«ҲАР ЧӢ КОРӢ, ҲАМОН ДАРАВӢ»

Баҳодуру Нилуфар ба хонаи навхаридаи худ, ки дар маркази шаҳр ҷой гирифта буд, кӯчида гузаштанд.

Азбаски онҳо пеш аз ин дар хонаи иҷора менишастанд, аз ин воқеа хеле хурсанд шуданд. Охир аз чунин хонаи зебову замонавӣ кӣ ҳам хурсанд намешавад!? Вале дар кунҷи қалби ҳар ду ғаму ғуссае ниҳон буд. Зеро онҳо фарзанд надоштанд. Дар вақтҳои  танҳоӣ Нилуфар дарро аз дарун баста гиряву нола мекард. Баъзан Баҳодур ин ҳолро дида, ба ӯ тасаллӣ додан мехост, вале Нилуфар ба гапҳои ӯ гӯш намекард. Ӯ мегуфт, ки шояд ранҷидахотирии падару модарамон бошад, ки мо то ҳол ба нохуни фарзанд зорем. Баҳодур худ ба худ мегуфт, ки гапи ин ҳам шояд ҷон дорад ва беихтиёр солҳои аз деҳа ба шаҳр омаданаш ба хотир омад. Аввал мактаб-интернатро хатм кард. Бо холи баланд ба Донишгоҳи ҳуқуқшиносии Тошканд дохил шуд ва ифтихори деҳа гардид, зеро аз деҳаи онҳо шахсони ангуштшумор ба чунин бахт ноил мешуданд. Падараш ҳам аз оилаҳои барӯманди деҳа келин кардан мехост, вале Баҳодур вақте ки дар мактаб-интернат таҳсил мегирифт, ба як духтари шаҳрӣ ошиқ шуда буд. Он духтар ҳамон Нилуфари ба ҷон баробари ӯст. Аз ҳамин сабаб хоҳиши падарашро рад кард. Ҳамин ки ба курси чорум гузашт, бе ризогии  падару модари худ бо Нилуфар издивоҷ кард. Баъд аз ҳамин Баҳодур ба деҳа, волидайнаш ба шаҳр барои дидорбинии ҳамдигар намерафтанд. Танҳо додараш Баҳром як бор омад ва гуфт, ки модарам бисёр азоб мекашанд. Аммо чӣ чора, тақдир чунин аст. Ҳоло Баҳодур дар Вазорати корҳои дохилӣ кор мекунад. 
Дере нагузашта офтоби бахт ба рӯйи онҳо низ шӯълапошӣ намуд. Нилуфар гулписаре мисли Баҳодур ба дунё овард ва номашро Беҳрӯз гузоштанд. Бо ҳамин тамоми ғуссаи онҳо фаромӯш гардида, ҷояшро шодию фараҳ ишғол намуд.  Азбаски Беҳрӯз пас аз интизориҳои зиёд ба дунё омада ва писари ягонаи падару модар буд, касе ба ӯ гапи сахт намезад. Беҳрӯз ба синни мактабӣ расид. Дар мактаб назар ба ҳамсинфон либосҳои қиматбаҳотар мепӯшид. Падараш ҳам ба ӯ пули бисёр медод ва ҳар чизе, ки маъқул мешуд, харид мекард. Вақте ки падараш ба ӯ телефони мобилӣ тӯҳфа кард ва ҳамааш аз ҳамин ҷо оғоз ёфт. Саводу дониш ва таълиму тарбияи ӯ рӯз аз рӯз коста мешуд. Бо ҳамон телефоне, ки падараш дода буд,  расму видеоҳои беҳаёро тамошо мекард. Бо духтарони бегона соатҳои дароз гап мезад. Тавассути телефон дӯстони пасту касиф ва дузду ҷинояткор пайдо мекард.
Ҳар боре, ки директори мактаб волидайни Беҳрӯзро ба ҷамъомади падару модарон даъват мекард, Баҳодур аз сабаби серкорӣ иштирок карда наметавонист ва дар маҷлис танҳо Нилуфар иштирок мекард. Директори мактаб  аз паст шудани таълиму тарбияи Беҳрӯз ба Нилуфар шикоят кард ва илова намуд, ки ба таълиму тарбияи фарзандаш боэътибор бошад. Нилуфар ҳам оромона ин суханҳоро гӯш карда, ғайричашмдошт аз директор илтимос кард, ки аз гап шавҳараш хабар наёбад. 
Баъд аз ин рафтори ношоистаи Беҳрӯз авҷ гирифтанд. 
Ӯ шабҳо хона намеомад ва дар кӯчаву паскӯчаҳо ҳамроҳи “дӯстон”-аш мегашт. Бо чунин беодобию дарсгурезӣ мактабро ҳам хатм намуд. Акнун рӯзҳову ҳафтаҳо хона намеомад. Чанд бор падару модараш бо чашми гирён насиҳат карданд, аммо ӯ гӯш намекард. ҳамеша “уфф” гӯён аз назди онҳо баромада мерафт. Дар яке аз чунин шабҳо Беҳрӯз ва шариконаш маслиҳат карданд, ки барои ба даст даровардани пули бедардимиён ба яке аз мағозаҳои калони шаҳр ба дуздӣ дароянд.
 Фурсати муносиб фаро расид. Се кас ҷониби мағоза раҳсипор гардиданд. Оинаро шикаста, аввал Беҳрӯз дохили мағоза шуд ва ҳамин дам касе ӯро маҳкам дошт.  Он шахси номаълум муҳофизи мағоза буд. Беҳрӯз бисёр ҳаракат кард, аммо аз дасти муҳофиз раҳоӣ ёфта натавонист. Яке аз шарикон ҷуфтакро рост карда буд, дигаре намедонист чӣ кор кунад. Ӯ лаҳзае дар ҷояш шах шуда монд ва оқибат худро ба даст гирифта, дар як гӯша хиште дид. Хиштро гирифта ба сари муҳофиз зад ва аз зарби хишт муҳофиз ба замин афтид.  
Беҳрӯз, ки нав аз дасти муҳофиз раҳоӣ ёфта буд, раги гардани ӯро дошта дид ва ба шарикаш нигоҳ карда гуфт, ки ӯ мурдааст. Бо шунидани ин сухан шарики дувум ҳам ғайб зад. Акнун Беҳрӯз танҳо монда буд. Бо роҳи даромадааш оҳиста аз мағоза берун шуд  ва бо ду даст сарашро маҳкам дошта, як суханро такрор мекард: “Ман чӣ кор кардам?”.                                                                                                                 
“Ист!” Ин сухан Беҳрӯзро андаке ҳушёр кард ва дид, ки аз худ дуртар нозире бо шитоб назди ӯ меояд, вале дар торикӣ рӯйи якдигарро дида наметавонистанд. Беҳрӯз аз тарс роҳи гурезро пеш гирифт, аммо  намедонист, ки он нозир падараш буд. Нозир ҳам дид, ки “қотил” фирор мекунад, аз паси ӯ аз таппончааш ба ҳаво тир кушод, вале Беҳрӯз наистод. Ӯ қадамҳояшро тезтар кард. “Ист, набошад мепарронам!” Ва садои тир боз баланд шуд. Ин дафъа тир тани Беҳрӯзро сӯрох карда буд. Беҳрӯз рӯ ба замин афтод. Баҳодур, яъне нозир назди “ҷинояткор” омаду ӯро якпаҳлу кард ва бо кадом чашм бубинад, ки ӯ ҷигарбандаш, писари яккаву ягонааш Беҳрӯз буд. Таппончааш аз даст афтиду болои сари писараш дузону нишаст ва сари ӯро болои зонуяш гирифт. Баҳодур дигар ёрои ҳарф задан надошт. Фақат ба ӯ гуфт, ки ту чаро ин корро кардӣ? Беҳрӯз, ки аз даҳонаш хун меомад, бо як азоб сухани охиринашро гуфт: “Падарҷон! Маро  бубахшед” ва  дар сари зонуи падар ҷон дод.                                                                                                                                       
Қариби субҳ буд, ки  Баҳодур ва ҳамкасбонаш ҷасади Беҳрӯзро хона оварданд. Нилуфар, ки интизори онҳо буд, ҷасади беҷони писарашро дида, ба ҷойи он, ки гиря кунад, қоҳ-қоҳзанон механдид. Аввал зери лаб, баъд бо садои баланд такрор мекард, ки “Писари ман намурдааст, Беҳрӯзҷони ман ҳозир меояд”. Баҳодур фаҳмид, ки Нилуфар аз ақл бегона шудааст ва ӯро дар оғӯш гирифту гиря кард. Ҳамон рӯз Баҳодур бо оҳу фиғон хабари марги писарро ба волидайн расонд. Пагоҳии барвақт падару модар ва бародараш Баҳром  ҷониби шаҳр раҳсипор шуданд. Дарро Баҳодур бо чашмони ашколуд ба рӯйи онҳо кушод. Ҳама якдигарро оғӯш гирифта гиря мекарданд. Дар дохил Нилуфар сарашро ларзонда зери лаб чизе мегуфт, ки аз афту андоми ӯ девонагиаш маълум буд. Ҳамин дам ба телефони мобилии Баҳодур аз рақами ношинос касе занг зад. Баҳодур телефонашро бардошту садои марде баланд шуд: “Лаънат ба ту барин падар, ки ба писарат чунин тарбия додӣ. Писарат як ҳафта пеш духтари маро фиреб дода, ба номуси ӯ таҷовуз кардааст.” Бо шунидани ин сухан дили Баҳодур сих заду ба замин афтод. Падараш ба Баҳром фарёд зад, ки “об биёр!”. Дасти чапи Баҳодурро падар ва дасти росташро модараш маҳкам дошта гиря мекарданд. Баҳодур ба ҳарду нигариста гуфт: “Аз ман розӣ шавед. Ба ҳамааш худам сабабгор, «Ҳар чӣ корӣ, ҳамон даравӣ» гуфтаанд». Падару модар “мо ҳазор бор розӣ” гӯён ӯро оғӯш гирифтанд ва Баҳодур дар оғӯши волидайнаш ҷон ба ҷонофарин супурд. Бародараш Баҳром, ки зарфи об дар даст ҳангу манг меистод, марги бародарашро дида, коса аз дасташ афтид ва худро рӯйи ҷасади бародараш партофт. Фиғону нолаи ӯ гӯё гӯши фалакро кар мекард...
Он рӯз Баҳром бо падараш маслиҳат карда, ба хулосае омаданд, ки Нилуфарро ба шифохонаи бемории рӯҳ баранд ва ҷасади Баҳодуру Беҳрӯзро ба қабристони деҳа, назди қабри бобояш ба хок супоранд. Баҳром бо гиряву нолаи ҷонкоҳ тобути бародару додарзодаашро сари китф бардошта, ба манзили охирин мебурд. Ҳамон бародаре, ки дар айёми хурдӣ ӯро дар пушташ гирифта мегашт ва ҳозир буд, ки барои ӯ ҷонашро диҳад.

Зикруллои ЗУБАЙДУЛЛО,
донишҷӯйи ДДС.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: