Абдулло РАҲМОН
Фарқ дорад ошиқе аз ошиқе,
Ҳар кӣ дорад ишқи бар худ лоиқе.
Бингарӣ бошад яке ошиқ ба пул,
Дигаре онро намеёбад қабул.
Мансаб аз баҳри касе бошад азиз,
Баҳра з-он гарчи нагирад як пашиз.
Гар яке дилбастаи симу зар аст,
Он чу оҳанпора пеши дигар аст.
Дӯст медорад яке хамру шароб,
Дигар аз дидори он бошад қимоб.
Гар яке дилдода бар нашъа-сту банг,
Дигаре савдоии қучқорҷанг.
Бингарӣ гоҳо ба ҷойи кӯдаке,
Меҳри худро бар сагаш дода яке...
Ошиқонро гар кунам як-як шумор,
Бигзарад аз сарҳади садҳо ҳазор.
Ҳар касе дар пояи завқи шуур,
Мекунад аз кори худ завқу ҳузур.
Одамӣ бар ҳарчи бошад дастрас,
Беш бар он бошадаш майлу ҳавас.
Муддаӣ ҳар кас, ки шуғли ӯ ҳақ аст,
Дигарон гӯё ба чашмаш аҳмақ аст.
...Ман надидам ошиқеро дар ҷаҳон,
Бошараф аз дӯстдори одамон.
Чунки дар ин олами дуну касиф,
Нест чизи дигар аз одам шариф.
Афзали махлуқи дунё одам аст,
Гавҳари ноёби якто одам аст.
Ҳар чи дар дунёст баҳри одам аст,
Ҳам туфайли одам олам олам аст.
Ҳар кӣ одамро надорад дӯст агар,
Чашмдор аз ӯ нашав чизи дигар.
Ошиқи одам азизи бебақост,
Ошиқи одам дар эъзози Худост.
Ман дар ин дунёи беҳадду канор,
Ошиқам бар зулфи шеъру зулфи ёр.
ТАКЯ БАР ХУД КУН
Агар ту вориси Тахти Ҷам астӣ, такя бар худ кун,
Худодод ар чу Ибни Марям астӣ, такя бар худ кун.
Ҷавонмардӣ набошад такя бар моли падар кардан,
Агар меросхори Ҳотам астӣ, такя бар худ кун.
Сари сабзат нахоҳӣ, ки диҳӣ бар бод чун Суҳроб,
Агарчи нури чашми Рустам астӣ, такя бар худ кун.
Ба сар кун соя дасти хешу аз баҳри Ҳумо бигзар,
Чу бо Симурғ ёру ҳамдам астӣ, такя бар худ кун.
Ба боли дигарон парвоз кардан аз заифтабъист,
Чу шогирди Имоми Аъзам астӣ, такя бар худ кун.
Бикан чашми умед аз чашмае, ки дигарон канданд,
Агар сарчашмадори Замзам астӣ, такя бар худ кун.
Агар модар, падарро дӯст дорӣ бори худро каш,
Ба маънӣ гар зи насли одам астӣ, такя бар худ кун!
Сабукмағзӣ бувад ҷуз такя кардан бар Худо з-он пас
Паямбарзода гарчанде ҳам астӣ, такя бар худ кун.
НОМАИ МУҲАББАТ
Мо омадем, хонем аз дафтари Навоӣ,
Як номаи муҳаббат – шеъри тари Навоӣ.
Эй дӯстони ҷонӣ, аз мо салом бодо,
Аз вориси Камолу раҳпарвари Навоӣ.
Як Туҳфае зи афкор овардаем ин бор,
Бо хеш бар Навоӣ, аз минбари Навоӣ.
Дар маркази Душанбе гулпӯш гашта боғе,
Аз гулситони Ҷомӣ, гулпайкари Навоӣ.
Аз Суғд то Самарқанд, ин субҳ бин зафарманд,
Бо ҷилваи муҳаббат, моҳи бари Навоӣ.
Ин навғазал ҳам иншо гардид аз дили мо,
Гулномаи иродат, аз маҳзари Навоӣ.
Нуралӣ НУРЗОД,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.