Насли ҷавон ё худ кор бо ҷавонон ҳамеша дар маркази эътибор буду ҳаст. Дар «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» ин масъала мазмун ва моҳияти тоза касб намуд. Чанде пеш роҳбари давлати мо марбут ба соҳаи кор бо ҷавонон ҷамъомади видеоселекторӣ доир намуд.
Дар он асосан доири умдатарин масоил сухан ба миён омад, ки дар давоми солҳои охир ҳаллу фасл ёфтаанд. Таъкид ёфт самаранокии корҳо дар ин самт, хусусан дар ҳафт соли охир, хеле эҳсосшаванда аст.
Фарогирии ҷавонон ба таҳсил, касбомӯзӣ ва таъмини онҳо бо шуғл муҳимтарин вазифаҳоеанд, ки дар ин бобат муташаккилона ба иҷро расонда мешаванд. Ба рақамҳо муроҷиат карда, ба ин боварии қатъӣ ҳосил карда метавонем: танҳо аз кредити таълим истифодабурдани 151 ҳазор нафар ҷавонон, пардохти шартномаи 110 ҳазор донишҷӯйи фарзандони оилаҳои камтаъмин донишгоҳҳои бонуфузи ИМА ва Бритониёи Кабирро хатм кардани 50 нафар ҷавонони мо тавассути бунёди «Эл-юрт умиди» ва алъон ба 200 нафар расидани ин гуна толибони илм, дар хориҷ таҳсил кардани бештар аз 110 ҳазор писару духтаронамон ва ҳоказо, ки марбут ба таълими олианд. Танҳо соли равон бештар аз 14 ҳазор беҳтарин донишандӯзони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ мактабро бо медалҳои тиллову нуқра хатм намуданд ва аксарияти томи онҳо донишҷӯ шуданд. Дар давоми чаҳор соли охир миқдори медалҳое, ки дар олимпиадаҳои «Панҷгонаи калон» ба даст оварда шуд, ду баробар афзуд.
Дар бобати фарогирии насли ҷавон ба соҳибкориву шуғл низ натиҷаҳо қонеъкунанда мебошанд. Ба ивази кредите, ки дар доираи барномаҳои «Соҳибкории оилавӣ» ҷудо карда шудааст, зиёда аз 1 миллион нафар ҷавонони мо соҳиби кор шуданд. Дар 205 «Минтақаи саноати ҷавонон» як ҳазору дусад лоиҳа ба кор андохта шуд. Бештар аз якуним ҳазор нафар соҳибкорони ҷавони мо дар тиҷорат ба самаранокӣ ноил шуда, комёбиҳои назаррас ба даст меоранд, ки гардиши маблағи ҳар кадоми онҳо аз як миллион доллар мегузарад.
Таваҷҷуҳи ҷавонони мо вақтҳои охир хусусан ба амиқтар фаро гирифтани физика, кимё, биология, технология, математика барин фанҳо боз ҳам бештар шудааст, зеро онҳо хуб дарк кардаанд барои равнақи «саноати ҷаҳорум» ин фанҳо хеле муҳиманд.
Платформаи ягонаи онлайни лабораторияҳое офарида шудааст, ки ба муассисаҳои таълими олӣ ва вазорату корхонаҳои дахлнок мутааллиқанд. Зиёда аз 50 ҳазор нафар ҷавонони мо дар соҳаи технологияи иттилоотӣ худро банд кардаанд.
Дари стадионҳо, толорҳои варзишӣ ва китобхонаҳо ба рӯи ҷавонон ҳамеша боз аст. Дар ярмаркаҳои меҳнатие, ки соли равон ташкил карда мешавад, интизор меравад 350 ҳазор нафар ҷавонон шуғли доимии дилхоҳ пайдо намоянд. Барои барқарорсозии солимии ҷавонони ногиро, хусусан духтарбачаҳо ва таъмин сохтани эҳтиёҷи онҳо ба манзил эътибор нигаронида мешавад. Хонакорӣ ё шуғли масофавӣ низ ба ҷавонони имконияти ҷисмониашон маҳдуд имкониятҳои қулай фароҳам меоварад. Духтарони донишҷӯе, ки кӯдаки то сесола доранд, метавонанд аз имкониятҳои таълими масофавӣ истифода намоянд. Президентамон дар муроҷиат ба ҷавонони мо мегӯяд: «Барои дар ҳаёт ҷойи муносиб ёфтани шумо минбаъд низ кулли қувва ва имкониятҳоро ба кор меандозем. Шумо боварӣ ва такяи мамлакати мо, бунёдгузори ояндаамон мебошед».
Ин гуна ғамхориҳо, албатта, ба ҷавонон рӯҳ мебахшад ва онҳо ҳаракат мекунанд аз имкониятҳое, ки дар роҳи таҳсил, омӯзиши касб ва шуғли онҳо фароҳам оварда шудаанд, сари вақт истифода намоянд.
Ҳаёт тақозо мекунад насли ҷавон донишу таҷрибаи иқтисодӣ дошта бошад. Вақте ҷавон соҳиби оила шуд, масъулияти саробонӣ ба хонадон ба дӯшаш афтода, маҷбур аст дар бораи моддиёт бештар фикр кунад. Ҳамоне, ки то андозае аз дониши иқтисодӣ бархурдор аст, худро гум намекунад. Ҳалли масъалаи пулёбӣ ва таъмини оила ба вай душвор намекӯчад.
Воқеан, тадбирҳои маънавие, ки дар ин самт гузаронида мешаванд, дар мустаҳкамгардии дониш ва биниши ҷавонон нақши муҳим бозида метавонанд. Онҳое, ки таҷрибаи бойи ҳаётӣ доранд, мегӯянд нахустин хиштҳои тарбияи иқтисодӣ бояд дар синфҳои ибтидоии дабистонҳои таълими умумӣ гузошта шавад. Донишҳои иқтисодӣ бошанд, вақте хонанда мактабро хатм намуд, минбаъд дар муассисаҳои ҳунаромӯзӣ ва даргоҳҳои таълими олӣ рӯ ба густариш мениҳанд.
Бо кор ва шуғли мувофиқ аз рӯи тахассус таъмин намудани ҷавононе, ки масканҳои таълиму ҳунариро хатм кардаанд, айни замон дар маркази эътибор мебошад. Хатмкардаи ин гуна даргоҳҳо, хусусан ҳамоне, ки оянда тиҷорати хурди худӣ ташкил карданист, бояд бо мутахассисони соҳаи иқтисодиёт, намояндагони бонк, идораҳои молияву суғурта муомила ва ҳамкорӣ карда тавонад.
Мактаби соҳибкорони ҷавон дар маҳаллаҳо вуҷуд надошта бошанд ҳам, мактаб, маҳалла ё корхонаҳои маҳаллӣ бояд якҷо дар омодасозии ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, фарогирии онҳо ба касб фаъолият баранд ва бевосита нақши мактаби соҳибкорони ҷавонро бибозанд. Ҷавононе, ки сабақомӯз дар ин гуна мактабҳоянд, то андозае аз таҷрибаҳои иқтисодӣ бояд бархурдор, бо донишҳои иқтисодӣ мусаллаҳ бошанд. Онҳо ин донишу таҷрибаи худро минбаъд дар кори тиҷоратиашон, ки аз кас ҳушмандӣ, маҳорат ва таҷриба металабад, бамаврид истифода бурданашон мумкин.
Мутаассифона, қисме аз ҷавонони мо ва падару модари онҳо ба ин масъала дар вақташ аҳамият намедиҳанд. Ёфт мешаванд онҳое, ки дар остонаи камолотанд ё худ ба ҳаёти мустақилонаи оилавӣ сар кардаанд, аммо ҳанӯз дар бораи соҳиби ин ё он касб шудан ҷиддӣ фикр накардаанд. Ин аз он дарак медиҳад, ки онҳо ба худ бовар надоранд ё аз ҳад зиёд фориғболу бепарвоянд. Фикри мустақил надоштани қисме аз ҷавонони мо низ нишонаи оҷизист. Ба ин, дар навбати аввал, падару модарон сабабгоранд. Барои дар қалби ҷавонон бедор кардани ҳисси масъулият дар мустақилона пеш бурдани рӯзгор кумаки мутахассисони малаканок ва рӯҳшиносони таҷрибанок низ хеле муҳим. Ҷуз ин лозим меояд дар зеҳн, шууру тафаккур ва қалби ҳар насли ҷавон тамоюли ғояи миллӣ ва мафҳуми дониши иқтисодиро мустаҳкам ҷойгир намоем. Ин водор месозад фарзандони мо ба оянда ва қудрати худ бовар намоянд, бори масъулияте, ки дар зимма доранд, амиқтар эҳсос созанд.
Дар ҷамъомади парлумонӣ, ки 20 ноябр баргузор гашт, роҳбари давлати мо дигарбора таъкид сохт барои тарбияи ҳарҷонибаи ҷавонон, соҳиби дониш ва касби замонавӣ шудани онҳо кулли имкониятҳо сафарбар карда мешаванд.
Умед ҳаст ҷавононе, ки бо донишҳои иқтисодию маънавӣ мусаллаҳанд, чи дар оиладорӣ, чи пешбурди корҳои тиҷоративу соҳибкорӣ ва чи дар фаъолият дар самтҳои гуногун ба дигарон намуна мешаванд, ба Ватани худ хидмати сазовор мекунанд, дар равнақи он саҳми муносиб мегузоранд.
Муҳаммадҷон Шодиев,
хабарнигори «Овози тоҷик».