Соли гузашта Кумитаи давлати хоҷагии ҷангал кадом корҳоро ба сомон расонд ва ба чӣ дастовардҳо ноил гардид?
Соли гузашта Кумитаи давлати хоҷагии ҷангал кадом корҳоро ба сомон расонд ва ба чӣ дастовардҳо ноил гардид? Оё ходимони он вазифаҳои бар дӯш доштаашонро бо масъулият иҷро карданд? Бештар парвариши кадом растаниҳоро бояд ба роҳ монд ва амсоли он саволҳое маҳсуб меёбанд, ки дар як нишасти хабарӣ перомуни он маълумотҳо ироа гардид.
Тавре ки ноиби раиси Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал Абдушукур Ҳамзаев изҳор кард, қарори сарвари давлат “Дар бораи тасдиқ намудани консепсияи ривоҷ додани сохтори хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030” ҳамаи вазифаҳои ходимони соҳаи хоҷагии ҷангалпарвариро пурра муайян намудааст.
– Дар консепсия нишон дода шудааст, ки яке аз роҳҳои устувори ривоҷ додани соҳаи ҷангалпарварӣ пурзӯр намудани корҳои тадқиқотӣ мебошад. Ҳамчунин тайёр кардани кадрҳо, такомул бахшидани сохтори такмили касби онҳо аз авлавияти вазифаҳои мо маҳсуб меёбанд, – гуфт Ҳамзаев.
Барои ташкили иҷрои консепсияи мазкур ҷиҳати ривоҷ додани хоҷагии ҷангалпарварӣ дар ҳамкорӣ бо Фарҳангистони улум ва созмонҳои тадқиқотӣ аз рӯи мавзӯъҳои илмӣ бештар аз сад лоиҳа кор карда баромада шудаанд, ки инро кумита ба Вазорати ривоҷи инноватсионӣ тақдим намудааст.
– Дар бораи парвариш ва азнавкоркарди растанӣ низ қарори Президент содир шудааст. Бар ин асос мо парвариши растаниҳои дармонбахш, аз нав коркарди он, ба роҳ мондани ривоҷи тухмии растаниҳои дармонбахшро ба таври васеъ татбиқ карда истодаем. Дар маркази илмӣ-истеҳсолӣ парвариши растаниҳои дармонбахш ва азнавкоркарди онро ташкил намудем. Вазифаҳои асосии он хеле равшану возеҳ муайян карда шудаанд, – тазаккур дод ҷонишини раиси кумита.
Гуфта шуд, ки дар ноҳияҳои Ғаллаарал, Когон ва Ургут хоҷагиҳои ҷангалпарварии махсус таъсис дода шудааст. Дар ин ҷо соли равон ташкил намудани кластерҳои парвариши растаниҳои дармонбахш барномарезӣ шудааст. Ин мусоидат хоҳад кард, ки соҳаи дорушиносӣ беш аз пеш ривоҷ ёбад ва масъалаҳои мубрами он дар фурсати наздик ҳаллу фасл карда шавад.
– Масъалаи дигаре, ки ҳаллу фасли он зарур аст, бо кадрҳои малаканок таъмин кардани сохтори ҷангалпарварӣ мебошад. Дар айни ҳол кадрҳои соҳиби маълумоти олӣ дар сохтори мо ҳудуди 57 дарсадро ташкил менамояд. Теъдоди онҳо аз 648 нафар иборат аст, ки ҳанӯз кофӣ нест,– иброз дошт Ҳамзаев.
Ногуфта намонад, ки 11 нафар ҷавонони докторант дар марказҳои мухталифи илмиву тадқиқотӣ таҳсил кардаанд ва пажӯҳишҳои илмии худро идома медиҳанд.
Самти дигари кори соҳаи ҷангалпарвариро ҳифзи ҷангалу дарахтзор, истифодаи самараноки захираҳои хазинаи ҷангалпарварӣ, пешгирӣ аз буридани дарахтон аз роҳи ғайриқонунӣ, вайрон кардани қоидаҳои истифода аз чарогоҳ, зарар ворид намудан ба растаниҳои худрӯй ва ҳайвонот, риояи техникаи бехатарӣ ва амсоли он ташкил медиҳанд. Барои пиёда намудани ин корҳо ходимони соҳаи мазкур дар миёни аҳолӣ чорабиниҳои тарғиботӣ мегузаронанд ва аз онҳо даъват мекунанд, ки ҳифзу ҳимояи муҳит кори тамоми мардум мебошад.
– Мо ифтихор мекунем, ки соли 2020 мувофиқи “Харитаи роҳ” дар ҷумҳурӣ унвони фахрии “Ходими хизматнишондодаи ҷангалпарварии Ҷумҳурии Ӯзбекистон” таъсис дода шуд,– гуфт Ҳамза Абдушукуров.
Интизор меравад, ки соли равон ба манзури истеҳсоли маҳсулоти ҷангалпарварӣ ва азнавкоркарди он даҳ кластери ихтисосгардонидашуда ташкил карда мешавад. Объектҳои экотуризм ба 275 адад, хатсайрҳои сайёҳӣ ба 35, марказҳои ташрифӣ ба 4 адад мерасанд. Гузашта аз ин, ба соҳаи ҷангалпарварӣ 8 миллион доллари амрикоӣ сармоя ворид гардидааст. Аз ҳисоби маҳсулоте, ки ба воситаи он истеҳсол шудааст, ҳаҷми содирот 5 миллион долларро ташкил хоҳад кард. 2 миллион гранти донорҳои байналмилалӣ низ азхуд карда хоҳад шуд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.