ҲАШТ ҲОКИМИЯТИ МАҲАЛЛӢ ОГОҲ КАРДА ШУД

Тавре ки дафтари матбуоти Агентии мубориза зидди коррупсия хабар медиҳад, ҳашт ҳокимияти маҳаллӣ ҳушдор дода шуд, ки риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ дар бораи шаффофиятро ҷиддан зери назорат гиранд.

Зеро барои он ки аз коррупсия боз ҳам бештар ҷилавгирӣ ба амал ояд, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷа ва шаффофияти тамоми марҳилаҳои ин ҷараён молики аҳамияти калон мебошад.
Дар Фармони Президент аз 16 июни соли 2021 маҳз ҳамин далел алоҳида таъкид гардидааст. Фармон пешбинӣ мекунад, ки маълумот дар бораи даромад ва хароҷоти буҷаи маҳаллӣ дар охири ҳар се моҳ ташаккул ёфта, дар сурати аз нақша ва миқдори пешбинишуда бештар харҷ гардидани  маблағ онро барои омма ифшо кунанд. Ин аз он ҷиҳат басо муҳим шумурда мешавад, ки пешгирӣ намудани тороҷгарии маблағи буҷа таъмин хоҳад шуд. Дар ин самт ба роҳ мондани назорати босамари ҷамъиятӣ низ дар мавриди коҳиш ёфтани хатарҳои гуногуни коррупсионӣ хидмати босазо хоҳад кард.
Бино ба хабари дафтари матбуоти агентӣ рафти иҷрои ин талаботи фармон мусоидат менамояд, ки сари вақт таҳти назорати доимӣ қарор гирифтани фаъолияти ҳокимияти маҳаллии давлатӣ таъмин гардад.
Гуфта мешавад, ки аз рӯйи ҷамъбасти семоҳаи 1-уми сол вазъи ифшои маълумот дар бораи қисми барзиёд иҷрошудаи нақшаи даромадҳои буҷаи маҳаллӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Он маълум намудааст, ки ин маблағ ба иҷрои кадом корҳо равона карда шудаанд. Натиҷа нишон додааст, ки дар вебсайтҳои расмии ҳокимияти вилоятҳои Ҷиззах, Сурхондарё, Сирдарё, Фарғона ва Тошканд ин маълумот мунтазам эълон карда мешаванд. Аммо дар Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Қашқадарё, На-воӣ, Самарқанд, Намангон ва Хоразм ин маълумот дар вебсайтҳо танҳо қисман ба мардум ошкор карда шудаанд.
Дафтари матбуоти агентӣ мегӯяд, чунин маълумот бори охир дар вебсайти расмии ҳокимияти вилояти Андиҷон танҳо дар семоҳаи 1-уми соли 2021 нашр шудааст, ҳокимияти шаҳри Тошканд онро умуман ба мардум ифшо накардааст. Дар ин замина ҳокимияти вилояти Тошканд талаботи иҷрои Фармонро пурра таъмин намудааст. Барои ҳамин маблағҳои озоди дар аввали соли 2022 ташаккулёфта ва маблағҳои қисмати даромадаи буҷаи маҳаллӣ аз рӯйи нақшае, ки барои семоҳаи якуми соли равон ҷудо шудааст, 231,3 миллиард сӯмро ташкил додааст. 
Дафтари матбуоти аген-тӣ қайд намудааст, ки ғайр аз ин, дар давраи ҳисоботӣ барои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ин вилоят, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии аҳолӣ, мустаҳкам намудани таъминоти моддию техникии муассисаҳои иҷтимоӣ, дастгирии молиявии аҳолии эҳтиёҷманд аз ҳисоби манбаъҳои иловагӣ 63,8 миллиард сӯм ҷудо карда шудааст.
Ба ин тартиб, агентӣ 8 ҳокимияти маҳаллиро барои роҳ додан ба хато ва камбудиҳое, ки дар натиҷаи мониторинг ошкор гардидаанд, сахт огоҳонида, тақозо кардааст, ки дар оянда назорати риояи талаботи қонунгузории шаффофиятро пурра таъмин намоянд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: