Аз 20 июни соли ҷорӣ ҳаракати қатораҳои мусофирбар дар хатсайри "Душанбе - Тошканд" барқарор мешавад.
Поездҳо байни пойтахтҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳафтае як маротиба ҳаракат хоҳанд кард.
Онҳо аз 10 вагон — хоб, чор купедор, вагон-тарабхона, чор вагони гуногуни дорои ҷойҳои нишаст иборатанд. Мусофирон аз Душанбе ба Тошкент дар зарфи 21 соат мерасанд.
Бинобар хабари ӮзА, ҳаракати нақлиёт дар аввалҳои солҳои 90-ум қатъ шуда буд.