ҲАР РӮЗИ ТУ НАВРӮЗ БОД!

Дар тамоми гӯшаю канори вилояти Самарқанд низ дар асоси қарори сарвари давлат Шавкат Мирзиёев ҷашни Наврӯзи оламафрӯз оғоз ёфт.

Бояд таъкид намуд, ки имсол Наврӯз таҳти ғояи «Ҳар рӯзи ту Наврӯз бод, Ӯзбекистони маҳбуб!» мегузарад.

Дар деҳаи хушҳавои Оқсойи ноҳияи Нуробод мардум дар майдони мактаби миёнаи рақами 13-ум ҷамъ омаданд, сурудҳои дилнишину дилошӯби ҳофизон танинандоз ва рақсу бозӣ, шеъру байтхонӣ баргузор гардид. Шатранҷбозон низ дар канор намонданд.
Ҳозиронро раиси Маркази миллию фарҳангии тоҷикон ва тоҷикзабонони вилоят Акбар Маҳмудов, муҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов, собиқадори таълим Амриддин Ҳакимов ва дигарон табрик гуфтанд.
Дар деҳаи Оҳалик – Шаҳнондараи ноҳияи Самарқанд бошад, қариб 400 нафар сарбозон, ки ҳатто аз вилоятҳои ҳамсоя ташриф оварда буданд, мусобиқаи бузкашӣ ташкил карданд. 
Ғолибони мусобиқа бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар ноҳияи Каттақӯрғон мардум дар асоси лоиҳаи «Макони сабз» дар ду  канори шоҳроҳи Самарқанд – Бухоро қариб панҷ ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони мевадор ва манзаравӣ шинонданд.
Умуман имсол бо роҳи ҳашар дар ҳудуди ноҳия як миллиону 200 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун нишонда мешавад.
Имрӯзҳо дар мактабу кӯдакистон, донишгоҳу коллеҷҳои вилоят низ ҷашни Наврӯз таҷлил мегардад. Чунин тадбирҳои идона дар боғи фарҳангу фароғати ба номи Алишер Навоӣ, маскани Қаросув, шаҳраки Фарҳод, қасри санъати «Нурафшон» ва тамоми марказҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор мешаванд.
Дар амфитеатри «Муъҷиза» бо иштироки ҳунармандони машҳур барномаи консертӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин, дар рӯзҳои наврӯзӣ мардум ба аёдати собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва ногироҳо-сарбозони байналмилалӣ мераванд, аз аҳволи кӯдакони хонаҳои меҳрубонӣ, пиронсолони хонаҳои «Саховат» хабар мегиранд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: