ҲАР КӢ БОҒ ДОРАД, ХАЗИНАДОР АСТ

Гузаштагони мо аз қадимулайём барои бунёди боғ заҳмат кашида, зиндагии хешро аз ҳисоби он ҳам як қадар таъмин мекардаанд.

Гузаштагони мо аз қадимулайём барои бунёди боғ заҳмат кашида, зиндагии хешро аз ҳисоби он ҳам як қадар таъмин  мекардаанд. Боғ бунёд кардан, албатта, осон нест. Ниҳолҳоро бояд бо меҳр парвариш кунӣ. Ба таъбири Мавлавии Балхӣ: – “Панҷ солу ҳафт бояд, то дарахт, ёбад аз меварасонӣ фарру бахт”, яъне, аз серҳосилӣ соҳиби худро хушнуду комгор гардонад. Меваҷот дар бозор маломол гардад. Ва аз шаҳди он мардум ком ширин кунанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки офати баҳри Арал барои аҳли кишвар гарон афтод. Бар замми он мо даркору нодаркор арчазорҳоеро, ки обро дар худ нигоҳ медоранд, буридем, нобуд кардем.
Дар натиҷа кӯҳҳо лучу урён монданд. Бориши барфу борон кам шуд. Муҳитро чангҳои заҳролуд фаро гирифт. Чашмаҳо хушк шуда, оби дарёҳо хеле кост. Ҳатто дарёи бузурги Ому ҳам, ҳоло ба  баҳри Арал хеле кам мерезад.
Зиёда аз ду сол боз бо пешниҳоди Президенти кишварамон Шавкат Мирзиёев баҳри барқарор кардани табиати гирду атрофи ин баҳр дар ҳазорҳо гектар замин ниҳолҳои саксавул шинонида шуданд. Чанде пеш дар оинаи нилгун ниҳолҳои сарсабзи назди баҳрро дида, ба чашмони худ бовар намекардам. Пас аз ин икдоми нек, мо амин гаштем, ки қудрату тавоноии инсон барои пешгирии ҳама гуна офатҳо мерасидааст.
Ба қарибӣ роҳбари давлатамон боз ба як кори нек даст зад. Масъалаи дар муддати чил рӯз дар  гӯшаву канорҳои кишвар бунёд кардани минтақаи сабзро ба миён гузошт. Ҳоло мувофиқи ин ташаббус дар тамоми гӯшаву канори диёрамон боғҳо бунёд мегарданд.
Мақсад аз барпо кардани минтақаҳои  сабз чист? Мо бояд, пеш аз ҳама, бо чунин ташаббускориҳо пеши роҳи хушксолиҳоро бигирем. Баҳри фаровонии об замина гузорем. Муҳити атрофи хешро аз ҳаргуна чангҳои заҳроолуд эмин нигаҳ дорем. Боғҳои мевадор бунёд карда, мардуми хеш ва дигаронро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин кунем. Бояд ҳар яки мо сари ин икдом биандешем ва заррае бошад ҳам, дар ин кори хайр ҳиссаи хешро гузорем. 

Нуралӣ РАҶАБ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: