ҲАР РӮЗАТОН НАВРӮЗ БОД!

Наврӯз ҷашни бошукӯҳест, ки бо фарорасии он табиат хушманзар, гирду атроф гулгун, дилу дидаҳо пурнур мегардад.

Қалбҳо аз фараҳ ва сарфарозӣ саршор мешавад. Таъбу  завқ то бар фалак сар меафрозад. 
Наврӯзи имсола, ки шиори “Ассалом Наврӯз – меҳру оқибат, қадру қиммат, бедорӣ” баргузор мегардад, мардумро боз ҳам хушнуд ва хуррам намуда, баҳри ҳаммаслакию бародарӣ, комилҳуқуқиву ҳамраъйӣ, сулҳу осоиштагӣ ҳидоят менамояд. Ба қалбу дидаҳои ашхоси кӯчаку бузург  орзуву умедҳои наву нотакрорро илқо менамояд. Ба амали ҳаётгустари кишоварзӣ, илму амали соҳибкорӣ ва дигар касбу корҳои пурифтихор бурдбориҳо ҳадя менамояд. 
Бо фарорасии фасли баҳор ва ҷашни Наврӯз дар рӯзгору зиндагии ҳар кас орзуву умед ва навгониҳои нотакрор ба амал меояд. Гулу гиёҳ ва сабзаи наврустаи аз канори хок сарбуруноварда, хониши булбулони сархушу сармаст, савту сурудҳои ҳофизон, рақсҳои дилнишин, таомҳои хуштаъми хоси наврӯзӣ ҳуснорои ҷашни Наврӯз мегарданд. 
Наврӯзе, ки мо  дар соли 2022, яъне “Гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол” пешвоз гирифта истодаем, он нисбати солҳои пешин файзу шукуҳ ва шаҳомати хоссаеро дорад. 
Пеш аз фарорасии ҷашн дар тамоми гӯшаи кишвари ҷаннатмакон зиёда аз чаҳордаҳ рӯз борон ва пас аз он, алалхусус дар шаҳри Тошканд, чун рамзи покӣ ва нексириштӣ барф борид. 
Боридани барфу борон  пеш аз фарорасии Наврӯз нишонаест аз зиёд гардидани кишту амлок, фаровонии нозу неъмат, бахту иқбол, омад ва даромадҳои иқтисодӣ барои ҳар як инсон ва тамоми мардум  мебошад.      
Чун рамзи шодбошӣ байтеро арғумон дорам:
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод,
Наврӯзатон пирӯз бод! 
Бояд гуфт, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонӣ ба шумор меравад. Мардум ҳар сол ба муносибати расидани баҳор ва ибтидои кишту кор 21-уми март онро ҷашн мегиранд. Замоне шоҳ Ҷамшед олимонро даъват карда солшумориро ҷорӣ кард, ки як сол аз 365 рӯз иборат будааст.
Соли дигар боз дар ҳамон рӯз сол аз нав омад. Баъд Ҷамшед худро ба мардум намоён кард. Ӯ ба монанди хуршед медурахшид.
Мардум ҳайрон шуданд, ки дар як рӯз ду хуршед намоён гардид. Ҳамон рӯз баробарии шабу рӯз буд, сабзаву гулу дарахтон шукуфтанд. Мардум аз шодӣ гуфтанд, ки рӯзи нав омад, Наврӯз омад. Ана аз ҳамон рӯз аз давраи Ҷамшед номи ин ҷашн Наврӯз шуд.
Мардум шоду масрур гуфтаанд:
Наврӯз шуду ҷумла ҷаҳон гашт 
муаттар, 
Аз бӯйи хуши лолаву райҳону 
санавбар.
Ҳамдиёрони азиз! Шумо ва аҳли оилаатонро, инчунин дӯстону бародарони меҳрубонро бо ҷашни Наврӯзи оламафрӯзи фархундапайкар табрику таҳният мегӯям. Дар тамоми соҳа бахту иқбол ва  комёбиҳои беназир ёратон бод! Ҳамеша сарфарозиҳои фасли баҳор ва ҷашни наврӯзӣ ҷовиду пойдор бошад! 

Таваккал ЧОРИЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории 
Олий Маҷлиси 
Ӯзбекистон,
номзади илмҳои филология, профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: