ҲАСРАТИ МАРДИ ДОРО

Бо ҳама мақомотам, молу мулку дороӣ.

Ҷуфт-ҷуфт мошинҳо, қудрату тавоноӣ,
Ай Худо, намедонам, бандаи туям ё нафс.

Оғиле пур аз ҳайвон, ҷумла ҳаст ғайр аз ҷон,
Лек раҳм дар дил не, кай хурам ғами инсон?
Ай Худо, намедонам, бандаи туям, ё нафс.

Хона дораму маъво, сандуқе пур аз ашё,
Гарм нест манзилҳо, бастаӣ дари дилҳо,
Ай Худо, намедонам, бандаи туям, ё нафс.

Хони ман пур аз неъмат, шарбати гаронмоя,
Нони ман хӯрад ҳайвон, гушна аст ҳамсоя.
Ай Худо, намедонам, бандаи туям ё нафс.

Одамияти ман нест, худнамою худхоҳам,
Аз ғами дили мардум гарчи хуб огоҳам,
Ай Худо, намедонам, бандаи туям ё нафс.

Умри бевафои ман чун чароғи ларзон аст,
Гар равам аз ин дунё, молу мулк ҳайрон аст,
Ай Худо, намедонам, бандаи туям ё нафс.

Қодиро, ба қалби ман меҳрро ато бинмо,
Ҳисси моли дунёро аз дилам раҳо бинмо,
Бандаи ту бошам бас, на гадои молу нафс!

Ӯғулой ҶӮРАБОЕВА,
вилояти СУРХОНДАРЁ.


Абдуҷаббори СУРӮШ

ЁД МЕКУНАМ...

Ҳар лаҳза бо баҳона туро ёд мекунам,
Ҳар рӯз, ҳар шабона туро ёд мекунам.

Аз васли об то лаби ҷӯ ханда мекунад,
Ай хуштарин тарона, туро ёд мекунам.

Мурғи муҳоҷирам, ки аз ин сӯйи фаслҳо,
Оҳ, ай Ватан, чу лона туро ёд мекунам.

Манзурам аз Ватан тану ҷони азизи туст,
Бингар, чӣ шоирона туро ёд мекунам.

Аз кӯча кӯча-кӯча нафас мекашам туро,
Дар хона хона-хона туро ёд мекунам.

Бо ёди он замона, ки аз мо гузаштааст,
Бар қасди ин замона туро ёд мекунам.

Шояд ту ҳам ҳамеша маро ёд мекунӣ,
Чун ман, ки ҷовидона туро ёд мекунам.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: