Маълум аст, ки 24-25 августи соли ҷорӣ дар мамлакатамон таҳти унвони «Маҳалла обод – кишвар обод» ҳашари умумихалқии хайрия ба амал омад.
Ин тадбир дар вилояти Бухоро низ бо рӯҳбаландӣ баргузор гардид. Дар арафаи 33-солагии истиқлоли давлатӣ сурат гирифтани ҳашар сокинони 544 маҳалларо водор намуд, ки баҳри тозагию озодагӣ, ободию хуррамии ҷойи зист, кӯчаю деҳа, гузару хиёбон, зиёратгоҳу мазорҳои ҳудуд азму кӯшиш кунанд. Шоху шиббаҳои дарахтон, навдаю танаҳои нозеби гулбуттаю токҳоро бурида, намуди онҳоро дилкаштар гардонанд. Дар чунин рӯзҳо дастгирии маълӯлон, бекасу бепарасторон, собиқадорони фронти меҳнат, эҳтиёҷмандон қайҳост, ки ранги одатро гирифтааст. Ҳавлию манзилҳои оилаҳои камдаромад таъмиру таҷдид ёфтанд. Дар ҳашари умумихалқӣ талабаю донишҷӯёни мактабу донишкадаҳо фаъолона иштирок карданд.
АНҶУМАНИ ИЛМИЮ АМАЛӢ
Дар Бухоро ба муносибати 1044-солагии зодрӯзи падари илми тиб – Абуалӣ ибни Сино, бо мақсади омӯзиш, тарғиб намудани эҷодиёт ва мероси илмии ӯ анҷумани илмию амалӣ ба амал омад. Чорабинӣ бо ҳамкории шуъбаи вилоятии ҳизби демократии «Миллий тикланиш», Фонди ҷамоатии Абуалӣ ибни Сино, Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро, шуъбаи вилоятии ёрии таъҷилии тиббии ҷумҳурӣ ва ҳокимияти ноҳияи Пешкӯ созмон ёфт.
Ба сухан баромадагон дар бораи ҳаёту фаъолият, китоби «Қонунҳои тиб» ва ақидаҳои олим бобати таълим, инчунин асарҳои тиббии ӯ таваққуф карда, муҳим будани омӯхтани онҳо, ҷуста ёфтан ва таҳқиқ намудани асарҳои ҳанӯз дастраснашудаи Шайхурраисро таъкид карданд. Аз ҷумла, роҳбари Фонди ҷамоатӣ, доктори илмҳои тиб, профессор Мусо Ӯринов гуфт, ки ҳоло аз Ибни Сино то мо 242 асар омада расидааст. 60-тои онҳо оиди фалсафа, илоҳиёт, 43-тоаш оиди муолиҷа, мантиқ 19-то, 26-то оиди руҳшиносӣ, 23-то илми тиб, 7-то оиди илми фалакиёт, 1-то математика, 1-то мусиқӣ, 2-то оиди кимиё, 9-то оиди этика, 4-то оиди адабиёт, 8-тоаш мукотибаҳои илмӣ мебошанд.
Олим дар «Қонунҳои тиб»-и худ дар бораи хусусиятҳои шифобахши қариб 900 растанӣ, роҳҳои истифодабарии онҳо изҳори ақида кардааст.
Ба мақсади рушд додани корҳои илмӣ ва табобати халқӣ дар Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро чоряк аср инҷониб кафедраи тиббии анъанавии ЮНЕСКО фаъолият дорад.
Дар чорабинӣ узви Сенати Олий Маҷлис, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абера Ҳусейнова низ ба сухан баромад.
Иштироккунандагони анҷуман бо осорхонаи Ибни Сино, санадҳои муҳими ҳаёт ва асарҳои ӯ шинос шуданд.
Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.