ҲАР ЯК СУХАНИ УСТОД ПАНД АСТ

Дар мамлакатамон барои воситаҳои ахбори оммавиро бо журналистони малаканок ва дорои дониши баланд таъмин намудан як қатор корҳо иҷро мешаванд.

Оид ба рушди соҳа бо фармони роҳбари давлат Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи ахбори Ӯзбекистон ташкил карда шуд, доир ба такмили ихтисоси журналистони ҷавон лоиҳаҳо пешниҳод карда шуданд.
Бо ташаббуси Шӯрои журналистони ҷавони назди Иттиҳоди эҷодии журналистон баргузор гардидани семинар, машғулот, вохӯриҳои эҷодӣ барои баланд бардоштани маҳорати журналистони ҷавон аҳамияти муҳимро касб менамояд.
Ба қарибӣ дар Маркази матбуоти миллӣ ҷамъомади журналистони ҷавон ба амал омад. Дар чорабинӣ, ки дар асоси анъанаи «устоду шогирд» таҳти мавзӯи «Таҷрибаи касбӣ: машаққат ва завқи эҷод» баргузор шуд, журналистони шоистаи Ӯзбекистон Сафар Остонов, Аҳрор Аҳмедов ва донишҷӯёни Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи ахбори Ӯзбекистон иштирок карданд. Онҳо ба эҷодкорони ҷавон аз роҳи мураккаб ва машаққатноки журналистӣ ва дар ин роҳ босабру бардошт будан, инчунин аз эҷоди бардавом ва муваффақиятҳои худ нақл намуданд. 
– Касби журналистӣ пурмашаққат ва шарафнок. Ҳаёти журналист бо ҳаёт, ташвишу изтироб, орзуву умедҳои халқ ҳамеша вобаста аст. Аз ҳар як соҳиби қалам поку, фидоӣ будан, шуҷоат ва қатъиятро талаб мекунад. Аввало журналист соҳиби истеъдод ва дониши баланд бошад. Эҷодкори ҳақиқӣ ва кунҷков аз як гап, аз як сухан, аз як ҳодисаву воқеа бояд мақола навишта тавонад. Ба фаъолияти баъзе мухбиру хабарнигорони ҷавон кас ҳайрон мемонад. Ҳол он ки гирду атроф пур аз ҳодисаву воқеаҳои ҳаётӣ аст. Дар ҳар як ҷумла бояд дард, муаммо ва ормонҳои қаҳрамонҳо дарҷ гардад,– гуфт дар баромади худ С. Остонов.
Журналисти ботаҷриба А. Аҳмедов низ таъкид намуд, ки ба шароити имрӯзаи журналистони ҷавон ҳаваси кас меояд, ба онҳо китобхона, радио, телевизион, интернет, телефон ва дигар воситаҳои ахбор кӯмакрасон аст. Рӯзгоре, ки мо мехондем ва фаъолияти журналистиро оғоз карда будем, ин чизҳоро танҳо орзу мекардему халос. Шеъру ҳикоя, достон, очерк, повесту романҳои адибонро аз рӯзномаҳо гаштаю баргашта мутолиа мекардем. 
Журналистони собиқадор бобати алҳол кам шудани шумораи хонандагони рӯзномаю маҷаллаҳо, дар ҳаёти маънавии инсон аҳамияти баланди тарбиявӣ доштани онҳо сухан ба миён оварданд. 
Дар поёни чорабинӣ ҳозирон С. Остонов ва А. Аҳмедовро бо ҷашнашон табрик гуфта, ба онҳо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои иттиҳодро супурданд. 

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: