ҲАР ЯК СОЛИ БА ТАЪХИР ГУЗОШТАШУДА ПЕШРАФТИ МОРО БА 10 СОЛ БОЗМЕДОРАД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 11 май оид ба масъалаҳои васеъ ҷорӣ кардани иқтисодиёти рақамӣ ва низоми «Ҳукумати электронӣ» ҷамъомад баргузор намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 11 май  оид ба масъалаҳои васеъ ҷорӣ кардани иқтисодиёти рақамӣ ва низоми «Ҳукумати электронӣ» ҷамъомад баргузор намуд.
Соли ҷорӣ бо ташаббуси сарвари давлат Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ эълон шуда буд. Дар Муроҷиатномаи моҳи январи соли ҷорӣ ба Олий Маҷлис ирсолнамудаи Президент фаъол гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ ба сифати яке аз афзалиятҳои асосии панҷ соли наздик муайян шуда буд.
Шароити имрӯзаи пандемия аҳамияти технологияи рақамиро бори дигар исбот кард. Маълум шуд, ки маориф, хидматҳои давлатӣ, низоми идоракунии давлатӣ, савдо ва хизматрасонӣ аз технологияҳои рақамӣ бештар вобастагӣ доранд. Хидматҳое, ки дар тӯли чандин солҳо фосилавӣ пешниҳод намешуданд, дар тӯли чанд рӯз ба шакли онлайн гузаронда шуданд.
Ба гуфтаи коршиносон, дар се соли наздик  ба туфайли рақамисозии иқтисодиёт  22 дарсади ҷойҳои корӣ дар ҷаҳон бо истифода аз технологияҳои интернетӣ созмон дода мешаванд.
Бо назардошти ин 28 апрели соли ҷорӣ қарори Президенти кишвар «Дар бораи чораҳо оид ба васеъ паҳн намудани иқтисодиёти рақамӣ ва ҳукумати электронӣ» қабул шуд. Тибқи ин ҳуҷҷат дар Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия системаи ҳамгирошудаи иқтисодиёти рақамӣ созмон дода шуд. Аз ҷумла, вазифаҳое мисли рушди низоми «Ҳукумати электронӣ», рақамисозии бахшҳои иқтисод ва кишоварзӣ, ташкил ва идоракунии паркҳои IT комилан ба вазорат супурда шуданд.
Баробари ин, дар қарор ба таври мушаххас манбаъҳои маблағгузории лоиҳаҳои нав нишон дода шудааст. Дар доираи системаи «Ҳукумати электронӣ» татбиқи 104 лоиҳа дар ҳаҷми 1,3 триллион сӯм, 87 лоиҳа дар ҳаҷми 5,3 триллион сӯм дар бахши воқеии иқтисодиёт, 35 лоиҳа дар ҳаҷми 15,1 триллион сӯм дар соҳаи телекоммуникатсия, 18 лоиҳа оид ба паркҳои IT ва 24 лоиҳа дар соҳаи кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст..
Дар ҷамъомад Шавкат Мирзиёев қайд кард, ки агар мо ин корро дар 2-3 соли оянда ба анҷом нарасонем, ҳар як соли ба таъхир андохташуда тараққиёти  кишварамонро ба 10 сол қафо хоҳад кашид.
Вазъи ҷории кор оид ба рақамикунонии хизматрасониҳо таҳлил карда шуданд. Зикр гардид, ки аз беш аз 700 низоми иттилоотӣ дар мақомоти давлатӣ танҳо 30 фоизашон ба системаи ҳукумати электронӣ пайваст карда шудаанд. Аз 80 идорае, ки хидматҳои давлатӣ мерасонанд, танҳо 27-тои онҳо ба Агентии хизмати давлатӣ муттаҳид карда шудаанд.
Президент дастур дод, ки тартиби зиёд кардани пардохти мукофотпулӣ ба роҳбарони вазорату идораҳо ё ки коҳиш додани онҳо дар асоси татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ҷорӣ карда шавад.
Ба Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия супориш дода шуд, ки пойгоҳи маълумотҳои идораҳои давлатиро тасниф карда, онҳоро ба платформаи ҳамгироии байниидоравӣ пайваста, барои ҳамкориҳои электронӣ талаботи ягонаи электронӣ ҷорӣ созанд.
Бо назардошти таъсири пандемия аҳамияти тезонидани гузариши хадамоти маъмултарини давлатӣ ба шакли электронӣ қайд гардид.
Бобати то охири соли ҷорӣ дар Тошканд ҷорӣ намудани картаҳои электронии тиббӣ, низоми беморхонаи электронӣ ва ёрии таъҷилии тиббӣ, феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ барои пешбурди баҳисобгирии пардохтҳои иҷтимоӣ супоришот дода шуд.
Ба Кумитаи давлатии андоз супориш дода шуд, ки иншооти савдо ва хизматрасониро барои кор бо аппаратҳои кассаҳои онлайн гузаронда, тамғагузории маҳсулоти спиртӣ, тамоку ва ҳисобномаҳои электрониро ҷорӣ кунад.
Дар тӯли панҷ соли оянда, бо дарназардошти васеъ ба роҳ мондани технологияҳои иттилоотӣ дар корхонаҳои саноатӣ арзиши истеҳсолот 13-15 фоиз кам карда мешавад.
Ба Вазорати нақлиёт супурда шуд,  ки системаи автоматиконидашудаи пардохти ҳамлу нақли борҳо тавассути роҳи оҳан ва барои хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар Тошканд ҷорӣ карда, ба кор даровардани чиптаи ягонаи электрониро барои тамоми намудҳои нақлиёт тезонад.
Дар ҷамъомад масъалаҳои рушди инфрасохтор барои истифодаи технологияҳои иттилоотӣ баррасӣ шуд. Мувофиқи ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ ба 10 фоиз васеъ кардани шабакаҳои фарохнавор ба интернет метавонад МУД-ро ҳадди ақалл 1 фоиз афзоиш диҳад.
Соли ҷорӣ вазифаи баланд бардоштани фарогирии алоқаи нахӣ-оптикӣ дар низоми таҳсилоти томактабӣ аз 41 то 100 фоиз, дар низоми таълими халқ - аз 40 то 70 фоиз, дар соҳаи тандурустӣ - аз 38 то 100 фоиз гузошта шудааст. Бо шарофати ин бисёре аз деҳаҳо ба интернет дастрасӣ пайдо мекунанд. Ба ин муносибат ба зиммаи Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия вазифа гузошта шуд, ки иншооти иҷтимоиро бо дастрасии баландсуръати интернет таъмин карда, то охири сол фарогирии интернети баландсуръати мобилиро то 90 фоиз расонад.
Қайд карда шуд, ки коҳиш ёфтани қобилияти серверҳои мавҷуда, барои амалӣ намудани зиёда аз 300 лоиҳа дар соҳа зарурати 10 маротиба зиёдтар гардондани иқтидорҳои сервериро тақозо менамояд. Оиди  зиёд кардани шумораи марказҳои коркарди маълумот, ҷалби қарзҳои хориҷӣ ва сохтани марказҳои маълумотдиҳӣ ба арзиши 30 миллион доллар супоришот дода шуданд.
Технологияи иттилоотӣ инчунин дар соҳаи кишоварзӣ, баҳисобгирии замин ва мониторинг муфид аст. Ҳамин тавр, тадқиқи  фазоии хок метавонад барои омӯзиши майдонҳои кишт, раванди нашъунамо, ҳолати мелиоративии хок ва дараҷаи минерализатсия истифода шавад. Ин имкони дақиқ муайян намудани чорабиниҳои агротехникӣ,  25-30 фоиз зиёд гардондани ҳосилнокиро фароҳам меорад.
Ба шахсони масъул супурда шуд, ки низоми электронии ҳисобкунии замин ва обро таҳия намуда, равандҳоро пурра, аз ҷойгиршавии зироатҳо то татбиқи онҳо рақамӣ кунанд.
Дар бахши ватании IT 60 ҳазор нафар кор мекунанд. Дар ҷамъомад қайд шуд, ки ин нокифоя мебошад ва ба дастгирии мутахассисони соҳа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҳамчунин оид ба  ҷалби резидентҳои технопаркҳои ватанӣ ба лоиҳаҳое, ки ташкилотҳои давлатӣ татбиқ мекунанд, вазифаҳо муайян карда шуданд.
Зарурати дар соли ояндаи таҳсил фаро гирифтани  47 ҳазор хонанда бо лоиҳаи «1 миллион барномасоз» барои созмон додани асосҳои соҳа, дар мактабҳо ба роҳ мондани омӯзиши асосҳои барномасозӣ аз синфи 7-ум  нишон дода шуд.
Дар ҷамъомад шахсони масъул оид ба рафти иҷрои чорабиниҳо дар соҳа маълумот доданд.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: