«ҲАР ДАМ ҒАНИМАТ АСТ, ОДАМ ҒАНИМАТ АСТ»

Соли 1969 мо – 37 нафар хатмкунандагони мактабҳои тоҷикии вилоятҳои Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Сирдарё, Сурхондарё, Қашқадарёро бахти донишҷӯӣ дар факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнии шаҳри Самарқанд дар як дарсхона муттаҳид карда буд.

Ҳаёт медаваду меравад, ба аспи ҳаёт, 
Ҳазор тез давад ҳам намерасад, самолёт.
(Ҳабиб ЮСУФӢ.)

Соли 1969 мо – 37 нафар хатмкунандагони мактабҳои тоҷикии вилоятҳои Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Сирдарё, Сурхондарё, Қашқадарёро бахти донишҷӯӣ дар факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнии шаҳри Самарқанд дар як дарсхона муттаҳид карда буд. Имрӯз бовари кас намеояд, ки ба ин воқеа 55 сол пур шудааст. Мисраъҳои зерини устод Лоиқ моро ба андеша водор мекунанд:
Умри гузарон хоҳӣ, нахоҳӣ, 
гузарад,
Магзор, ки он ба рӯсиёҳӣ 
гузарад.
Бар подшаҳон ҳасад мабар, 
эй сода,
То ҳар нафасат ба подшоҳӣ 
гузарад.
Дӯстӣ сарвати бебаҳост. Шоиреро наметавон пайдо кард, ки дар бораи ин неъмати олии инсонӣ шеъре нагуфта бошад.
Он тухми дӯстӣ, ки дар марзи дили ҳар яки мо он гоҳ неш зада буд, тадриҷан қад боло карда, ҳоло, ба назарам, ба дарахти бузурги  меҳру вафо табдил ёфтааст. Имрӯз ин дарахти 55-сола – эҳсосоти ширини дӯстӣ моро водор месозад, ки зуд-зуд ба дидори якдигар бирасем.
Хушбахтона, ба шарофати инсони худогоҳ – дӯст ва бародари беғарази мо Толиб Юнусзода ва аҳли хонадони вай солҳои зиёд аст, ки мулоқоти мо, ҳамдарсони собиқ ҳар сол аввали моҳи май дар Самарқанд, аниқтараш дар хонадони вай  – дар маҳаллаи Оқмасҷид сурат мегирад. Вохӯрии имсола низ аввал дар ҳавлии Т.Юнусзода ва пас дар тарабхонаи маҳалла ба амал омад. Табиат қонунҳое дорад, ки он барои шоҳу гадо баробар аст. Баъзан рӯзгор бо воқеаҳои ғайричашмдошт ва тасодуфҳои худ хоҳ-нохоҳ ба ҷараёни кор, нақшаю тадбирҳо таъсир мерасонад. Бояд гуфт, ки ин ҳолат ба ҷараёни вохӯрии анъанавии мо низ бетаъсир намонд. Дар натиҷа чанде аз рафиқон, ки рӯзи дидорро интизорӣ мекашиданд, бо сабабҳои гуногун омада натавонистанд. Ҳарчанд ҷойи онҳо холӣ монд, ба ҳар ҳол суҳбати дӯстон хотирмон гузашт. Чун одат дар оғози ҷамъомад устодон ва ҳамсабақоне, ки имрӯз байни мо нестанд, ба ёд оварда шуданд. Сипас иштирокдорон таклифи Юнусзодаро бобати тартиби сухангӯйӣ: нақли хотираи шавқоваре ва қироати шеъри дилкаше ҷонибдорӣ карданд. 
Дар замири мо намегунҷад ба 
ғайр аз дӯст кас,
Ҳар ду оламро ба душман деҳ, 
ки моро дӯст бас,
фармудааст Ҳофизи Шерозӣ.
Соли гузашта ҳамдарси собиқамон Тоҳир Зокиров, ки сарояндаи хубест, модари 102-солаашонро ба хок супурд ва бинобар ин натавонист дар нишаст иштирок кунад. Вай имсол баҳри дилкаш ва хотирмон гузаштани тадбир саҳми арзанда гузошт. Сурудҳоро ба матни шеъру ғазалҳои шоирон Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,  Нақибхон Туғрал, Мирзо Турсунзода ва дигарон басо хуб иҷро кард.
Ҳамсабақамон аз ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё Ҷалол Атозода ним аср аз назари ҳамкурсон дур монда буд. «Кӯҳ ба кӯҳ намерасад, одам ба одам мерасад» гуфтани мардум беҳуда набудааст. Вай ниҳоят аз вохӯриҳои чандинсолаи мо хабар ёфта, ду сол боз ба давра бо ҳамсараш аз ҳама пеш омада, табъи дӯстонро хуш менамояд. Аён гардид, ки яке аз набераҳои онҳо донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Самарқанд будааст. Суханони самимии ҳамсабақони айёми ҷавонӣ Раҳмон Ҳасанов, Раҳматҷон Маҳсудов, Маҳбуба Ӯлмасова, Малоҳат Муҳаммадова, Раҳима Давронова, Холида Муҳаммадқулова, Мақсуда Холматова ва дигаронро метавон меҳрномаи дӯстон гуфт. Боиси  хурсандист, ки дар вохӯриҳои мо ҳамсари бовафо ва фарзандони дӯсти зиндаёдамон Аброр Аҳроров пайваста иштирок намуда, арвоҳи ҳамсар ва падарашонро шод мегардонанд. Барои хуш гузаштани давра ҳофизи самарқандӣ Юнусҷон низ бо мо буд. Самарқанди бостонӣ ҳамеша пурҷозиба ва дилкашу зебост. Дар баҳор вай боз ҳам сарсабзу хуррам мегардад. Зотан накӯкорӣ, дуогӯӣ ва шукронагӣ анъанаи мардуми мост. Аз ин рӯ, меҳмонону мизбонони давраи мо низ ба ин нукта амал карданд. 
Боз овози дилкаши, ака Тоҳир  танин андохт. Вай ин дафъа бо суруде бар матни устод Лоиқ ба нишасти мо ҳусни хотима бахшид:
Ёрон, ба каф пиёлаву дар дил 
ғубор чист?
Имрӯз ҳам гузашт, ғами рӯзгор 
чист?
Охир, дигар чӣ ҳоҷати панду 
насиҳат аст,
Ҳар дам ғанимат аст, одам 
ғанимат аст...

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: