ҲАРАКАТ – ОМИЛИ ПЕШРАВИИ ҲАЁТ

Дар солҳои охир бо ташаббуси сарвари давлат дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои муттасил андешида мешаванд, то ки тарзи ҳаёти солим барқарор гардад.

Барои ҳеҷ кас пӯшида нест, ки фақат кишвар ва халқе, ки ба варзиш аҳамият медиҳад, аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим хоҳад шуд. Академик Матвей Мудров гуфта буд, ки барои нигаҳдории саломатӣ ва пешгирии ҳар гуна беморӣ ғайр аз тарбияи бадан ва ҳаракат воситаи дигар нест. Доруву дармони асосӣ ҳавои соф, оби сард, арраю каланд будааст.
Мусоҳибаи мо бо сардори садорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши вилояти Самарқанд Шуҳрат РӮЗИЕВ ба асоси саломатӣ – ҳаракати мунтазам бахшида шуд.

–Дар вилоят 5 ҳазору 555 иншооти варзишӣ вуҷуд дошта, аз онҳо 171-тояш дар тасарруфи садорати мо мебошад. Дар Самарқанд беш аз 30 муассисаи таълими варзишӣ арзи вуҷуд мекунад, дар онҳо қариб 32 ҳазор нафар писарону духтарон бо намуди варзиши дӯстоштаи худ машғуланд. Зеро фарзандони аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим, хушзеҳн ва аз ҷиҳати маънавӣ баркамолро тарбия кардан вазифаи мост, – гуфт Шуҳрат Ашӯрович.
– Матбуоти Ӯзбекистон, аз он ҷумла рӯзномаи «Овози тоҷик» дар бораи комёбии варзишгарон мунтазам иттилоъ медиҳад, ки дар байни онҳо самарқандиҳо низ ҳастанд...
– Ҷамоаи варзиши Самарқанд дар соли 2018 дар мусобиқаҳои гуногун 1 ҳазору 652-то  медал (520-то медали тилло) ба даст овард, ки боиси ифтихор аст. Дар байни онҳо чемпионҳои ҷаҳон оид ба бозиҳои олимпӣ ва байналхалқӣ хеле бисёранд.
Президент моҳи сентябри соли гузашта маҷлиси селекторӣ гузаронда, дар назди мо – масъулони садорати варзиш вазифаҳои таъхирнопазир гузошт. Бинобар ҳамин садорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, алалхусус, ба ривоҷи бозиҳои олимпӣ диққати махсус медиҳад. 
Дар вилоят беш аз се миллион аҳолӣ умр ба сар бурда, аз онҳо 80 ҳазору 394 нафар аз 14 то 30-сола мебошанд, аксарияти онҳо бо варзиш машғуланд. Дар вилоят беш аз 4 ҳазор майдончаи варзиш мавҷуд буда, 202-тои онҳо қолини сунъии сабз доранд, ки дар онҳо писаракон бо футбол, волейбол ва баскетбол машғуланд.
Дастаи «Шердор»-и наврасон, ки то 16-сола ҳастанд, ҳамсолони худро аз Фаронса қабул карда, вохӯрии дӯстона гузарониданд. Акнун самарқандиҳо ба шаҳри Париж хоҳанд рафт. Дар омади гап таъкид кардан ҷоиз аст, ки ба таври оммавӣ бо варзиш шуғл  варзидани насли наврас ба пурқувват, далер, ҷасур ба камол расидани онҳо сабаб мегардад. Аз ҳама муҳимаш, мунтазам шуғл варзидан бо варзиш феълу атвор ва тарзи ҳаёти фарзанду набераҳоро ба таври мусбат тағйир медиҳад.
Президент ҳангоми вохӯрӣ бо мардуми Самарқанд таъкид карда буд, ки дар деҳаҳои кӯҳсори Оҳалик, Оқсой, Ургут ва ғайра пайраҳаи саломатӣ ташкил кардан зарур аст. Мо дар асоси тавсияи сарвари давлат корҳои ташкилиро оғоз кардем. Зеро зиндагӣ ҳаракатро талаб мекунад. Ҳаракат бошад, омили пешравии ҳаёт аст. Шахси ҷисмонан пурқувват зиндагии некӯ дорад. Пири табибон Ибни Сино таъкид карда буд, ки агар инсон бо тарбияи бадан машғул шавад, ба ҳеҷ гуна доруву дармон зарурат пайдо намешавад.
– Шуҳрат Ашӯрович, нақшаҳои ояндаи Шумо аз чиҳо иборатанд?
– Дар Ӯзбекистон Бозиҳои Осиё баргузор мегардад, ки дар он 42 намуди варзиш мавҷуд аст. Аз рӯйи нақша вохӯриҳои асосӣ дар шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Аллакай ба мусобиқаи муҳим тайёрӣ дида истодаем.
Хуллас, варзиш омили ояндаи солим мебошад. Танҳо халқи солим, миллати солим ба иҷрои корҳои бузург қодир аст. Вазифаи асосии мо – ба андозаи ҷаҳонӣ расонидани фаъолиятҳоямон мебошад, ки барои он таҳкурсии мустаҳкам дорем.

Суҳбаторо 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар
вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: