ҲАР ПОРА МАТОЪ – ОСОРИ ЗЕБОИ ҲУНАРӢ

Мувофиқи маълумоти мавҷуда қуроқдӯзӣ ё худ порчадӯзӣ ҳунари аз пораҳои матоъ нақшофаридану онро ба ҳам пайвастан аст.

Мувофиқи маълумоти мавҷуда қуроқдӯзӣ ё худ порчадӯзӣ ҳунари аз пораҳои матоъ нақшофаридану онро ба ҳам пайвастан аст. Дастархон, чодари арӯсӣ, кӯрпаю кӯрпача, болишту болинпӯш, чойнакпӯш ва ҳоказоро ҳамин тавр омода мекунанд. Бояд гуфт, ки ин тарзи дӯхтани матоъ дар байни халқҳои мухталифи дунё ривоҷ ёфтааст. Алҳол ин ҳунарро ба сатҳи воло расондаанд. Қаҳрамони мо, зани гулдаст, пурдону кордида Зулайхо Рабиева аз ҷумлаи чунин ҳунармандонест, ки солҳои дароз дар деҳаи тоҷикнишини Навободи ноҳияи Бӯка бо ин санъати мардумӣ, яъне қуроқдӯзӣ шуғл меварзад, онро чун мероси бебаҳои халқ ба арӯсону гулдухтарони ҳавасманд меомӯзонад.  
– Аввалин шуъла ё худ меҳр нисбати қуроқдӯзӣ дар қалби ман ҳангоми синфи 5-ум хонданам, аниқтараш баъди дидани сурати як зани ҳунарманд дар байни қуроқҳои рангоранги дӯхтаи худаш дар рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон”, ки падарам ба он обуна буданд, пайдо шуда буд. Модарам низ қуроқ медӯхт ва бо кӯмаки ӯ ман ин ҳунарро бештару хубтар аз худ кардам, – мегӯяд Зулайхо Рабиева. – Раҳматии бибӣ ва модарам борҳо таъкид мекарданд, латтапораро исроф накун, онро эҳтиёт намо. Бо ин фикру хаёл латтаҳои ҳархеларо ҷамъ карда барои лӯхтак, чойнак, болишт ва дигар ашё қуроқ медӯхтам. Аввалин қуроқе, ки дӯхтам ҳамон акси дар рӯзнома дидаам буд. Онро ман  соли 1982 дар синни 22 дӯхтаам. Бо ҳамин меҳри ман нисбати ин ҳунари мардумӣ зиёд шуд, бо кӯмаки хушдоман барои наварӯсон, занону бонувон ва духтарони деҳа куртаву болишт, дастархон, пойандоз, сумка ва дигар ашёҳои қуроқӣ медӯхтам ва ҳоло низ медӯзам. Қуроқҳое, ки медӯзам, ҳар кадом ном ва рамзи худро доранд. “Гули бодом”, “Ситораборон”, “Оила” аз ҷумлаи чунин номҳо мебошанд. Борҳо фарзандонам модар, барои чӣ худатонро азоб дода рӯзу шаб ва ҳатто ҳафтаҳо бо қуроқдӯзӣ машғул мешавед? Ҳоло он ба кӣ даркор, мегӯянд. Вале ман, боз медӯхтаму медӯзам. Ростӣ, одам ба ягон чиз ва ё касбу ҳунаре шавқу ҳавас пайдо кунад, аз он ба осонӣ дил канда наметавонад. Кӯшиш мекардам баъди анҷоми корҳои хонагӣ ва пухтупаз назди мошина нишаста  тасвири дар хаёл доштаи худро бидӯзам. 
Зулайхо Рабиева  мегӯяд, ки пеш онҳое, ки тифли дардманд доштанд, болопӯши гаҳвораро аз қуроқ медӯхтанд ва хаёл доштанд, ки бо ин тифлро аз дард наҷот медиҳанд. Дар назди домоду арӯс дастархони қуроқӣ – суфраи порчагӣ бо таманнои фаровонии неъмат густурда мешуд. Чодари арӯсӣ низ аз қуроқ буд, то ки ҷавонон ба қадри оилаву оиладорӣ ва осоиштагии зиндагӣ бирасанд. Албатта, ин расму оинҳо имрӯз низ дар деҳаи мо вуҷуд доранд ва ман имсол барои 5 нафар наварӯсони деҳа чунин чодарҳои арӯсӣ дӯхта ҳадя кардам. 
– Як воқеа ҳеҷ аз ёдам намеравад, – мегӯяд Зулайхо. – Моҳи марти соли 2018, ҳангоме ки Сарвари давлати мо Ш.Мирзиёев ба Тоҷикистон сафар карда буд, ман барои аёдати волидайнам ба ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳии Тоҷикистон рафта будам. Дар он ҷо дугонае дорам, ки вай низ бо ин ҳунар ном баровардааст. Дар маркази ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил мегардид. Ману дугонаам тайи ду-се рӯз маҳсули дасти худ ва парчамҳои кишварҳои худро ба он намоиш бурдем. Маро чун намояндаи Ӯзбекистон дар рӯзномаву телевизион муаррифӣ карданд. Ба ҷавонон, хусусан духтарон гуфтаниам, ки ба ин ҳунар эътибор диҳанд. Ҳар як пораи матоъро ба ҳар куҷо напартоянду онҳоро ҷамъоварӣ кунанд ва аз онҳо осори зебои ҳунарӣ бидӯзанд.  
Ҳунар омӯз, ки аз ҳунармандӣ, 
Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ,
– гуфтаанд. 
Мехоҳам, ки ин ҳунари мардумӣ аз байн наравад, аз насл ба насл гузашта, идома ёбад. Духтарони мо онро омӯзанд ва маҳорати худро такмил диҳанд. Шукр, ки имрӯз духтару келинҳо ва наберагонам ин ҳунарро аз бар кардаанд ва ҳатто аз ман беҳтар медӯзанд. Ман хеле хурсандам, ки ин ҳунари мардумӣ дар оилаам идома дорад. 
Воқеан, алҳол дар чорабиниҳои мактабӣ ва ҷашни Наврӯзу дигар тадбирҳои деҳа, дар ҷашнвораҳои миқёси ноҳия аз чодарҳои рангоранги қуроқии ин зани ҳунарманд васеъ истифода мебаранд. Зулайхо Рабиева ҳангоми ба деҳа омадани эҷодкорони барномаи “Зери як осмон”-и шабакаи телевизионии “Маҳалла” ва барномаи “Камалакдек серҷило”-и шабакаи “Дунё бӯйлаб”-и ҷумҳурӣ маҳсули ҳунари дастии худро намоиш дода буд. Ин модари ҳунарманд, ки дар оилаи омӯзгори соҳибтаҷриба ва эҷодкор Баҳриддин Одинаев (рӯҳашон шод бод!) таваллуд шудааст, имрӯз аз пайи падараш рафта, шабҳо, ҳангоми дӯхтани қуроқ шеър низ эҷод мекунад. Шеърҳояш дар рӯзномаҳои даврии Тоҷикистон ва китобҳои падараш чоп шудаанд. 

Меҳровари ҚОДИР,
ноҳияи Бӯкаи 
вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: