ҲАР КАСЕРО БАҲРИ КОРЕ СОХТАНД...

Имрӯзҳо дар ташаккули афкори ҷомеа нақши воситаҳои ахбори оммавӣ хеле зиёд аст.

Рӯзномаву маҷалла, радиову телевизион ба ташаккули афкори ҷомеа мусоидат мекунанд. Яъне адибону журналистон бо навиштаҳои публитсистии худ метавонанд дар ташаккули насли бофарҳангу ватандӯст  саҳми арзандае дошта бошанд.
Дар байнамон бонувони хирадманду соҳибмаърифате ҳастанд, ки сарфи назар аз пастию баландиҳои рӯзгор ҳамеша соҳибэҳтироманд, зеро онҳо хушбахтии хешро дар саодати халқу миллат ва кишвар дониста, дарди ҷомеаро аз манфиати худ боло меҳисобанд.
Яке аз бонувони дорои чунин фазилатҳои наҷиб, узви иттиҳодияҳои журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, масъули бахши мактаб ва маънавияти «Овози тоҷик» – Саодат Бекназарова мебошад.
Апаи Саодат аз аввалин журналистзанони тоҷики қаторкӯҳи Нуратост, ки дар ҷодаи хабарнигорӣ то ҷое комёб гардидааст. Маҷмӯи мақолаҳои публитсистӣ, ҳикоя ва тарҷумаҳояш дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд» ва «Ховар» рӯйи чопро дидааст. Дар мақолаву ҳикояҳояш самимияте нуҳуфтааст. Ӯ дар сермазмун гардидани саҳифаҳои «Ҷаҳони зан» ва «Омӯзгор»-и «Овози тоҷик» саҳм мегузорад.
С. Бекназарова дар баробари идомаи фаъолияти рӯзноманигорӣ ҳоло ҳам талош дорад, ки дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ асарҳо эҷод кунад. «Армуғон» нахустин китоби алоҳидаи ӯ мебошад, ки дар қиссаву ҳикояҳо аз ҳаёти мардуми деҳот ва шаҳр, қадриятҳо ва арзишҳои миллӣ, инсондӯстию меҳмоннавозӣ, меҳру оқибат, тарбияи фарзанд, муқаддасии оила ва баъзе хислатҳои инсонӣ намунаҳо овардааст, ки аҳамияти тарбиявӣ доранд.
Мо медонем, ки инсонро бо донишу меҳнаташ қадр мекунанд. Ҳамкорамон соли 2023 дар озмуни миллии «Олтин қалам – XVII» иштирок намуда, аз рӯйи номинатсияи «Барои беҳтарин мақолаҳои оиди бандкунӣ бо шуғл» дастболо гардид, ки ин ғамхорӣ ва эътибор ба аҳли эҷод ва журналистон мебошад.
Саодат Бекназарова инчунин, дар озмуни ҷумҳуриявии нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Ҷумҳурият» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд дар пайравӣ ва арҷгузории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Дуои модар» иштирок намуда, сазовори ҷоиза ва мукофот дониста шуд.
Соҳибкасбон ҳамеша соҳибиззатанд. Ифтихори бузург танҳо аз меҳнат ва касби пуршараф ба даст меояд. Ба гуфти шоир:
Ҳар касеро баҳри коре 
сохтанд,
Меҳри онро дар дилаш 
андохтанд.
Мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ барои меҳнати фидокоронаашон дар роҳи пойдор сохтани арзишҳои демократӣ дар ҷомеа, таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар соҳаи иттилоот, барои дастовардҳои бузургаш Саодат Бекназарова бо ордени «Дӯстлик» мукофотонида шуд. 
– Меҳнати чандинсолаам аз ҷониби ҳукумат қадр гардид, ки ин далели гиромидошти инсон, эътибор ба якдилӣ ва ҳамгироии миллатҳо дар кишвари ободу зебои мо мебошад, – мегӯяд апаи Саодат. – Гуфтан ҷоиз аст, ки дар ин эътироф на танҳо  хидматҳои ман дар соҳа, балки ҳиссаи устодон ва ҷамоаи «Овози тоҷик» хеле калон аст. Вақте мукофотро ба ман супурданд, беихтиёр пандҳои падари бузургворам, хидматҳои омӯзгорони мактаби миёнаву донишкада, ки ҳама фидоии касби худ буданд, пеши назар омаданд. Шоир барҳақ фармудааст:
Зиндагиро аз падар 
омӯхтам, 
Равшаниро аз қамар 
омӯхтам.
Гиря аз борони найсони 
баҳор,
Ханда аз субҳи саҳар 
омӯхтам.
Ҳусни зеборо зи гулзори 
Ватан,
Маъниро аз шеъри тар 
омӯхтам.

Махфират МАМАҶОНОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: