ҲАР ЗАФАР ЗОДАИ АЗМУ ПОЙДОРИСТ

Дар Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд омӯзгорон бисёранд, вале ҳамаи онҳо ҷанговари байналмилалу варзишгар, олиму ҷаҳонгаштаву забондон нестанд.

Дар Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд омӯзгорон бисёранд, вале ҳамаи онҳо ҷанговари байналмилалу варзишгар, олиму ҷаҳонгаштаву забондон нестанд. Қаҳрамони мо, номзади фанҳои тиб Тӯра Эшқобилов аз чунин зумра шахсони соҳибэҳтиром аст, ки дар як ҷо ва дар як кафедра – анатомияи паталогия фаъолияти пурсамар мебарад.

Ёде аз бачагӣ

Ту ба омӯхтан баланд шавӣ,
То бидонию арҷманд шавӣ!
Ӯ дар мактаби миёна таҳсил мегирифт. Модараш мудири китобхонаи марказӣ буду падари бузургвораш ҳисобдори хоҷагии ҷамоатӣ. Ҷойи кори волидайн дар роҳи мактаб буд. Вай баъди дарс назди модар мерафт ва китобҳои расмдору рангаро кунҷковона варақ мезад.
Боре Тӯра саргарми китобҳо буд, ки бо нақлиёти боркаш ҷилд-ҷилд асарҳои ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ навиштаро оварданд. Китобхони хурдакак яке аз онҳоро интихоб карду ҳамроҳ гирифтан хост.
– Писаракам, – гуфт бо лабханд модараш Ойшакар Муродова, – ин асар барои ту нест. Калон шуда, табиб шавӣ, баъд мехонӣ. Онро алломаи Шарқ Ибни Сино навиштааст. Номаш «Ал-Қонун» аст. Хубтараш ана ин «Мактаби кӯҳна»-и Устод Айниро гир. Қиссаи шавқовар. 
Тӯра бо маслиҳати модар онро гирифт. Воқеан, асар ниҳоят аҷиб будааст, ки дар муддати кӯтоҳ хонд. Сипас, бо кӯмаки модар ба дигар нависандагони номдор ошноӣ пайдо кард. 
Гоҳ-гоҳ ба рӯзномаҳо хату хабар менавишт. Нахустин ҳикояаш бо номи «Дастат дард набинад, ҷиян» дар «Коммунизм сари» (ҳоло «Янги йӯл»), ки дар ноҳияи Қамашии вилояти Қашқадарё нашр мегардид, рӯйи чопро дид.
Меҳру муҳаббат ба касби хабарнигорӣ дар қалбаш маъво гирифту соли 1962 баъди хатми мактаби рақами 25-уми зодгоҳаш ба шаҳри Тошканд рафт, то ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи Осиёи Миёна супорад. Аммо ба ӯ гуфтанд, ки дар факултаи мазкур собиқаи дусолаи меҳнат лозим аст. Вай ба зодгоҳ баргашта коргари сохтмон шуд. Соле баъд модараш ба вай фаҳмонд, ки дар оила шифокор зарур. 
– Самарқанд наздик аст, – гуфт модараш. – Зуд-зуд ба хона омада меравӣ.
Фарзанди сухангир дар асоси маслиҳати модар кор кард. Бахт ба рӯяш тофту донишҷӯи Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд гардид. Рӯзи қабул ректор Мӯсо Ҳаитов бо ҳуҷҷатҳои вай шинос шуду гуфт:
– Довталаб Эшқобилов, дар рӯйихати дохилшудагон шахси савум ҳастед. Ман таклиф мекунам, ки дар гурӯҳи аврупоӣ таҳсил кунед.
– Ташаккур, лекин ман русиро хуб намедонам.
– Ба шумо забони русиро меомӯзонанд, – исрор кард ректор.
–Ман розӣ, – даст сари сина гузошт довталаб.
– Ана ин гапи дигар. Табрик, шумо донишҷӯ.

Ҳар кӣ ҷӯё шуд, биёбад оқибат

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста 
гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Дертар, дар ҷараёни таҳсил Тӯра Ҷӯраевич аз ректор сипосгузор буд, зеро омӯхтани забони русӣ барои такмили ихтисосаш фоидабахш гардид. Қариб ҳамаи адабиёту барномаҳои таълимӣ ба забони русӣ буданд. Рост, аввал душворӣ кашид, аз баҳри истироҳат баромад, бо худомӯзӣ машғул шуд. Аз устодони меҳрубону сахтгир сабақ гирифт. 
Дар тӯли шаш сол 54 маротиба аз фанҳои гуногун имтиҳон супурда, танҳо аз се санҷиш баҳои «хуб» гирифт, донишкадаро бо дипломи сурх хатм кард.
Маросими дипломсупорӣ ба вуқӯъ пайваст. Он шаби таърихӣ ҳамкурсонаш Мизроб Маҳмудов, Шавкат Раззоқов, Юлий Замонов, Магира Кубаева, Абдураҳмон Абдуллоев, ки ҳамеша якҷо дарс тайёр мекарданд, ҳамроҳ буданд, бо табъи болида якдигарро табрик мегуфтанд.
Ректор Ӯктамой Ваҳҳобова ба Тӯра Эшқобилов тантанавор диплом супорида таъкид намуд, ки пагоҳ ба ректорат ояд. 
Вай бо амри роҳбари донишкада ба қабулаш омад. Дар утоқи кории ӯ чанд нафар ҳузур доштанд. Ӯктамой Каримовна зуд ба мақсад гузашт: ҳоло мо машварат карда, ба хулосае омадем, ки шуморо дар кафедраи анатомияи патологӣ ба кор гирем. Мудири кафедра профессор Олия Азизова тавсияномаи қаноатбахш дод.
Бояд таъкид намуд, ки кори дипломии ӯ низ бо кафедраи мазкур вобаста буд ва барои навиштани он Олия Мӯъминовна роҳбарӣ мекард.
Баъди оғози фаъолияти корӣ вай ба мудир гуфт, ки нияти навиштани рисолаи номзадӣ дорад.
– Хеле нағз, – фикри шогирдашро дастгирӣ кард Олия Азизова, – ман ба устодам Елизавета Маковская, мудираи кафедраи Донишкадаи тиббиёти ба номи Николай Пирогови шаҳри Виннитсаи Украина тавсиянома менависам ва ӯ шуморо ба аспирантура қабул мекунад. 
Тӯра Ҷӯраевич дар тӯли се сол рисолаи номзадиро навишт ва онро соли 1972 бомуваффақият ҳимоя намуда, боз ба Самарқанд баргашт. Аввал ассистент, сипас досент гардид.

Салом, Афғонистон!

Ин воқеа баҳори соли 1986 рух дод. Ӯро ректори донишкада Нуриддин Камолов назди худ хонда гуфт, ки бо вай вазири ҳифзи тандурустии ҷумҳурӣ Саидҷамол Баҳронов шахсан мехоҳад суҳбат намояд. 
Рӯзи дигар Тӯра Ҷӯраевич бо ҳавопаймо ба Тошканд парид. Саидҷамол Баҳронов ӯро хуш пазируфт ва баъди саволу ҷавоб аз вай пурсид, ки чанд забонро медонад.
– Маърифатпарвар Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ гуфтааст, ки ҳар як мусулмон бояд чор забонро донад, – ҷавоб дод ӯ. – Ман забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ, русӣ, қароқалпоқӣ ва каме арабию англисиро медонам.
– Чӣ шумо дар Қароқалпоқистон хизмат кардед? – мароқ зоҳир кард вазир.
– Ҳамсарам Зархон Хоҷаниёзова аз ноҳияи Кегайлии Қароқалпоқистон аст, – гуфт ӯ. 
– Хеле хуб, табассум кард Саидҷамол Баҳронов. Кӯшиш кунед, ки англисиро низ пурра омӯзед. Ҳозир ба утоқи 762-юм меравед ва баъди ҳуҷҷатҳоро таҳия намудан, шаш моҳ такмили ихтисос мекунед. Ана баъд нону насиба ба ягон кишвари Осиё хоҳад бурд.
Тӯра Ҷӯраевич фасли тобистону қисман тирамоҳро дар Тошканд гузаронд. Сипас, ӯро ба Маскав даъват карда гуфтанд, ки бо тавсияи Вазорати нигаҳдории тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон меравад. Ин супориши Ватан аст.
Субҳи 18-уми августи соли 1987 Тӯра Эшқобилов бо завҷааш – табиби бемориҳои дохилӣ – терапевт ба Афғонистон парвоз намуд.  Дар тайёрагоҳи Кобул шифокоронро вакилони Вазорати ҳифзи сиҳҳати кишвари ҳамсоя ва ходимони сафоратхонаи Иттиҳоди Шӯравӣ пешвоз гирифтанд. Пас аз соҳиби манзил шудан вохӯрӣ бо ректори Донишкадаи тиббиёти Кобул, академик Эъҷозӣ ба вуқӯъ пайваст. Намояндаи самарқандиро мушовири кафедраи анатомияи паталогӣ таъин намуданд. Ба вай донистани забони тоҷикӣ кор дод. Зеро аксарияти толибилмон ба ин забон ҳарф мезаданд. 
Тӯра Ҷӯраевич ҳангоми хидмат дар кишвари ҳамсоя ба бисёр вилоятҳо сафар карда, чанд маротиба дар қисмҳои ҳарбии урдуи шӯравӣ меҳмон шуд. Алалхусус, зиёрати қабрҳои шоири зуллисонайн Алишери Навоӣ ва саркарда Заҳириддин Муҳаммад Бобур як умр ба хотираш нақш баст. 
Баъди ду сол онҳоро ба сафоратхонаи Иттиҳоди Шӯравӣ таклиф карда, баъди арзи сипос гуфтанд, ки фурсати хидмат ба поён мерасад, бинобар ин ба шумо роҳи сафед.

Лаби пир бо панд 
некӯтар аст

Ҳоло синни Тӯра Эшқобилов ба 77 расида бошад ҳам, чун ҷавонҳо зиндадилу чолок аст. Зеро як умр бо тарбияи бадан машғул мешавад. Ӯ бо некӣ кардану дил ба даст овардан барин хислатҳои хуби инсонӣ дар байни ҷамоаи донишкада ва толибилмон маҳбубияти хоса дорад. 
Дар тӯли беш аз 50 соли фаъолияти педагогӣ ҳазорҳо нафар шогирдонро таълиму тарбия дод, ки онҳо на танҳо дар қаламрави Ӯзбекистон, инчунин дар Тоҷикистону Русия, Исроилу қитъаи Амрико ва ғайра кор мекунанд. Аз ҳама муҳимаш, бо ҳамсари меҳрубонаш худораҳматӣ Зархон Хоҷаниёзова панҷ нафар фарзандро ба воя расонд. Писари калониаш Зафарҷон дар Қашқадарё фермер аст. Сурайё аз паси падари бузургвор рафта, дар Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд омӯзгор мебошад. Маликабону мусоҳиби прокуратураи вилоят, Ҳасан дорушинос аст. Зӯҳро дар Донишкадаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони таълими халқи вилоят аз забони англисӣ сабақ медиҳад. Беш аз даҳ нафар набера ворисони муносиби сулолаи Эшқобиловҳо мебошанд.
– Бо Муроҷиатномаи Президенти кишвар ба Олий Маҷлис шинос шудам, – мегӯяд Тӯрабобо. – Боиси хурсандист, ки роҳбари давлат ба масъалаи таълиму тарбия, алалхусус таълиму тарбияи насли наврас, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва дастгирии кормандони соҳаи тандурустӣ ғамхорӣ зоҳир менамояд. Соли дастгирии ҷавонон ва таҳкими саломатии аҳолӣ номгузорӣ шудани соли 2021 масъулияти моро дучанд мекунад. Умед аст, ки маҳз ҷавонон ба Эҳёи савум таҳкурсӣ мегузоранд ва комёб мешаванд. Зеро зафар зодаи азму пойдорист.

Ҷасур РИЗОЕВ, 
ректори Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд.
Ҳ. ЗОҲИР, 
узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: