"Ҳар қадаре ки мо ин корро зудтар анҷом диҳем, дар бозори автомобилҳо ҳамон қадар рақобат бештар мешавад" – Президент

Президент Шавкат Мирзиёев 10 октяб бо рӯнамоии лоиҳаи рушди соҳаи электромобил ва вусъат додани хидматрасонӣ ба электромобилҳо шинос гардид.

Дар Стратегияи рушди кишвари мо барои солҳои 2022-2026 ҳадафҳо бобати гузаштан ба иқтисодиёти сабз, аз ҷумла ба истеҳсоли электромобилҳо муайян шудаанд. Дар ҷамъомаде, ки 14 феврали соли равон баргузор шуд, аз ҷониби сарвари давлат бинобар самти мазкур фармоишҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.

Дар ҷараёни рӯнамоӣ роҳбари ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзавтосаноат» дар бораи муоҳидаҳои баимзорасида, моделҳое, ки азхудкунии истеҳсолашон дар назар дошта шудаанд, маълумот дод. Масъалаҳои ба роҳ мондани истеҳсоли электромобилҳо, вусъат додани шабакаи истгоҳҳои қувватафзоӣ, ҳудудикунонии истеҳсоли қисмҳои зарурӣ муҳокима шуданд.

– Электромобилҳо бо шиддат ба ҳаёти рӯзмарраи мо ворид мешаванд. Воридот меафзояд. Чаро? Зеро талабот зиёд аст. Хароҷоти вобаста ба истифодаи чунин автомобилҳо кам буда, хидматрасонӣ арзон меафтад. Аз ҳама муҳимаш мардуми мо ба онҳо ҳусни таваҷҷуҳ дорад. Бинобар ин моро зарур аст, ки аҳолиро бо элетромобилҳои арзон, камхарҷ ва ҳозиразамон таъмин намоем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Воқеан, электромобилҳо дар истифода нисбати автомобилҳои муқаррарӣ 10 баробар арзон мебошанд, онҳо ба муҳити атроф 3 баробар камтар зарар мерасонанд. Шуҳрати ин гуна воситаҳои нақлиёт дар кишварҳои мутараққӣ меафзояд. Баробари ин электромобилҳо мавҷудияти инфрасохтори муайянеро тақозо доранд. Чунончӣ, дар олам ба ҳар кадом 20 электромобил як истгоҳи қувватафзоӣ рост меояд. Дар кишвари мо танҳо 50 адад чунин истгоҳ мавҷуданд, ки онҳо асосан дар Тошканд ва Самарқанд ҷойгир мебошанд. Марказҳои хидматгузории техникии электромобилҳо вуҷуд надоранд.

– Дар ҳар кадом қарори худ мо бояд як сол не, балки даҳҳо солро пешбинӣ намоем. Бинобар ҳамин ҳам бо назардошти рӯзномаи экологӣ ва барои оянда мо бояд соҳаи мазкурро ҳоли ҳозир инкишоф диҳем. Ҳар қадар, ки ин корро пештар адо мекунем дар бозори автомобилҳо рақобат ҳамон қадар бештар мешавад. Ширкатҳои дигаре ҳам, ки электромобил истеҳсол мекунанд, ба ин ҷо меоянд, – гуфт Президент.

Зарурияти бунёди корхонаи муштарак бо ширкатҳои хориҷие, ки дар ин соҳа   таҷриба доранд ва бинобар ба роҳ мондани истеҳсоли навъҳои машҳури электромобил муваффақ шудаанд, таъкид гардид.

Роҳбари давлат ба он чиз эътибори махсус дод, ки электромобилҳо бояд бинобар қиматашон дастрас бошанд. Ин бошад аз дараҷаи ҳудудикунонии истеҳсоли ҷузвҳои электромобил вобаста аст.

Чунончи, 30 фоизи арзиши электромобилро аккумуляторҳо, 10 фоизашонро ҷузвҳои электрӣ ташкил медиҳанд. Дар ҷараёни рӯнамоӣ имкониятҳо барои истеҳсоли чунин қисмҳо дар мамлакати мо, бо истифода аз захираҳои мавҷудаи литтия, мис ва графит номбар гардиданд.

Ҳамчунин муайян карда шуд, ки як қисми фоизҳо бинобар вомҳои хариди электромобилҳои маҳаллӣ сарпур карда мешаванд.

Алҳол дар Тошканд 20 адад автобуси барқӣ ҳаракат мекунанд. Дар соли оянда харидани боз 200 автобуси электрӣ барои  пойтахт ва 100 адад чунин нақлиёт барои Самарқанд ба нақша гирифта шудааст. Президент зарурияти оғоз кардани корҳои дахлдорро дар шаҳрҳои дигар низ таъкид намуд.

Дар ҷамъомад масъалаҳои вусъат додани шабакаи нуқтаҳои хидматрасонии электромобилӣ низ баррасӣ гардид. Вазифа гузошта шуд, ки дар ду соли наздиктарин дар хиёбонҳои автомобилӣ, ҷойҳои сузишворипуркунӣ ва шоҳроҳҳо ду ҳазор истгоҳи қувватафзоӣ сохта шаванд. Ба истгоҳҳои мазкур бобати андози замин, андози амвол ва даромад имтиёзҳо пешбинӣ мегарданд. Ба соҳибкорон – соҳибони истгоҳҳои қувватафзоӣ ҳуқуқи фурӯши қувваи электрӣ бо нархи озод дода мешавад.

Муҳимияти тайёр кардани  мутахассисон барои соҳа таъкид карда шуд. Нақшаҳо бобати созмон додани лабораторияҳои илмии электромобилҳо дар Донишгоҳи политехникии Турин, баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон ва мутахассисон дар Чин, Олмон, ИМА, Куриёи Ҷанубӣ ва кишварҳои дигар пешниҳод гардиданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: