Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 29 декабри соли 2020 ба Олий Маҷлис Муроҷиати навбатии худро баён намуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 29 декабри соли 2020 ба Олий Маҷлис Муроҷиати навбатии худро баён намуд.
Дар чорабинӣ, ки дар Конгресс-маркази байналхалқии пойтахт баргузор гардид, аъзои Сенат ва депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ ва вакилони ҷамъият иштирок намуданд.
Муроҷиат ба тариқи зинда аз шабакаҳои телевизионии марказии давлатӣ ва хусусӣ, инчунин веб-сайтҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ намоиш дода шуд.
Чорабиние, ки дар ҳаёти сиёсии мамлакат рӯйдоди муҳим ба шумор меравад, тибқи анъана аз соли 2017 баргузор мегардад. Дар Муроҷиат нишондодҳои асосии соли сипаришаванда баён гардида, барои соли оянда мақсад ва вазифаҳо муайян карда мешаванд. Маҳз барои ҳамин онро ҳамеша бо таваҷҷӯҳи зиёд ва муштоқона халқамон мунтазир мегардад. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки Муроҷиат ба Олий Маҷлис ва мардуми Ӯзбекистон имсол, дар тафовут аз солҳои пешин, дар шароити мураккаб баён мегардад. Соли 2020 пандемияи коронавирус инсониятро ба имтиҳони ҷиддӣ мувоҷеҳ намуд. Таъкид шуд, ки ин дар сад соли охир даҳшати миқёси ҷаҳонӣ буда, бисёр одамон қурбони он гардиданд, миллионҳо ҷойи кор аз даст рафт, иқтисодиёти мамлакатҳо бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гардиданд.
Мутаассифона, ин таҳоҷум дар баробари тамоми инсоният барои мардумамон низ мушкилоти ғайричашмдошт ва мураккаб овард. Гузашта аз ин, боз як имтиҳон барои мамлакат даҳшатҳои табиӣ ва фоҷиаи техногенӣ дар Бухоро ва Сардоба гардиданд.
Ба шарофати иродаи мустаҳкам, меҳнати бомашаққат ва истодагарии халқамон, бо кӯшиши якҷояи аҳолӣ ва мақомоти давлатӣ мо ин озмоишҳоро мардонавор пушти сар менамоем.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки аз нахустин рӯзҳои пандемия тамоми сохтори идорӣ ба низоми кори фавқулодда гузаронда шуда, дар муддати кӯтоҳ чорабиниҳои маҷмӯӣ дар бобати нармсозӣ ва бартарафсозии оқибатҳои пандемия таҳия ва татбиқ гардиданд.
Аз ҷумла, Фонди зиддибӯҳронӣ таъсис гардид, ба туфайли чораҳои таъҷилӣ ва бонизом, ки дар доираи ҷунбиши умумихалқии «Саховат ва дастгирӣ» андешида шуд, васеъ паҳн гардидани ин бемории хатарнок ҷилавгарӣ гардид. Таъкид гардид, ки дар мамлакат ҳаёти осуда ва ором таъмин гардида, рушди суботноки иқтисодиёт идома дорад.
Президент ба мардуми шарафманди Ӯзбекистон, ки бо риояи талаботи карантин зиндагӣ ва меҳнат намуд, духтурон ба касби худ садоқат зоҳир намуданд, ба ходимони тиб, ки шабу рӯз мардонавор бо ин вируси хатарнок мубориза бурданд, соҳибкороне, ки дар ин рӯзҳои бомашаққат ба аҳолии муҳтоҷ дасти кӯмак дароз намуданд, ба шарикони хориҷиамон арзи миннатдорӣ намуд.
Тавре ки маълум аст, бинобар пешниҳоди Президент соли 2020 дар мамлакатамон Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ эълон гардида буд. Дар доираи Барномаи давлатии марбут дар тамоми соҳаҳо ислоҳоти сохтмони Ӯзбекистони нав қатъиян идома дошт.
Аз он ҷумла, сарфи назар аз имсоли мураккаб, Ӯзбекистон дар қатори давлатҳои камтеъдод рушди динамикаи мусбиро нигоҳ дошта тавонист.
Роҳбари давлат инро дар Муроҷиати худ алоҳида таъкид кард.
Соли ҷорӣ дар мамлакатамон 197 корхонаи бузург, ҳазорон корхонаҳои хурд ва миёна, объектҳои инфрасохтор бунёд гардиданд. Танҳо дар сектори энергетика сохтмони 6 нирӯгоҳи барқии нав дар асоси шарикии давлативу хусусӣ бо сармоягузорони хориҷӣ оғоз гаштааст. Иқтидори умумии онҳо 2700 мегаваттро ташкил менамояд. Дар шаҳри Тошканд 2 истгоҳи нави метрополитен, хати руйизаминии метро дар тӯли 18 километр ба баҳрабардорӣ супурда шуд.
Дар хоҷагии қишлоқ инчунин ислоҳоти амиқ татбиқ гардида, дар натиҷаи он дар давраи пандемия маҳсулоти меваву сабзавот ба миқдори 1 миллиард доллар содир гаштааст. Ба фаъолияти соҳибкорон аз ҳар ҷиҳат мадад расонда шуд.
Соли 2020 дар соҳаи дастгирии иҷтимоии аҳолӣ гардиши куллӣ гардид. Кори васеъмиқёс дар бобати кам намудани қашшоқӣ оғоз ёфт. Дар тамоми ноҳияҳо ва шаҳрҳо, дар ҳар як маҳалла низоми комилан нави хона ба хона кор кардан бо оилаҳои эҳтиёҷманд, занон ва ҷавонон ҷорӣ гардид.
Дар мамлакатамон ислоҳот дар бобати таъмини ҳуқуқ ва манфиати инсон, озодсозии иқтисодиёт муттасил идома дорад. Он чиз ислоҳоти васеъмиқёси демократии моро эътироф менамояд, ки Ӯзбекистон соли 2020 ба Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дохил гардид, Департаменти давлатии ИМА Ӯзбекистонро аз рӯйхати мамлакатҳое хориҷ намуд, ки дар соҳаи озодии дин «фавқулодда ташвишовар» номида мешуд.
Дар Рейтинги байналхалқии «Рӯйихати маълумотҳои кушода» Ӯзбекистон ҷойи 44-умро ишғол намуд, ки ин 125 сатр аз пештара болотар аст. Боз як эътирофи байналхалқии ислоҳоти мо – Индекси озодии иқтисодии мамлакатамон мебошад, ки ба 26 сатр боло баромадааст.
Сарфи назар аз пандемияи коронавирус ва буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, Ӯзбекистон сиёсати кушод ва прагматии хориҷиро пеш мебарад. Ба туфайли кӯшиши қатъие, ки дар арсаи байналхалқӣ татбиқ мегардад, обрӯ ва нуфузи мамлакатамон дар назди ҷомеаи ҷаҳон меафзояд.
Мисли ҳамеша, қисми ҳассоси Муроҷиат номгузорӣ намудани соли оянда гардид. Роҳбари давлат бо мақсади ба вуҷуд овардани пойгоҳи Эҳёи сеюм дар Ӯзбекистони нав якҷоя бо ҷавононе, ки молики заковати баланд ва зарфияти созандагӣ буда, инчунин идома ва бардоштан ба дараҷаи нави ҳарчи баландтари кори шурӯъгардида дар ин самти муҳими кор соли 2021-ро чун Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкам намудани саломатии аҳолӣ пешниҳод намуд. Иштирокдорони маросим ин пешниҳоди Президентро фаъолона дастгирӣ намуданд.
Маълум аст, ки соли 2021 аз истиқлолияти Ватан 30 сол пур мегардад. Аллакай кори доманадори омодагӣ ба ҷашни ин санаи таърихӣ дар асоси ғояи неки «Мо дар Ӯзбекистони нав – мамлакати озод ва шукуфон зиндагӣ мекунем!» шурӯъ гаштааст.
Имрӯз нақша ва барномаҳоямонро барои соли оянда муайян намуда, мо, албатта, ба инкишофи самтҳои ҳарчи муҳим ва афзалиятнок, минбаъд мустаҳкам намудани дастовардҳоямон дар солҳои истиқлолият эътибори алоҳида медиҳем,– гуфт роҳбари давлат.
Вазифаҳои муҳиме муайян гардиданд, ки ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон, ҳифз ва мустаҳкам намудани саломатии аҳолӣ, рушди минбаъдаи мамлакат, самтҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ нигаронда шудаанд.
Дар соли нав мо бояд шуҷоатмандона бо фидоияти калон кор кунем. Дар пеш моро метавонад боз ҳам машаққатҳои зиёди ҳаёт интизор бошад ва мо ба ин бояд омода бошем. Аммо ҳарчи мураккаб набошад, мо аз роҳи ислоҳоти демократӣ барнамегардем, таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Дар поёни Муроҷиат таъкид шуд, ки иқтидор ва иродаи халқамон, ки дар шароити имрӯзаи мураккаб тамоми имтиҳон ва номусоидиҳоро бартараф менамояд, боз ҳам пурзӯртар мегардад. Боварӣ ба қувва ва имконоти худ моро муттаҳид намуда, дар роҳи мақсади баланди ташаккули пойгоҳи Эҳёи нав боз ҳам пойдортар мегардонад. Ин кӯшиш халқи моро барои корҳои амалии бузург ва дастовардҳои боз ҳам баланд дар соли нав илҳомбахш менамояд.
Матназар ЭЛМУРОДОВ,
хабарнигори ӮзА.