ҲАР ЯК БОНК МИЗОҶИ ХУДРО ДОРАД

Қабул шудани қарори Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи чораҳои иловагӣ доир ба рушди оммавикунонии хидматҳои бонк» аз 23 марти соли 2018 ба аҳолӣ, мизоҷон, соҳибкору корчаллонон, сармоядорони хориҷӣ низ як қатор қулайиҳоро фароҳам овард.

Чорабиние, ки бонки саҳҳомиву тиҷоратии «Агробанк» дар Маркази матбуоти миллӣ баргузор намуд, ба ҳамин мавзӯъ бахшида шуд.
Дар чаҳорчӯбаи иҷрои қарори мазкур «Агробанк» барои истифода аз хидматҳои бонк ба аҳолӣ, субъектҳои тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ, хоҷагиҳои фермерӣ аз наздик кӯмак мерасонад.
Дар чорабинӣ доир ба боз ҳам беҳтар намудани сифати хидматрасонӣ бо воситаи картаҳои пластикӣ сухан рафт.
Аз ҷумла, то 1 сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби бонк ба аҳолӣ қариб 2,4 миллион, ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва соҳибкорӣ зиёда аз 24 ҳазор картаҳои пластикии корпоративӣ ҷорӣ карда шуд. Алҳол, шумораи терминалҳои пардохт, ки дар нуқтаҳои савдо ҷойгир карда шудаанд, 31,6 ҳазор ташкил намуда, нисбати то ҳамин давраи соли гузашта 103 фоиз зиёд мебошад. Инчунин дар ҳудудҳо 100-то банкомат ва 420-то инфокиоскҳо ҷойгир карда шуданд.
Назар ба маълумоти мутахассисон барои ба сайёҳони хориҷӣ қулайиҳо фароҳам овардан, имконияти бо воситаи терминалҳо  аз картаҳои пластикии байналхалқии Чайна Юнион Пайи Хитой қабул кардани пардохтҳо пайдо шуд.
Мувофиқи гуфтаи раиси сарраёсати бонк Р.Маматқулов бо воситаи иловаи мобилии «Агробонкмобиле-бизнес» фермероне, ки ба парвариши маҳсулоти зироатҳои дон ва пахта машғуланд, метавонанд вомҳои имтиёзнок гиранд ва маблағҳоро аз тариқи масофавӣ ба корхонаҳои зарурӣ гузаронанд.
Ҳар як бонк мизоҷи худро дорад. Ходимони бонки «Агробанк» баҳри расондани хидмати босифат ба аҳолӣ кӯшиш мекунанд ҳар як, то корафтода аз онҳо ризоманд бошад.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: