ҲАР ГУНА МУБОРИЗА ҲАМКОРИРО ТАҚОЗО МЕКУНАД

Ҳаёти имрӯзаи мардуми олам бар асари таҳдидҳое халалдор мегардад, ки пеш аз ҳама ба терроризм ва ифротгароӣ бастагӣ дорад.

Ин зуҳуроти номатлуб муборизаи дастаҷамъонаро тақозо менамояд. 

Дар ин замина дар Тошканд таҳти раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи 39-уми Шӯрои Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Тавре ки Нургалӣ Билисбеков, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар брифинг изҳор намуд, ин ҷаласа ҳайатҳои мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СҲШ ва кормандони комитети иҷроияи СМЗТ СҲШ-ро гирдиҳам овард.
– Зимни ҷаласа ҳисоботи Шӯрои МЗТ СҲШ барои Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба фаъолияти  он дар соли 2022 тасдиқ карда шуд. Маълумот дар бораи рафти иҷрои Барномаи ҳамкории кишварҳои СҲШ дар соли 2022 дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2022-2024 мавриди баррасӣ қарор гирифт,– афзуд Н. Билисбеков.
Ҷаласаи 39-ум лоиҳаи Ёддошти ҳамкорӣ дар байни МЗТ СҲШ ва Маркази зиддитеррористии давлатҳои аъзои ИДМ-ро  низ тасдиқ намуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: