«ҲАР ОН ЧИ ХОСТӢ, ОН ШУД...»

Хушбахтона, моҳҳои охир саҳифаҳои “Овози тоҷик” басо хонданибоб шудаанд.

Хушбахтона, моҳҳои охир саҳифаҳои “Овози тоҷик” басо хонданибоб шудаанд. Ҳамчун омӯзгор дар кӯчаву мактаб ва маъракаҳо ба ҳамсуҳбатон аз рӯйи одат савол медиҳам: Ба “Овози тоҷик” номнавис мешавед? Аксар вақт як хел ҷавоб. Ин ҳам бошад шароит надорем, маводи рӯзнома хонданибоб нест, ё ки ба мо давлат моҳона намедиҳад ва ғайра. Дар асл ин ҳама баҳона аст. Хусусан омӯзгороне, ки баҳона меҷӯянд ва иброз медоранд, ки гӯё маводи рӯзнома хонданибоб нест. Рӯзнома имрӯз тамоми маводи заруриро дорост. Саҳифаҳои “Рӯзи истироҳат”, “Адабиёт ва санъат”, рубрикаҳои «Маърифати динӣ», матни насрии “Маснавии маънавӣ”, «Фолномаи Ҳофиз», ҳама матолиби заруриву хонданибоб ҳастанд. Алалхусус барои омӯзгорон. Аз ин ҷиҳат мо бояд шукргузор бошем. Дигар баҳона намонд. Ба қавле “Ҳар он чи хостӣ, он шуд, Аҷам бедор мегардад”. Мо кай бедор мегардем?
Мавриди қайд аст, ки аҳли маорифи мактабҳои 9 ва 43-юми ноҳияи Бӯка ҳамасола ба рӯзномаи “Овози тоҷик” номнавис мешаванд. Ҳар шумораи рӯзномаро 35 нафар омӯзгор дастрас менамоянд. Ин миқдор аз оғози соли оянда боз зиёд хоҳад шуд. Ин аз муносибати хайрхоҳонаи омӯзгорони мактабҳои мазкур ҳувайдост.  Инак, мавсими обуна идома дорад. Ҳар фарде, ки худро тоҷик меҳисобад ва мехоҳад, ки “Овоз”-и худро соҳиб бошад, бояд аз ин маърака дар канор намонад. Номнавис шудан ба рӯзномаи «Овози тоҷик» ин баҳри ҳар яки мо ҳам қарзу ҳам фарз аст. 

Сулаймонбек СОДИҚОВ,
омӯзгори мактаби рақами 9-уми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: