Ӯ аз зумраи устодоне аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Фарғона тайи солҳои зиёд аз забоншиносӣ сабақ медиҳад.
Ба ин васила дар миёни ҳамкорон ва шогирдони худ шуҳрату эътибор пайдо кард. Суҳбати мо бо номзади илмҳои филология Эҳтиётхон Ибрагимова дар кафедраи забоншиносии донишгоҳ ба вуқӯъ пайваст.
Тавре ки вай дар оғози суҳбат изҳор кард, зодаи деҳаи Тоҷикқишлоқи ҷамоати шаҳрвандони Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷои Қирғизистони ҳамҷавор мебошад. Ҳанӯз солҳои мактабхонӣ дар мактаби миёнаи ба номи «Дружба» дар дилаш орзуи соҳиб шудан ба касби омӯзгорӣ маъво гирифта буд. Аз ин рӯ, хост, ки баъди хатми мактаби миёна ин орзуяшро амалӣ созад.
– Вақте ки мактабро бо медали тилло хатм намудам, падару модарам маслиҳат доданд, ки ба шаҳри Фарғона равам, зеро ин шаҳр ба Учқӯрғон хеле наздик аст. Онҳо гуфтанд, ки агар таҳсилро дар донишкадаи омӯзгории (ҳоло Донишгоҳи давлатӣ) Фарғона давом диҳам, бечуну чаро онҳоро аз ташвиши раҳпоӣ раҳо мекунам. Сонӣ, донишкадаро, ки хатм кардам, фаъолиятамро дар мактаби деҳаамон оғоз менамоям. Ман ин маслиҳати падару модарамро пазируфтам ва ҳамон сол бо супурдани як имтиҳон донишҷӯйи факултети филология шудам, – ба ёд овард Эҳтиётхон.
Маълум шуд, ки вай дар оилаи механизатор Исмоилҷон Ибрагимов ва омӯзгор Ӯлмасхон Солиҷонова ба дунё омадааст. Онҳо як писару се духтар доштанд. Ба гуфтаи Эҳтиётхон падараш дар мавсими ғалладаравӣ бо комбайн ҳосили майдонҳои ғаллаи ҷамоати Учқӯрғонро дарав мекард. Баъди анҷоми ин мавсим бо трактор ба шудгор кардани заминҳои аз кишт холишуда машғул мешуд. Гоҳ-гоҳ ба сари чанбари экскаватор нишаста, корҳои гуногунро анҷом медод. Акнун вай нафақахӯр аст.
– Модарам бошанд, то синни нафақа дар мактаби миёнаи ба номи устод Садриддин Айнӣ ба синфҳои ибтидоӣ сабақ медоданд. Худашон, ки омӯзгор буданд, аз дохил шуданам ба донишгоҳ чунон хушҳол шуданд, ки гӯё дар курта намеғунҷиданд. Ба ман гуфтанд, ки бояд таҳсил дар донишгоҳро низ чун мактаби миёна бо баҳои аъло тамом кунам, – изҳор намуд Эҳтиётхон Ибрагимова.
Тавре ки ҳамсуҳбати мо боз тазаккур дод, солҳои донишҷӯӣ дар анҷуманҳо бо маърӯзаҳои илмӣ баромад мекард ва донишу маҳорати худро дар бобати ироаи мақолаҳои илмӣ ва маърӯзаҳо сайқал медод. Вай мегӯяд, баъди хатми донишгоҳ дар кафедраи забоншиносӣ ӯро ба кор қабул карданд.
– Ин иқдоме буд, ки барои ба корҳои илмӣ машғул шуданам заминаи мусоид фароҳам овард. Ман дар кафедраи маданияти нутқ ба кор шурӯъ намудам. Вақте ки таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Алиҷон Мамаҷонов дар мавзӯи «Усул ва воситаҳои ифодаи мазмуни ироникӣ дар забони ӯзбекӣ» рисолаи номзадиамро ҳимоя кардам, дар баробари устодону ҳамкорон, ҳамаи пайвандонам ҷамъ омаданд ва маро гулборон карданд. Хурсандии онҳоро дида дар чашмонам ашк ҳалқа мезад. Хусусан, дар чеҳраи падарам ҳисси ифтихору шодӣ шуъла мезад ва гаштаву баргашта маро ба оғӯш кашида, мисли кӯдак навозиш мекарданд, – мегӯяд Эҳтиётхон Ибрагимова.
– Дар айни ҳол мудири кафедраи забоншиносӣ ҳастам. Дар баробари ин тадқиқоти илмӣ мебарам, барои навиштани рисолаи докторӣ мавод меғундорам. Мавзӯи рисолаи докториам «Тадқиқи аксикологии лексикаи забони ӯзбекӣ» мебошад ва таҳти роҳбарии профессор Алиҷон Мамаҷонов ба пажӯҳиши он машғул ҳастам, – иброз дошт Эҳтиётхон Ибрагимова.
Дарвоқеъ, Шайх Саъдӣ фармудааст:
Ҳар касеро натавон гуфт,
ки соҳибназар аст,
Ишқбозӣ дигару
нафспарастӣ дигар аст.
Эҳтиётхон Ибрагимова дар баробари он ки фатҳи қуллаҳои баланди илмро ҳадаф қарор додааст, итминон ҳосил намудааст, ки одам бояд соҳибназар бошад ва аз балои нафспарастӣ парҳез кунад. Он гоҳ ба ҳадафҳои дар пеш гузоштааш мерасад ва дар ҳаёт комрону комёб мешавад.
– Роҳи ҳаёт пурпечутоб будааст. Одамони атроф низ гуногунхислату соҳиби фикру андешаҳои мухталифанд. Дар байни ҳамкасбону ҳамкорон одамонеро метавон пайдо кард, ки ба пешрафти дигарон, ба ҷойи ҳавас, ҳасад мебаранд, ҳатто баъзан носазо мегӯянд, – таъкид намуд Эҳтиётхон Ибрагимова ва афзуд. – Хусусан, агар кас хоста бошад, ки диққату эътибори одамони некро ба худ ҷалб намояд, бояд худаш нисбати дигарон дар муносибати хубу самимӣ қарор гирад. Беҳуда нагуфтаанд: «Ба даст овардани дунё ҳунар нест, якеро гар тавонӣ, дил ба даст ор».
Эҳтиётхон Ибрагимова дар айни ҳол ба гурӯҳҳои тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона сарварӣ мекунад. Ҳамзамон ба ин донишҷӯён аз забони давлатӣ дарс низ медиҳад. Тавре ки вай гуфт, дар байни донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикӣ ҷавонони болаёқат зиёданд, ки ба дарсу машғулиятҳои амалӣ ҳамеша ҳозиранд, ба он бо эҳсоси масъулият муносибат мекунанд, аз тариқи саволу ҷавоб дониши андӯхтаашонро мустаҳкам менамоянд.
– Дар байни донишҷӯён ҷавононеро низ дучор мешавем, ки ба омӯзиши илм чандон иштиёқ надоранд. Чунин ба назар мерасад, ки танҳо ба хотири гирифтани диплом шомили донишгоҳ шудаанд, – бо таассуф зикр намуд ҳамсуҳбати мо.
Мудири кафедраи забоншиносӣ мегӯяд, ҳамин ки аз кор фориғ шуд, фавран ба хона мешитобад, зеро он ҷо ӯро шавҳараш – Нозилбек Фозилов ва ду писару як духтараш интизоранд. Вай бо ифтихор арз намуд, ки фарзандҳояш мисли ҷавонони зиёди кишвар инсонҳои хушбахту хуштолеъ ҳастанд, зеро дар чунин мамлакати амну суботаш барқарор ба камол мерасанд.
– Ман ҳамеша ба фарзандон ва шогирдонам ҳамин нуктаро батакрор таъкид мекунам, ки ба қадри ғамхориҳои Президент бирасанд, чунки барояшон шароити хуберо муҳайё сохтаанд. Барои ҳамин онҳоро лозим меояд, ки аз ин шароит дуруст истифода кунанд ва соҳиби илму маърифат шаванд. Ояндаи кишвар дар дасти ҳамин ҷавонон аст, – иброз дошт Эҳтиётхон Ибрагимова.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.