ҲАР ЯКИ МО БАРОИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА МАСЪУЛЕМ!

Ба ҳама маълум аст, ки аз замони ба охир расидани Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки ҳамчун як воқеияти асри ХХ ба сифати як саҳифаи фоҷиабори таърихи ҷомеаи инсонӣ мӯҳр баста, ба сари инсоният кулфату мусибати бемисл овардааст, 76 сол сипарӣ шуд.

Абира ҲУСЕЙНОВА, 
узви Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, доктори илмҳои фалсафа.
Ба ҳама маълум аст, ки аз замони ба охир расидани Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки ҳамчун як воқеияти асри ХХ  ба сифати як саҳифаи фоҷиабори таърихи ҷомеаи инсонӣ мӯҳр баста, ба сари инсоният кулфату мусибати бемисл овардааст, 76 сол сипарӣ шуд. Ин фоҷиаи мудҳиш то чӣ андоза дуртар шавад ҳам, солҳо ва асрҳо гузаранд ҳам, он то ҳол инсониятро ба ларза меорад, аз хотирааш ҳеҷ гоҳ сутурда намешавад.
Шоҳидони зинда хеле каманд, ки дар фронтҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон мардонавор ҷангида, бо мӯъҷиза зинда монда,  ба Ватан баргаштаанд. Эътибору ғамхории ҳар як ҷомеа ба одамони калонсол сатҳи мадании онро муайян мекунад. Соддатар ифода намоем, эҳтиром зоҳир намудан ва меҳру оқибат нишон додан ба пиронсолон ба маънои том ба қисми ҷудонопазири ҳаёти маънавиамон табдил ёфтааст. Имрӯз аз ҳоли иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки дар байни мо буда, завқи ҳаёт пеш мебаранд,  ба онҳо расонидани кӯмаки тиббӣ ва иҷтимоӣ дар маркази диққати ҷомеа қарор дорад.
20 апрели соли 2021 ба муносибати дар  мамлакати мо баргузор карда шудани 9 май ҷашни умумхалқӣ — Рӯзи хотира ва қадр, инчунин абадӣ гардондани хотираи қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳон, гиромӣ доштани собиқадороне, ки имрӯз ҳам дар сафамон буда, ба баланд бардоштани нуфузи Ватанамон, дар рӯҳи маънавиву ахлоқӣ тарбия кардани ҷавонон саҳм гузоштаанд  ва  таҷлили 76-умин солгарди ғалаба бар фашизм ба мақсади ҳавасмандгардонии моддии иштирокдорон ва ногироҳои ҷанг Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев эълон шуд.
То он даме, ки хотираи таърихӣ вуҷуд дорад, мардум ҳамеша гузаштаи бузурги худ, мероси беназири фарҳангӣ, арзиш ва анъанаҳои худро дар ёд нигоҳ медоранд. Хотира баёнгари эҳтиром ва арҷгузории баланд нисбати ниёгон мебошад. Инсон бо хотира зинда, бо шаъну шараф бузург аст.
Саҳми халқи ӯзбек дар ғалаба бар фашизм дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бебаҳост. Агар ба далелҳо назар афканем, дар соли 1940 аҳолии ҶШС Ӯзбекистон 6,6 млн. нафарро ташкил медод. Дар соли якуми баъди ба охир расидани ҷанг аҳолии ҷумҳурӣ ба 5,2 миллион нафар поён фуромад. 4,5 миллион нафар аҳолии минтақаи Туркистон ба фронт ҷалб карда шуда бошанд, аз онҳо 1 миллиону 700 000 нафар асир гирифта шуданд (дар баъзе маъхазҳо 1,5 миллион).
Дар ҷанги солҳои 1941-1945 мардуми сермиллати Ӯзбекистон дар майдонҳои ҷанг ва ақибгоҳи фронт мардонагӣ ва матонати баланд нишон дода, дар таъмини ғалаба бар фашизм саҳми сазовор гузоштанд. Зиёда аз ним миллион нафари беш аз 1,5 миллион нафар ӯзбекистониҳои дар ҷанг иштирокдошта ҳалок, тақрибан 133 000 нафар бедарак шуданд ва зиёда аз 60 000 нафар маъюб шуда баргаштанд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳон аз Ӯзбекистон тақрибан 1,5 миллион нафар иштирок карда, аз ҳар се як нафари онҳо барнагаштанд. Аз ин гуна фоҷиа ягон хонадони кишварамон дар канор намонд.
Зиёда аз 1 миллион нафар одамон аз минтақаҳои ҷангзада ба мамлакат кӯчонида шуданд. 200 000 нафари онҳо бачаҳо буданд. Халқи мо ба онҳо паноҳгоҳ дод, нони охиринро баҳам дида, ятимонро ҳамчун фарзанди худ ба тарбия гирифта, фазилатҳои воқеии инсонии худро ба тамоми ҷаҳон нишон дод.
Аз рӯзҳои аввали ҷанг аҳолии мамлакатамон, тамоми захираҳои моддии он ба ҷанг сафарбар карда шуданд. Ба сари халқи Ӯзбекистон озмоишу мушкилоти вазнин омаданд. Округи ҳарбии Осиёи Миёна дар асоси сафарбаркунии ҳарбӣ аз моҳи июни соли 1941 то охири соли 1942 барои фронт 109 қисми ҳарбӣ ташкил кард, 86 дивизия ва бригадаро ба захираи артиши сайёр ва Ситоди олии фармондеҳӣ фиристод. Чунин далелҳоро давом додан мумкин аст.
Халқи ӯзбек дар фронт ва ақибгоҳ ҷасорати баланд нишон дод. Фазилатҳои таҳаммулпазирӣ, олиҳимматӣ, инсонпавариро намоён кард.
Ин фоҷиаи мудҳише, ки дар таърихи ҷаҳонӣ пайи даҳшатбор гузоштааст, ба умри 27 миллион нафаре, ки дар Иттиҳоди шӯравии собиқ зистааст, зомин шудааст, ба сари мардуми мо чӣ қадар ранҷу азоб оварда, ба бева мондани чӣ  қадар занон ва ятим мондани чӣ қадар кӯдакон сабаб шудааст, инсоният ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Барои такрор нашудани чунин ҷанги даҳшатнок ва бераҳмона, таъмин намудани абадияти ҳаёти осуда ҳар якамон масъулем.
Имрӯзҳо, дар шароити мураккабе, ки манфиатҳои гуногуни сиёсӣ дар арсаи байналхалқӣ бархӯрд мекунанд, танҳо он халқу ҷамъияте, ки  фикри худ, мавқеи ҳаётии худро дорад,  ба нерӯи мағлубнашаванда табдил ёфта, ояндаи худро  бо даст ва ақлу заковати худ бунёд мекунад .
Замоне, ки мо аз сар мегузаронем, аз ҳамаи мо, ҳар кадоми мо талаб мекунад, ки огоҳ ва ҳушёр бошем, имрӯзу ояндаи худ, зиндагии осоиштаамонро ҳифз намоем. Мо бояд танҳо осоиштагиро орзу нанамуда, балки барои сулҳ, ҳаёти осоишта, осмони мусаффо, албатта дар ҳамҷиҳатӣ мубориза барем.
Дар шароити ҷаҳонишавии босуръат рушдёбандаи имрӯза сиёсати давлатии ҷавонон дар ҳифзи манфиатҳои миллии кишвари мо, таъмини амнияту субот ва ҳаракат ба сӯи Ӯзбекистони нав нақши муҳим дорад. Таҷрибаи замонҳои хатарноки имрӯза нишон медиҳад, ки дар ҷаҳони зуд тағйирёбанда танҳо кишварҳое, ки зарфияти зеҳнӣ ва авлоди баркамол доранд, метавонанд нуфуз ва мавқеи худро дар харитаи ҷаҳон нигоҳ доранд. Пас, масъалаи ҷавонон кафолати рушд ва бехатари кишвар аст. Беҳуда нест, ки кишвари мо ислоҳоти пайвастаро ҷиҳати мувофиқи талаботи замон таълим додани ҷавонон, касб омӯхтан, тарбия намудани насли ҳаматарафа рушдёфта, ки қодир аст, бо ҳамсолони худ дар арсаи ҷаҳонӣ рақобат кунад, татбиқ менамояд.
Ҳеҷ ҷомеа бидуни ривоҷ додан ва мустаҳкам намудани имкониятҳои маънавӣ, арзишҳои маънавӣ ва ахлоқии худ дар шуури мардум пешомади худро тасаввур карда наметавонад. Ба ибораи Чингиз Айтматов бигӯем, «Вақте ки мо гузаштагони худро ёдовар мешавем, моро ҳиссиёти аҷиб фаро мегирад. Онҳо дур нарафтаанд. Мо низ  ба қабати онҳо дохил мешавем ... Ҳамеша ёдовар шудани онҳо вазифаи мост, хотираи онҳо барои мо зарур аст. Ягона порае аз хоке, ки мо дар қабрашон гузоштем, риштаест, ки моро мепайвандад”.
Халқи ӯзбек фалсафа ва ҷаҳонбинии чунин олимони бузург ба мисли Ибни Сино, Улуғбек, Берунӣ, Навоиро таҷассум намуда, мероси маънавии ниёгонро идома дода, ҳифз намудани сулҳи байни халқҳо ва миллатҳо, пурзӯр гардондани ҳамкориҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ, тарғиб намудани сиёсати оқилонаи хориҷӣ, зиндагии осоишта, кушодадилии байни миллатҳоро мақсади олии худ медонад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: