣ ин масъала ҳаллу фасли худро ёфт...
Аз маърифату маънавият дур шудан халқро сӯйи ҷаҳолату манқуртӣ мебарад. Ба масъалаи китобхонӣ дахл намудани Президенти кишвар, дар ҳақиқат, ғамхории падарона буд. Зеро китоб манбаи асосии маърифату маънавият аст ва падари огоҳ барои ғанӣ гардонидани олами маънавии фарзандон бояд кӯшиш кунад. Ба наздикӣ рӯзномаи «Китоб дунёси»-ро варақ зада, хеле мутаассир шудам. Сергей Гетман ном ношири литвагӣ дар гузориши барои рӯзнома додааш гуфтааст:
«Ман фикр мекардам, ки дар дунё русҳо аз ҳама беш китоб мехонанд. Ба Ӯзбекистон омада бовар ҳосил намудам, ки халқи ин кишвар низ китобхон будааст». Вақте сатрҳои болоиро мехондам, вуҷудамро як ҳисси ифтихор фаро гирифт. Охир, як ношири аз соҳили баҳри Балтика омада китобхонии халқи кишвари маро эътироф мекунад.
Ин аст самараи ғамхории падаронаи Президент Шавкат Мирзиёев, ки шоёни шукрона гуфтан аст.
Боз як ғамхории падаронаи Президенти Ӯзбекистони маҳбуб аз байн бардоштани «девори Чин»-и байни ду давлати ҳамсоя – Ӯзбекистону Тоҷикистон, ду халқи бо ҳам бародар ӯзбекону тоҷикон буд. Ташнаи дидорҳо ба дидор расиданд...
Мувофиқи таълимоти илми фалсафа «кулл» зодаи «ҷузъ»-ҳост.
Банда, вақте ки ҳар як қарори Президенти кишварро мехонам, ин таълимоти фалсафа ба хотирам меояд. Зеро барои расидан ба «кулл» – яъне мамлакате, ки халқи мо орзу дораду дар ин роҳ такудав мекунад, корро аз «ҷузъ»-ҳо сар кардан камоли хирадмандист.
Ба наздикӣ қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди шоҳмот дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро аз матбуот хонда, боз як бор ба фикри болоӣ қоил гаштам. Эътибор ба соҳаи тандурустӣ, эътибор ба мактабу маориф, эътибор ба заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ, эътибор ба китобхонӣ, эътибор ба рушди шоҳмот... инҳо ҳамон ҷузъҳоянд, ки куллро ба вуҷуд меоваранд.
Дирӯз ба мактаби деҳаамон барои хонандагони синфи якум туҳфаҳои Президентро оварданду хотираҳо бандаро боз ба оғӯши пурасрори дуру наздик, гуворою риққатовар, ибратбахшу гоҳо... Ҷилддони аз латта дӯхтаи модарам, зимистон бо мӯзаи резинӣ бо роҳи пурлой, афтону хезон ба мактаб рафтанҳоям ба хотир омаданд. Нахустин тахтаи шоҳмоти падарам харида, ки донаҳои чӯбини серҷило дошт ва бозии шоҳмотро аз кӣ омӯзам гуфта, кӯдакона азият кашиданҳоям пеши назарам ҷилвагар гаштанд... Ва боз як бор имон овардам, хотираҳое, ки ба таърих табдил ёфтаанд, дарси ибратанд чашму ақли огоҳу ибратомӯзро...
Тӯхтамиши БОҚӢ,
вилояти СИРДАРЁ.