Мо ҳар сол дар мавсими обуна, пеш аз ҳама, ба сӯйи мактабҳои тоҷикии вилоят раҳсипор гардида, бо дасти холӣ барнамегаштем.
Онҳо ба ҳадди имкон ба рӯзнома обуна мешуданд. Мегӯянд, ки солҳои пеш ин қабил мактабҳо дар вилоят хеле зиёд будаанд, аммо аввали солҳои 2000-ум миқдори онҳо 15-торо ташкил мекард. Бо сабабҳои гуногун ин мактабҳо низ аз байн рафтанд. Ҳоло дар қаламрави вилоят танҳо дар мактаби миёнаи рақами 8-уми ба номи Берунии ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Шавгони ноҳияи Пешкӯ фақат ду синфи тоҷикӣ (VII «Д» – 8 нафар, XI «Д» – 9 нафар талаба дорад) амал мекунад.
Чанд сол пеш дар ноҳияи Пешкӯ низ мактабҳои тоҷикӣ бисёр буданд. Тақрибан даҳ соли охир таълимгоҳҳои рақамҳои 10, 11, 30 ҷараёни таълиму тарбияро пурра ба забони ӯзбекӣ баргардонданд. Бо вуҷуди ин, азбаски аҳолии ин ҳудудҳо, омӯзгорону талабагони ин мактабҳо пурра тоҷиканд, мо ҳар сол бо мақсади обунаи «Овози тоҷик» ба он ҷо рафта, ба онҳо муроҷиат мекунем. 3 ноябри соли ҷорӣ боз сафари хидматии мо ба ин ҳудуд – ноҳияи Пешкӯ ба амал омад. Бояд таъкид намуд, ки ин деҳаҳо дар самти ғарбии ноҳия воқеъ гардидаанд.
Дар бинои идораи маҳаллаи Зандане ҷараёни таъмир идома дошт, аз ин рӯ он ҷо касе набуд. Мо бо раиси маҳалла Инобат Бердиева дар кӯча вохӯрдем. Бино бар он ки ҷараёни ғунучини ҳосили пахта идома дорад, вай ба назар серташвиш менамуд. Маҳалла 3600 нафар аҳолӣ дорад ва ҳамаи онҳо тоҷиконанд. Имсол он шомили барномаи «Обод қишлоқ» гаштааст. Вақте ки сардори маҳалла аз нияти мо огоҳ гардид, хоҳиш кард, ки бо роҳбари ҳудуд Бобур Икромов вохӯрам, зеро вай бо раисони хоҷагиҳои фермерӣ бевосита алоқадор асту ба масъалаи обуна шояд ёрдам кунад.
Сӯйи коргоҳи Б.Икромов раҳсипар шудам. Дар роҳ мулоқоти мо бо чанд нафар ба амал омад. Онҳо собиқ хатмкунандагони мактаби тоҷикии №16 ба номи Островский будаанд. Ҳоло ба табдили забон кардани ин таълимгоҳ тақрибан 25-30 сол шудааст. Ҳамсуҳбатамон деҳқони пуртаҷриба Қандиёр Орифов аз мақсадамон огоҳ гардида, таъкид намуд, ки ҳоло ҳам дар деҳа ҳаводорони забони модарӣ ва рӯзномаи тоҷикӣ кам нестанд. Дар ҳудуд шахсоне ҳастанд, ки ба ғайр аз забони тоҷикӣ ба дигар забон ҳарф зада наметавонанд.
Б.Икромов дар чорроҳа омадани раиси маҳалларо интизорӣ мекашид. Масъалаи иҷрои плани пахта дар ҳудуд онҳоро ором намегузошт. Ҳашт-нӯҳ хоҷагии фермерӣ нақшаи шартномавиро ба сомон расонда бошанд ҳам, боз 10-15 хоҷагӣ баҳри фатҳи марраи мурод азму талош доштанд. Раиси ҳудуд мактуби моро бобати обуна ба даст гирифта андешамандона гуфт:
– Мо тоҷик бошем ҳам, ба забони модарии худ нахондаем.
– Ғайр аз ҳарфи «ҷ» дигар ҳарфҳо бароятон шинос аст. Рӯзномаро бемалол хонда метавонед.
– Мегӯянд, ки забони адабӣ аз шева фарқи калон дорад.
– Дуруст, вале забони модарӣ забони хориҷӣ нест, ки онро калима ба калима аз нав омӯзед.
– Фаҳмо, фермеронро ба обунаи «Овози тоҷик» ташвиқ мекунам, шояд хоҳишмандон ёфт шаванд, – хулоса кард роҳбар.
Мо боз ба роҳ баромадем. Қад-қади роҳ бо масъалаи обуна ба мактаби миёнаи №16, коллеҷи иқтисодиёти Пешкӯ, поликлиникаи оилавии Зандане, мактабҳои миёнаи собиқ тоҷикии рақамҳои 9, 10, 11, 44, бунгоҳи тиббии Қудрашех ва ғайра даромада, ҷамоаҳоро ба дастгирӣ намудани рӯзномаи дӯстдоштаамон – «Овози тоҷик» ҳидоят кардем. Ҳангоми мулоқот бо директори мактаби № 11 Ш. Адизов ва дигар ҳамзабонон бори дигар эҳсос намудем, ки муҳит онҳоро аз мутолиа ба забони модарӣ хеле дур карда, дар вуҷуди эшон бобати дарки забони адабӣ шубҳа ангехтааст.
Ниҳоят мо ба мактаби миёнаи №8-и деҳаи Шавгон расидем. Қитъаи интихоботии №320-уми ҳавзаи интихоботии «Ибни Сино» дар бинои нави дуошёнаи мактаб ҷогузин шудааст. Роҳбари қитъаи интихоботӣ ва директори мактаб Норбой Абдуллоев ва котиби масъули он, омӯзгор Нутфулло Бозоров дар дафтари корӣ саргарми кор буданд. Азбаски мо бо онҳо рафиқи дерина ҳастем, баъди вохӯрии самимона суҳбатамон хеле давом кард. Талабагон баъди чоряки якум ба таътил баромадаанд. Соли хониши ҷорӣ дар ин ҷо дар 25 синфҳои I-XI ҷамъ 622 нафар хонандагон таълиму тарбия мегиранд. Ба онҳо 80 нафар омӯзгорон, ки ҳама соҳиби маълумоти олианд, аз фанҳои гуногун дарс медиҳанд. Мактаб соли 1932 ташкил ёфта, ҳамчун таълимгоҳи тоҷикӣ шинохта шудааст. Вай то соли 2009 пурра тоҷикӣ буд. Баъд аввалин синфи ӯзбекӣ дар ин ҷо падид омада, тадриҷан мактаб забони таълимро дигар кард. Бо вуҷуди ин боз се синфи тоҷикӣ ба фаъолият оғоз кард. Аммо соли 2017 синфи VII-и тоҷикӣ, ки 22 нафар талаба дошт, аз таълим ба забони модарӣ рӯ гардонд. Мутаассифона, лоқайдӣ ва беэътибории мутасаддиёни мактабу маориф, сари вақт дастрас нагардидани китобҳои дарсӣ, дар литсейҳои академию коллеҷҳо вуҷуд надоштани имконияти таълимгирӣ ба забони модарӣ барин омилҳо боиси чунин ҳол шуданд.
– Соли хониши оянда се синфи якум мекушоем. Яктои онро, албатта, тоҷикӣ мекунем, – гуфт директор.
– Муаллим, шумо собиқаи кории 37-сола доред ва аз ҷараёни таълиму тарбияи мактаб ба ду забон хуб огоҳ ҳастед. Бигӯед, ки таҳсил ба забони модарӣ афзалият дорад?
– Банда на фақат ҳамчун роҳбар, балки ҳамчун омӯзгори фанҳои физикаю математика низ ба шогирдон ба ду забон сабақ дода, кайҳост, ки дар таҷриба озмудаам. Бобати илмомӯзӣ волоият ва ҷойи забони модариро ҳеҷ як забон иваз карда наметавонад. Шоир беҳуда нагуфтааст:
Ҳар кас ба забони худ
сухандон гардад,
Донистани сад забон пас
осон гардад.
– Аҷаб дунёи гирдгардон, – ба гап ҳамроҳ шуд омӯзгори мусиқа Н. Бозоров, – мактаб тоҷикӣ буду талабгорони забони дигар ариза менавиштанд. Ҳоло ин рӯз ба сари худамон – мухлисони забони модарӣ омад. Ҳайронам, баъзан шуъбаи молия миқдори талабагон кам гуфта, ба кушодани синфи тоҷикӣ мамониат мекунад. Аммо дар Ҷинғилдӣ мактабҳои №24, №25, №27 барои чор нафар, ҳатто як нафар қазоқ синф доранд.
– Бо мақсади аз байн нарафтани синфҳои тоҷикӣ соли 1997 аз мактабҳои тоҷикии ноҳияи Паркенти вилояти Тошканд ва вилояти Қашқадарё китобҳои дарсӣ оварда будем, – ёдоварӣ намуданд мусоҳибон. – Солҳое, ки мактаб тоҷикӣ буд, вай нафақат дар вилоят, балки дар ҷумҳурӣ ҳам эътибори ба худ хос дошт, талабагонамон дар озмунҳои фаннӣ нафақат дар вилоят, балки дар ҷумҳурӣ низ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегаштанд, – изҳор дошт директор. — Ҳоло низ дар мактаб Дилдора Пӯлодова (омӯзгори забони хориҷӣ), Дилшода Раҳимова (синфҳои ибтидоӣ ва мудири қисми илмӣ), Нутфулло Бозоров (суруд ва мусиқӣ), Акрам Гадоев (забон ва адабиёти тоҷик), Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон Комил Тӯхтаев (тарбияи ҷисмонӣ) барин омӯзгорон бо самаранокии кори худ ба дигарон намуна мегарданд.
Се сол муқаддам дар ин ҷо ба истифода супурда шудани бинои дуошёнаи нав ва ба тасарруфи мактаб даромадани бинои идораи колхоз имконият дод, ки ҷараёни таълиму тарбия дар як баст сурат бигирад. Китобхонаи мактаб дорои адабиётҳои тоҷикию ӯзбекӣ мебошад. 15 адад компутери синфӣ ва 15 компутери идоравӣ ҳам ба ҷараёни дарс, ҳам ба ҷараёни коргузорӣ кӯмак мерасонад. Аз гуфтаҳои мусоҳибон аён гардид, ки ҷамоаи мактаб соли 2018 ба 7 нусха «Овози тоҷик» обуна шуда, соли 2019 «танаффус» кардаанд. Онҳо моро бовар кунонданд, ки барои соли оянда ҳатман обуна мешаванд.
Мо вақти бозгашт бо масъалаи обуна ба поликлиникаҳои оилавӣ, заводи пахтатозакунии Пешкӯ, мактаби миёнаи собиқ тоҷикии №30-и деҳаи Хоҷаи Пешкӯ ва ғайра муроҷиат намудем. Офтоб кайҳо ғуруб карда, чодари торикӣ атрофро иҳота намуда буд.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.