ҲАР РӮЗ БОЯД ЧОРМАҒЗ ХӮРД!

Агар шумо рӯзе ду-се дона чормағз бихӯред, саломатиатон беҳтар мешавад.

ҲАР РӮЗ БОЯД ЧОРМАҒЗ ХӮРД!
Агар шумо рӯзе ду-се дона чормағз бихӯред, саломатиатон беҳтар мешавад. Чормағз мӯйрезиро кам мекунад.
Он ба майнаи сар шабоҳат дорад. Дар таркибаш селен – минерали барои организми инсон зарурӣ ҳаст. Одамоне, ки ба онҳо ин минерал намерасад, аз рехтани мӯй азият мекашанд. Истеъмоли бештари чормағз пеши ин иллатро мегирад.
Нохун низ аз истеъмоли чормағз мустаҳкамтар мешавад. Яъне он барои қавӣ шудани нохун низ муфид аст.
Агар бо варзиш шуғл варзед, ба шумо бештар магний лозим мешавад. Он дар таркиби чормағз ҳаст.
Чормағз натанҳо рехтани мӯйро пешгирӣ мекунад, балки ба афзоиши зудтари он мусоидат менамояд.
Истеъмоли ҳамарӯзаи чормағз ҳуҷайраҳои майнаро аз пиршавӣ эмин медорад, ҳифз мекунад.
Хулоса, чормағз манбаи моддаҳои зиёде мебошад, ки организм ба онҳо ниёз дорад. Дар он 65 фоиз чарби солим ва 15 фоиз сафеда ҳаст. Вале агар шумо экзема ва захми меъда дошта бошед, дар истеъмоли он эҳтиёт шавед.

Таҳияи 
Л.РАҲИМОВА.

 

ШОИРАИ ҲАМОҲАНГИ ЗИНДАГӢ
Дар мактаби рақами 16-уми мусиқӣ ва санъати ноҳияи Ургут ёдбуди шоира Лӯъбатой Умарова барпо шуд.
Лӯъбатой Умарова соли 1936 дар маҳаллаи Камонгарончаи шаҳри Ургут ба дунё омад, вай то синфи ҳашт дар мактаби рақами 2 бо баҳоҳои аъло мехонду аз ҷавониаш ба шеърнависӣ ҳаваси калон дошт. Шеърҳои ӯ дар рӯзномаҳои ноҳиявию вилоятӣ мунтазам чоп мешуд, худ баъди дарс ба маҳфили «Чашма» иштирок карда, боз ҳам аз асрори назму наср бохабар шуд. Лӯъбатой духтараки зебо, боодоб, зеҳни бурро дошт. Рӯзе заминҷунбӣ шуду Лӯъбатой дар роҳрав афтода аз тарс аз ду пой монд, фалаҷ шуда рӯи ҷо шуд. Чӣ қадар нигоҳубин карданд, даво наёфт, ӯ ба тақдираш тан дода буд, аммо дар ҷои хобаш шеърнависиро машқ мекард...
Дар ин шаби шеър бахшида ба 85-солагии Лӯъбатой Умарова, ки бо номи «Шеърият қатида яшаган аёл» буд, тақдимоти китоби «Кишвари офтобӣ» гузаронида шуд. Аз тарафи эҷодкорон  Мавлуда Мирсаидова, Дилмурод Дӯстмурод, Қӯлдош Малла, Ҳусниддин Файёз, Моҳира Ҷумъа, Назира Ҳамидзод ва хонандагони мактабҳои рақами 89 ва 102 аз шеърҳои Лӯъбатой Умарова порчаҳо қироат карданд. 

Мурод ҚУРБОНЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД.

 

Автомобилҳои «Дамас» ба тарғибгарони маънавият
Дар Бухоро ба роҳбарони бахшҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявии Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳуриявӣ автомобилҳои хидматии «Дамас» супориданд. 
Дар ин маросим кормандони масъули ҳокимияти вилоят, шуъбаи вилоятии маркази маънавият ва маърифат, шоиру адибон, меҳмонон аз ҷумла, Артисти шоистаи Ӯзбекистон Қурсия Эсанова,  шоир Бобур Бобомуродов ва дигарон иштирок карданд. Дар чорабинӣ аз хусуси масъулияти имрӯзаи тарғиботгарон бобати тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватандӯстӣ, арзишҳои миллию умумиинсонӣ, садоқат ба анъанаҳои хуби ниёгон ва ғайра сухан рафт.
– Қарорҳои Президент «Дар бораи ташкил кардани фонди мақсадноки дастгирии соҳаи маънавият ва эҷод», инчунин «Дар бораи такмил додани самаранокии корҳои маънавию маърифатӣ» дар ҳамин асос мувофиқи қарори Шӯрои намояндагони халқи вилоят соҳиби нақлиёти хидматӣ гардидани шӯъбаҳои маънавият ва маърифат имкон медиҳад, ки самаранокии корҳои тарғиботию ташвиқотиамонро ба сатҳи боз ҳам баландтар бардорем ва мувофиқи шиори «Дар Ӯзбекистони нав озоду фаровон зиндагӣ кунем!»  кор барем, – гуфт роҳбари шӯъбаи вилоятии Маркази маънавият ва маърифат, депутати Шӯрои вилоят Марҳабо Пардаева.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

 


ТАРҒИБГАРИ МАЪРИФАТ
Маҳбуба Неъматзодаро дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамчун шоираи бачаҳо мешиносанд. Ӯ барои хурдсолон ва наврасон ҳикояҳои сермазмун низ менависад. Ҳикояҳояш аз шеърҳояш, шеърҳояш аз ҳикояҳояш дилнишинтаранд. Сабабаш ин аст, ки вай бачаҳоро дӯст медорад, дунёи онҳоро хуб дарк кардааст.
– Барои калонсолон шояд навиштани асар осонтар бошад, – гуфт ӯ ҳангоми вохӯрӣ бо хонандагони мактаби миёнаи рақами 43 ва 30-юми ноҳияи Нурато. – Вале аз таҷрибаам мегӯям, ки барои хурдсолон душвор аст. Зеро бача яке хурсанд мешаваду яке ғамгин. Ҳатто модар намедонад, ки сабабаш чист. 
Дуруст мегӯяд шоира. Ҳатто духтурон дар муайян кардани бемории кӯдак душворӣ мекашанд. Шеърҳои шоираро кас хонда ба хулоса меояд, ки шоира олами кӯдаконро бештар азхуд намудааст. Ҳозир ба китобу китобхонӣ дар сатҳи ҳукумат эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Зеро китоб – хазинаи дониш. Хурдсолон бештар китоб хонанд, асосҳои илмро тезтар аз худ мекунанд. Шоира дар шеъри «Барои Фарзона»-аш ба ин маънӣ овардааст:
Бо забони модарӣ,
Бо лафзи хуби дарӣ.
Бо лафзи хеле ширин,
Ширинтар аз ангубин.
Гуфтам шеъру афсона,
Аз барои Фарзона.
То ки Фарзонаи мо,
Гулбоғи ҷони момо.
Хонад ба завқ аз як сар,
Шеъраш намуда аз бар.
Бо китоб ошно шавад,
Духтари доно шавад.
Ин гуна шеърҳо, дар баробари равону хушоҳанг буданашон аҳамияти калони тарбиявӣ доранд. Шояд шоираи заҳматписанд, барои ҳамин аҳамияти тарбиявиашон ва хушоҳангиашон асарҳои аз чоп баромадаашро худ деҳа ба деҳа гашта, ба хонандагони хурдсоли мактабӣ тақсим мекунад, ба онҳо ғизои маънавӣ пешкаш менамояд. Ба наздикӣ хеле хурсанд шудем, ки вай ба деҳаҳои тоҷикнишини қаторкӯҳҳои Нурато, аз ҷумла, деҳаи дилнишини Эҷ рафта бо мактаббачаҳо вохӯрда, чанд китоби тозанашрашро ба хурдсолон туҳфа намуд. Ҳикояю афсона, чистону тезгӯякҳо, ки дар онҳо ҳаёти хурдсолон ва наврасон тасвир ёфтаанд ва ба кӯдакон ҳозирҷавобиро меомӯзанд, ҷолибанд. Мисол:
Дар хизмати зану мард,
Метозад бо ранги зард.
Аз кӯчатозӣ гоҳо,
Кафад ӯро кафи мо.
(Таксӣ)
***
Бо ранги заъфаронӣ,
Ӯ доимо хандон аст,
Надорад чашму абрӯ,
Рӯяш пури дандон аст.
(Офтобпараст)
Маҳбуба Неъматзода пас аз хатми шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар тӯли солҳои 1971-1992 дар идораи рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз»), маҷаллаи «Фирӯза» ва «Чашма» ба сифати хабарнигор, ходими адабӣ ва мудири шуъба ифои вазифа кардааст. Дар солҳои 1996-2000 дар рӯзномаи «Самарқанд» фаъолият бурдааст. То имрӯз китоби шеъру ҳикоя ва афсонаҳои вай «Духтари заргар», «Меҳрубон», «Таваллудат муборак», «Бонуи бобо», «Гиря кунам ё ки на?», «Модари ҷон, модарам» ва ғайра рӯйи чопро дидаанд. Чунин китобҳои бачагона ба гурӯҳҳои тоҷикии муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ хеле заруранд. Маҳбуба Неъматзода узви ИЖ ва ИН Тоҷикистон мебошад.

Ҳилолбой РӮЗИЕВ,
омӯзгор аз ноҳияи Нурато.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: