Аз қадамҳои аввалини мо ба сарзамини Тоҷикистон, яъне аз гузаргоҳи «Фатҳобод»-и ноҳияи Масчоҳи вилояти Суғд, бароямон равшан гардид, ки аз ин дидор тоҷикистониён аз мо хушҳолтар буданд.
Баробари убур кардани сарҳад, мо – беш аз даҳ нафар журналистони ӯзбекистониро ҳамкорон аз расонаҳои гуногуни ахбори кишвари тоҷикон, роҳбарони вилояту ноҳия ва гулдухтарони тоҷик бо либосҳои миллӣ дар ҳавои садои карнаю сурнай бо нону намак истиқбол намуданд.
Ҳамин тариқ сафари чандрӯзаи эҷодии хабарнигорон аз чандин шабакаи радиову телевизион ва рӯзномаҳои мухталифи Ӯзбекистон ба ҷумҳурии ҳамсоя оғоз гардид.
Мизбонон ба ҷумҳурии мо, ба ҳаёти иҷтимоиву адабӣ ва илмии он на камтар аз он, ки мо бинобар тақозои кор ва нақшаҳои эҷодӣ ба ҷанбаҳои ҳаёти онҳо мароқ зоҳир менамоем, таваҷҷӯҳ зоҳир мекарданд. Дар Кохи матбуоти вилояти Суғд, ки дар бинои шинаму зебои баландошёна ҷойгир буда, ки ҳамагӣ 7-8 сол пештар сохта шудааст, мисли мо журналистон кор мекарданд. Соҳибони ин касб, ки маъмулан кунҷков мебошанд, ба кору фаъолияти ҳамкасбони худ дучанд мароқ зоҳир менамуданд. Ин ҳоло як амри табиист. Чунки ашхос ва расонаҳои хабарӣ, хонандагони нашрияҳои ҳамдигар, бинандагони телевизиони якдигар, ки то ин 20-25 соли охир гӯё дар як фазои фарҳангиву иттилоотӣ қарор доштанду барои ҳамкориву ҳамбастагӣ ва ҳатто барои истифода аз маҳсули эҷодии ҳамдигар садду мамониате эҳсос намекарданд, акнун дубора барои барқарор намудани ҳамон анъанаҳо саъй ва азм бояд кунанд.
– Баҳ-баҳ, – ба ваҷд меояд яке аз ходимони рӯзномаи расмии вилоят – «Согдийская правда» Хуршеда Содиқова. – Падари ман Ҳоҷӣ Содиқ яке аз муаллифони фаъоли рӯзномаи «Овози тоҷик» буданд. Худам ҳам чандин сол дар низоми агентии Уз ТАГ (ҳоло ӮзА) кор кардам. Дар Ӯзбекистон ҳанӯз дӯстони ҳамсабақу ҳамкор дорам, – мегуфт ӯ ба яке аз ҳамсафарони мо аз ӮзА.
Ҳар қадр мо бо ҳамкасбони худ аз рӯзномаҳои «Ҳақиқати Суғд», «Суғд ҳақиқати» ва «Согдиская правда» ба суҳбат ворид мешудем, ҳамон қадар риштаву василаҳои гуногуни ҳамфикрӣ ва хешутаборӣ ифшо мешуданд. Ин низ ҳоли табиист, зеро ба далели мавқеи ҷуғрофӣ ва ҳамсоягии вилоят бо Ӯзбекистон, хусусан бо пойтахт ва водии Фарғона ҳамкории мардум дар ҳар ҷанба бо якдигар бидуни ягон расмиятпарастӣ ва сохтакорӣ сурат мегирад.
– Ман чун сармуҳаррири рӯзномаи «Суғд ҳақиқати» хуб медонам, ки муносибат дар вилоятамон ба ин се рӯзнома, ки бо се забон чоп мешаванд, ҳамеша якзайл будааст, – мегӯяд роҳбари ҷавони ин нашрия Фарҳод Ҷӯраев. – Бештар аз 25 нафар ходими мо барои нашри се ҳазор нусха рӯзнома заҳмат мекашанд, мо баҳри такмили ихтисоси дигар фаъолҳои ҷамъиятиямон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мактабҳои маҳорат ташкил кардаем, ки баъдан ба ёрдамчиёни беминнати мо табдил меёбанд.
Вақте мо баъди тамошои консерти дӯстӣ дар Боғи Камол ба меҳмонхона бармегаштем, дар шоми Хуҷанди бостонӣ ба Раиси Ҳукумати вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дучор омадем.
– Ин ҳоло дебочаи ҳамаи корҳои мост, ки Ӯзбекистону Тоҷикистон бо роҳнамоии хирадмандонаи ду сарвар пеш мебаранд, – гуфт ӯ бо мамнуният.– Хусусан барои вилояти мо ба далели мавқеи ҷойгиршавиаш баромадан ба хориҷи он хеле қулай аст. Мо ният дорем, ки бисёр чизҳо, аз ҷумла гармхонадориро бобати парвариши маҳсулоти кишоварзӣ аз шумо омӯзем, ки воқеан дар Ӯзбекистон хеле ривоҷ ёфтааст.
Қалъаи Муғ. Ин мавзеи муҳташаму бостонӣ ҳоло дубора эҳё гаштааст. Дар дохили он растаи ҳунарҳои мардумӣ сохта шуда, бисёр шуғлҳои халқӣ эҳё гаштаанд. Ин қалъаи қадима дар Истаравшани маъруф моро бо ин эҳёгарӣ пешвоз гирифт. Дар ҳар даста ғайр аз ҳунарҳои мардумӣ гурӯҳҳои ҳунарӣ аз ноҳияҳои гуногуни атроф ҷамъ омада буданд, ки суруду таронаҳоро ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ месуруданд.
Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
ТОШКАНД – ХУҶАНД – ИСТАРАВШАН.