Мусоҳиба бо ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон ТУРДИМОВ
Мусоҳиба бо ҳокими вилояти Самарқанд
Эркинҷон ТУРДИМОВ
— Эркинҷон Оқбӯтаевич, рӯзҳои наздик 30-солагии истиқлолияти кишварамонро ҷашн мегирем. Ҳар як инсоне, ки дар ин кишвар умр ба сар мебарад, сарҳисоб мекунад, ки ин давр дар ҳаёташ чӣ гуна нақш гузоштааст. Ба дӯши раҳбарон бошад, дар ин бобат бори масъулият боз ҳам вазнинтар аст. Ба сифати ҳокими вилоят Шумо низ саршори фикрҳои мухталиф бояд бошед...
— Албатта, ҳеҷ кас арзиши истиқлолият ва озодии Ватанро, ба мисли онҳое, ки дар давраи сохти қаблӣ зиндагӣ кардаанд ё истиқлолиятро орзу намуда, барои он мубориза бурдаанд, намедонад. Мо инчунин насле ҳастем, ки дар замони шӯравии собиқ дар Ӯзбекистон ба дунё омада, таҳсил карда, ба кор шурӯъ намудааст. Ман хуб дар хотир дорам, ки солҳои 90-уми асри гузашта чӣ андоза сахт ва хатарнок буданд. Мураккабии вазъи иқтисодӣ ва сиёсӣ, ҷамъ шудани мушкилоти иҷтимоӣ боиси ноумедӣ ва норозигии мардум аз ҷомеа шуд. Дар чунин вазъият лозим омад, ки истиқлолияти кишварро эълон намуда, давлати нав бунёд карда, ҳамаашро аз дигар оғоз намоем.
Ҳангоми истиқлолиятро ба даст овардани давлатамон, ман дар соҳаи бонк кор мекардам. Баъд маро ба системаи ҳокимият гузаронданд, дар низоми идоракунӣ кор кардам. Дар ин давра кор кардан дар ҳама соҳаҳо, алалхусус, дар замони тангии иқтисодиву, норасоӣ тағйир додани афкори одамоне, ки бо ноумедӣ афтида, даврони гузаштаро карданд, осон набуд. Аз як тараф, ба роҳ мондани иқтисодиёт, ҳаллу фасли намудани мушкилоти иҷтимоӣ – ҳама аз масъалаҳои муҳим буданд.
Ин дарду нуқтаи ҷонкоҳи на танҳо Ӯзбекистон ва ӯзбекистониён, балки тамоми ҷумҳуриҳо ва халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Хушбахтона, мардуми таҳаммулпазиру меҳнатдӯст ва қаноатманди мо ин озмоишҳоро паси сар карданд. Мо мисли баъзе кишварҳо ба саросемагӣ наафтидем, якдилии мардуми сермиллатамон гум нашуд ва аз ҳама муҳимаш аз роҳи интихобкардаамон барнагаштем. Имрӯз, тавре ки Президент Шавкат Мирзиёев таъкид менамояд, ислоҳот дар мамлакати мо суръат гирифтааст ва ин ислоҳот акнун ҳаргиз вопас намегардад. Ман аз он ифтихор дорам, ки барои сазовор шудан ба боварии сарвари давлат, мардуми Самарқанд меҳнат менамоям, барои мустаҳкам намудани истиқлолияти Ватанамон ва тараққиёти он каму беш саҳм мегузорам.
— Чанде пеш мақолаи Шумо дар матбуот чоп шуд. Дар он ҳам натиҷаҳои ба туфайли истиқлолият, ислоҳоти босуръати солҳои охири мамлакат ба даст омадаро қайд кардаед.
— Инҳо ғояҳое ҳастанд, ки ба туфайли ислоҳоти дар кишварамон ҷараёндошта, дигаргуниҳои тарзи ҳаёт, шуури одамон, равандҳои навсозие, ки мо ҳар рӯз мушоҳида мекунем ва ҳисси масъулиятшиносии мо ба назар мерасанд. Тавре ки шумо дар боло гуфтед, ин чизест, ки ҳама бояд дар бораи он фикр ва хулоса кунанд. Аммо мутаассифона, аксари мо дирӯзро фаромӯш мекунем. Мо дарк намекунем, ки навсозиҳои имрӯза, тағйиротҳо худ аз худ ба амал намеоянд.
Имрӯз инсоният дар давраи душвор зиндагӣ мекунад. Рушди илму техника, пешрафти босуръати технологияҳои иттилоотӣ, дар минтақаҳои дигар акси садо додани ҳолати дар як гӯшаи олам ба миёномада аз ҳар як халқ, ҳар як кишвар талаб мекунад, ки дар роҳи рушд ва сиёсати худ устувор бошад. Бо назардошти равандҳои ҷаҳонишавӣ, ҳамгироӣ бо кишварҳои ҷаҳон, дар баробари ин, нигоҳ доштани анъанаҳои давлатдории худ ниҳоят хеле муҳим мебошад. Дар чунин вазъи душвор сиёсати пешгирифтаи Президент Шавкат Мирзиёев ба манфиатҳои мардум нигаронида шудааст, ки ҳадафи асосии он хушнуд сохтани мардум аст ва ҳар як шаҳрванди мамлакати мо инро шояд ҳис кунад.
То чӣ андоза аҳамият доштани барнома, фармон ва қарорҳои сарвари давлатамонро, ки на танҳо барои имрӯз ё як ё ду сол, балки панҷ, даҳ, бист соли наздик пешбинӣ шудааст, вазъияти иҷтимоию сиёсии мамлакатамон ва арсаи байналмилалӣ баръало нишон медиҳад.
Вақте сухан дар ин бобат меравад, бояд Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти рушди устувори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021-ро қайд кардан ҷоиз аст.
Дар асоси барномаи мазкур дар тӯли панҷ сол дар самтҳои такмил додани сохтори давлат ва ҷомеа, таъмини волоияти қонун ва ислоҳоти минбаъдаи низоми суду ҳуқуқ, рушд ва либерализатсияи иқтисодиёт, пурзӯр гардондани эътибор ба соҳаи иҷтимоӣ, афзоиши шуғл ва даромади воқеии аҳолӣ, таъмини амният, ризоияти байни миллатҳо ва кушодадилии динӣ пайваста ислоҳот ба ҳаёт татбиқ гардиданд.
Бо мақсади татбиқи стратегия ба ҳар сол номи муайян дода шуда, барномаҳои давлатӣ таҳия ва татбиқи онҳо таъмин карда шуданд.
— Дуруст мегӯед, Стратегияи амалиёт барои дар самти нав ва миқёси васеъ идома додани ислоҳот дар мамлакати мо асос гардид. Имсол корҳо дар асоси Барномаи давлатӣ оид ба иҷрои вазифаҳои дар стратегия муайяншуда дар «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» идома доранд. Дар вилоят барои иҷрои барнома чӣ корҳо анҷом дода мешаванд? Умуман, дар тӯли чор соли гузашта аз иҷрои барномаҳои давлатӣ қаноатманд шудед?
— Тавре ки шумо медонед, ҳар сол дар бораи татбиқи Барномаи давлатӣ фармони Президент қабул шуда, иҷрои он таъмин карда мешавад. Ба ин ҳеҷ ҷойи шубҳа нест. Ба ҳар як банди барнома масъулон, манбаъҳои молиявӣ ва муддати татбиқи вазифа муайян карда мешаванд. Ин ҳам зери назорати қатъӣ қарор дорад. Ғайр аз ин, ба мақсади таъмини иҷрои барнома дар ҳар як ҳудуд «Харитаи роҳ» тасдиқ карда мешавад, ба иҷрои он ҳокимият ва дигар ташкилотҳо масъул бошанд, шӯроҳои маҳаллӣ дар ҳар семоҳа ҳисоботи масъулонро мешунаванд.
Гуфтаниям, ки барномаи давлатӣ, пеш аз ҳама бо назардошти афкори мардум, манфиатҳои ҳудудҳо, ба мақсади аз давлат розӣ кардани одамон ва албатта, бо ба ҳисоб гирифтани имрӯзу ояндаи кишвар таҳия хоҳад шуд. Ба таъмини иҷрои ин барнома тамоми мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва масъулон ҷалб карда мешаванд.
Ба татбиқи Барномаи давлатии «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ»-и иборат аз 273 банди низ аз ин нуқта муносибат зоҳир карда мешавад.
Аз ҷумла, дар вилоятамон оид ба таъмини иҷрои барнома иборат аз 65 банд «Харитаи роҳ» тасдиқ шудааст. Гурӯҳи кории ҳамоҳангсози назди ҳокимияти вилоят рафти иҷрои барномаи давлатиро доимо назорат мекунад. Тибқи натиҷаҳои мониторинг, дар нимсолаи аввали соли равон 21 банди барномаи давлатӣ татбиқ гардида, 40-тоаш дар марҳилаи иҷро қарор доранд ва боқимонда то охири сол амалӣ хоҳанд шуд.
Имрӯзҳо беш аз 711 000 нафар аҳолии вилоятамонро ҷавонони аз 18 то 30-сола ташкил медиҳанд. Дар раванди ташаккули «Дафтари ҷавонон» қайд гардид, ки дар маҳаллаҳо 108 000 нафар ҷавонон мушкилот доранд. Бо мақсади ҳалли мушкилоти муайяншуда, кор бо ҷавонон дар қисмати ҳокимият ва секторҳо вазифаҳо муайян карда шуданд. Инчунин, бинобар ҷорӣ намудани низоми нави кор бо ҷавонон дар вилоят барномаи чорабиниҳо тасдиқ гардид, ки 123 бандро фаро мегирад. Дар доираи ин барнома, аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ барои таъмини шуғли ҷавонон, ҷалби онҳо ба соҳибкорӣ ва омӯзиши касбӣ 185 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад. Аз ин ҳисоб дар ноҳияи Пастдарғом ба воситаи рушди минбаъдаи анорпарварӣ ва туризм, дар ноҳияи Самарқанд барои ҷавонон ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешаванд. Бо мақсади баланд бардоштани завқи ҷавонон ба мусиқӣ, наққошӣ, театр ва дигар санъатҳо, ба рӯи об баровардани истеъдоди онҳо марказҳои фарҳангии вилоят бо 858 асбоби мусиқии миллӣ ва асбобҳои санъати амалӣ таъмин карда мешаванд. Дар мактабҳои миёна 90 маҳфили шабакавии мактабҳои бачагонаи «Баркамол авлод» таъсис дода мешавад. Бо мақсади обутобёбии ҷисмонии ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстии ҳарбӣ тарбия намудани онҳо дар тамоми марказҳои ноҳия ва шаҳрҳо “Долони саломатӣ” ташкил карда, 6 иншооти варзишӣ ба истифода дода мешаванд, 21 мактаби варзишӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешаванд. Бинобар ташкил кардани истифодаи самараноки технологияҳои компютерӣ ва интернет дар байни ҷавонон, рушди саводхонии медиа дар ноҳияҳои Булунғур, Каттақӯрғон, Қӯшработ, Пайариқ, Нуробод, Нарпай ва Пахтачӣ ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои таълимӣ оид ба технологияҳои рақамӣ ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин дар барнома дар вилоят бунёд намудани 46 «Гузари меҳнатии ҷавонон», 17 «Минтақаи хурди саноатии ҷавонон», 2 мактаб, «Китобхонаи ҷавонон» дар ноҳияи Пайариқ, Маркази муосири ахбору китобхона дар Булунғур муайян шудааст. Бо мақсади ба рӯи об баровардани истеъдоди ҷавонон дар ҳамаи ноҳия ва шаҳрҳо 19 мактаби тахассусии химия-биология, математика ва технологияи иттилоотӣ таъсис дода мешавад. Дар ноҳияҳои Нуробод, Пахтачӣ ва Қӯшработ Маркази ҷавонон ба истифода дода мешавад.
Мо инчунин барои беҳбуди саломатии аҳолӣ нақшаҳо ва ҳадафҳои калон муқаррар кардаем ва иҷрои онҳо таъмин мегарданд. Вақте сухан дар ин хусус меравад, мехоҳам таъкид намоям, ки аввалин амалиёти кӯчондани гурда дар Самарқанд оғоз ёфтааст. Бо ин мақсад, шуъбаи ангиоҷарроҳӣ ва трансплантатсияи Маркази тиббии бисёрсоҳаи Самарқанд ва блокҳои амалиёти ҷарроҳии он таъмир карда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз карда шуданд. Рӯзҳои 10-12 июни соли 2021, бори аввал трансплантатсияи гурда дар 3 бемор бомуваффақият анҷом дода шуд.
Соли гузашта дар диспансери кардиологияи вилояти Самарқанд дар асоси барномаи сармоягузорӣ ба маблағи 12 миллиард сӯм корҳои сохтмонӣ ва таҷдидӣ анҷом дода шуда, шаш шӯъбаи нав, ба мисли кардиореаниматсия, ҷарроҳии қалб ва патологияи артериявӣ кушода шуда буд. Мо 15 нафар ҳамватанони баландихтисосро, ки дар хориҷ кор мекарданд, ба ин ҷо ба кор даъват карда, шароити аз хориҷ камӣ надоштаро фароҳам овардем. Онҳо аз моҳи декабри соли 2020 то ба имрӯз дар Самарқанд ҷарроҳиҳои мураккаби марбут ба бемориҳои дилу рагро анҷом доданд. Имсол ба муассиса як қатор таҷҳизоти нав оварда шуданд. Дар натиҷа, фаъолияти марказ такмил меёбад.
Ғайр аз ин, мо имсол ба мақсади барвақт ошкор ва табобат кардани бемориҳои онкологӣ ва эндокринӣ дар вилоят ба мустаҳкам кардани пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои тиббии худ дар ин самт эътибори алоҳида нигарондем. Бо ин мақсад дар баробари буҷаи ҷумҳуриявӣ аз буҷаи маҳаллӣ низ маблағи зиёд ҷудо карда мешавад.
Мо барои татбиқи барномаҳо масъул ҳастем ва барои иҷрои он тамоми имкониятҳоро ба кор меандозем. Аз ин кор бояд на мо, балки мардуми мо қаноатманд бошад. Маҳз дар ҳамин ҳолат ба фаъолияти мо баҳои дуруст медиҳанд.
— Мавзӯи сӯҳбати мо худ аз худ ба иқтисодиёт дахл мекунад. Нақшаҳои бузург, маблағҳои зиёде, ки шумо дар борааш ҳарф мезанед, мустаҳкам шудани иқтисодиёти вилоятро тақозо менамоянд. Дар ин бобат имкониятҳои ҳозира чӣ гунаанд?
— Албатта, ҳар як ҳаракат, мақсад ва нақша, пеш аз ҳама, ба имконоти иқтисодӣ вобаста аст. Бинобар ҷамъбасти соли 2020 дар вилояти Самарқанд маҳсулоти нохолиси минтақавӣ 42,4 триллион сӯмро ташкил дод. Инро бо соли 2017-ум муқоиса намоем, 10,4 фоиз афзоишро дидан мумкин аст. Ҳаҷми маҳсулоти нохолиси минтақавӣ ба ҳар сари аҳолӣ 10,8 миллион сӯмро ташкил дод. Ин нисбат ба соли 2017-ум 3,9 миллион сӯм зиёд аст.
Чунин суръати афзоишро дар мисоли соҳаҳо низ дидан мумкин аст. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба чор соли пеш 27 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 0,5 фоиз, сармоягузорӣ ба капиталҳои асосӣ 20 фоиз, сармояи мустақими хориҷӣ қариб 3 маротиба, корҳои сохтмону пудрат 58 фоиз, гардиши савдои чакана 23 фоиз зиёд шуд. Дар натиҷаи таваҷҷӯҳ ба дастгирии ҳамаҷонибаи тиҷорати хурд ва шароити фароҳам овардашуда шумораи онҳо аз 17 261-и соли 2017, дар соли 2020 ба 35 000 расида, ду маротиба афзуд.
Дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми маҳсулоти нохолиси минтақа 19 триллиону 320 миллиард сӯмро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,9 фоиз афзудааст.
Аз аввали сол содирот 188,5 миллион долларро ташкил дод. Қисми асосии содирот ба маҳсулоти саноат рост меояд. Инчунин ба хориҷ ба маблағи 44 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ фурӯхта шуд. 385 корхона ба 46 кишвари дунё 471 намуди маҳсулот содир карданд.
Бо ташаббуси сарвари давлат дар соли 2017 таъсис дода шудани Минтақаи озоди иқтисодии Ургут иқтидори иқтисодии вилояти моро боз ҳам васеътар намуд.
Имрӯз дар минтақаи озоди иқтисодии Ургут 84 лоиҳаи сармоягузории арзишаш 402 миллион доллар амалӣ карда мешавад. То имрӯз дар минтақа 55 лоиҳа ба маблағи 313 миллион доллар амалӣ карда шуда, як қатор корхонаҳои саноатӣ ба кор дароварда шудаанд, ки дар онҳо зиёда аз 4300 нафар кор мекунанд. Ин корхонаҳо 220 намуди маҳсулот, аз ҷумла плитаҳои газ, молҳои саноати сабук ва маснуоти чармӣ, қолинҳо, воситаҳои гигиенӣ, асбобҳои барқӣ истеҳсол мекунанд.
Зимни сафари худ ба вилоят моҳи апрели соли равон сарвари давлат дастур дода буд, ки минтақаи озоди иқтисодии Ургут васеъ карда, корхонаҳои он дар дигар ҳудудҳои вилоят таъсис дода шаванд. Дар айни замон, ин кор босуръат идома дорад.
Аз ҳисоби истифодаи самараноки захираҳои мавҷудаи табиӣ дар саноати масолеҳи сохтмонӣ дар вилоят истеҳсоли семент ба роҳ монда шуд. Имрӯзҳо, 4 корхонае, ки соле иқтидори истеҳсол намудани 660 000 тонна сементро доранд, фаъолият нишон медиҳанд. Имсол боз ду чунин корхона ба сафи онҳо ҳамроҳ мешаванд.
Ислоҳоти куллии соҳаи кишоварзиро имрӯз на танҳо иқтисоддонҳо, балки халқамон дар тарзи зисташон мушоҳида менамоянд. Дар асоси усули нав дар соҳаи пахта ва бофандагӣ 10, дар соҳаи меваю сабзавот 13 ва дар дигар самтҳо 21 кластер таъсис дода, ба онҳо 164,4 ҳазор гектар замин вобаста карда шуд.
Дар натиҷаи ин корҳо, ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳар сари аҳолӣ соли гузашта 8,9 миллион сӯмро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 2,7 миллион сӯм зиёд аст. Ба ибораи дигар, дар соли 2020 ба маблағи 33,6 триллион сӯм маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд.
— Агар дар бораи иқтисодиёти вилояти Самарқанд ҳарф занем, ба туризм диққат надодан ғайриимкон аст. Хусусан солҳои охир, ба туфайли корҳо оид ба рушди ин соҳа дар мамлакати мо, туризм яке аз драйверҳои асосии вилоят ба ҳисоб меравад...
— Дуруст аст, ки имрӯз саҳми туризм дар иқтисоди мо оҳиста бошад ҳам меафзояд. Дарвоқеъ, ба туфайли имконот ва захираҳое, ки мо дорем, ин соҳа бояд яке аз самтҳои асосӣ бошад. Дар тӯли ду сол, пандемияи коронавирус ба туризм таъсири манфӣ расонд. Аммо лоиҳаҳое, ки бояд иҷро шаванд, қатъ нашуданд.
Бо ташаббуси роҳбари давлати мо соли гузашта дар атрофи канали заврақронӣ Самарқанд дар майдони 212 гектар сохтмони маркази сайёҳӣ оғоз ёфта буд. Дар айни замон, дар ин ҷо як толори бошукӯҳи Конгресс, корвонсарои «Шаҳри абадӣ» ва 8 меҳмонхонаи замонавӣ сохта мешаванд. Ду меҳмонхонаи 22 ошёна 5 ситора дошта, боқимондаашон чорситорадор хоҳанд буд. Дар соли 2022 ба истифода додани маркази мазкур ба нақша гирифта шудааст.
Бозсозии аэропорти байналмилалии Самарқанд низ ба рушди сайёҳӣ дар вилоятамон мусоидат хоҳад кард. Аэропорт, ки имсол ба истифода дода мешавад, имкони рӯзе амалӣ намудани то 40 парвозро фароҳам меорад.
Дар соли 2019 шумораи воситаҳои ҷойгиркунии хидматрасонӣ ба сайёҳон дар вилоятамон 296 ададро ташкил дода бошад, имрӯз онҳо ба 412 адад расидаанд. Ин иншоот метавонанд дар як вақт беш аз 11 500 меҳмонро қабул кунанд. Ҳоло дар вилоят 171 меҳмонхона ва 217 хонаи меҳмонии оилавӣ мавҷуданд. Ба сайёҳон 136 автобус, 126 микроавтобус ва 20 автомобилҳои барқӣ, 181 операторони сайёҳӣ ва 336 роҳнамо-тарҷумонҳо хидмат мерасонанд.
Дар 6 моҳи аввали соли 2021 84 лоиҳаи сайёҳӣ ба кор дароварда шуд. Аз ҷумла, 12 меҳмонхона ба истифода дода, 45 хонаи меҳмонии оилавӣ таъсис дода шуд. Берун аз шаҳр барои сайёҳон 15 хатсайри нави сайёҳӣ роҳандозӣ шудааст.
Бори аввал дар Самарқанд кӯчаи гастрономӣ, дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Конигили ноҳияи Самарқанд аввалин деҳаи туристии кишвар таъсис дода шуд. Имсол чунин ҷойҳо дар деҳаҳои Терсак ва Чоштеппаи ноҳияи Ургут бунёд мешаванд.
Таваҷҷӯҳи махсус ба рушди сайёҳии зиёратӣ, афзоиши гардиши сайёҳони хориҷӣ зоҳир карда мешавад. Барои ин, ба сайёҳон тибқи стандартҳои байналмилалӣ хидмат расонида, имконият фароҳам овард, ки сайёҳон якчанд рӯз дар кишвари мо, алалхусус дар Самарқанд бимонанд.
Бо ин мақсад, бо ташаббуси Президентамон корҳои барқарорсозӣ дар маҷмӯъи Имом Бухорӣ идома доранд. Дар атрофи зиёратгоҳ 7 меҳмонхона, 3 таваққуфгоҳ ва автовокзал, супермаркет, бозор ва дигар нуқтаҳои хидматрасонӣ сохта мешаванд.
Имсол барои васеъ ва обод кардани зиёратгоҳҳои Имом Мотуридӣ дар Самарқанд ва Имом Доромӣ дар ноҳияи Тайлоқ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои сайёҳон дар ин масканҳо тадбирҳо андешида мешаванд.
Умуман, меҳмонони хориҷии Самарқанд имрӯз имкон доранд, ки на танҳо ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии шаҳрро бубинанд, балки ҷойҳои сайёҳӣ ва ҷойҳои муқаддаси минтақаҳои дигари вилоятро тамошо кунанд.
Соли гузашта аз сабаби пандемия 633 000 сайёҳ ба Самарқанд ташриф оварданд. Имсол, дар натиҷаи сабук гардидани маҳдудиятҳои карантинӣ, соддагардонии расмиёти раводид барои шаҳрвандони як қатор кишварҳо, азсаргирии парвозҳои байналмилалӣ ва дастгирии фаъоли туризми дохилӣ дар нимсолаи аввали сол 1 миллиону 86 ҳазор сайёҳ ба Самарқанд ташриф овард. Зиёда аз 54 000 нафари онҳо сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
— Эркинҷон Оқбӯтаевич, барои таҷлили ҷашни аз ҳама бузург ва аз ҳама азизи мо вақти кам мондааст. Бо сабаби пандемияи коронавирус расмиёти карантин пурзӯр карда мешаванд. Шумо дар чунин шароит идро чӣ гуна тасаввур мекунед?
— Пеш аз ҳама, тандурустӣ барои ҳамаи мо муҳим аст. Агар ҳар як инсон ва наздикони онҳо солим бошанд, ба ин хонадон ҳам ид ва ҳам тӯйҳо зеб мебахшанд. Бинобар ин, ҳоло, пеш аз ҳама, мо бояд дар бораи саломатии мардуми худ фикр кунем, ба қоидаҳо ва тавсияҳои Комиссияи ҷумҳуриявӣ қатъиян риоя кунем. Ғайр аз ин, сулҳу оромӣ дар кишвари мо, дар ҳар хонадон, эътимоди қавии мардуми мо ба оянда – кайфияти идона, саодатест, ки истиқлолият ато намудааст. Онро ҳар рӯз, дар ҳар хонадон ҷашн гирифтан мумкин аст.
Суҳбаторо
Ғолиб ҲАСАНОВ,
мухбири ӮзА.