ҲАШАРИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР КӮҲСОР

Дар асоси қарори Президент «Дар бораи омодагӣ ва гузаронидани ҷашни умумихалқии Наврӯз дар соли 2023» ҷамоаи аҳли Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд барои бунёди «Боғи дӯстӣ» дар кӯҳсори Оҳалик ширкат варзиданд.

Дар тӯли ду рӯз беш аз 300 бех ниҳолҳои бодом, писта, чормағз, зардолу, гелос ва ғайра шинонда шуд.
— Мо аз чунин ташаббусҳо сипосгузор ҳастем, – иброз дошт роҳбари гурӯҳи ташаббускори Эҳёи Самарқанд Анастасия Павленко,— дар арафаи иди бошукӯҳи наврӯзӣ корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ кори хайру савоб аст.

Баҳодури ЗОҲИР.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: