Дар ин шабу рӯз масъалаи обуна яке аз масъалаҳои асосӣ қарор гирифтааст.
Ба далели он ки «Обуна маҷбурӣ нест» гуфтанд, ҳама худро ба ақиб кашидаанд, касе устуворона ба пеш қадам намегузорад ва намегӯяд, ки ин маънои «рӯзнома нахонед»-ро надорад ва боз намегӯяд, ки: «Ман обуна мешавам!»
Барои ҳамин ба даст қалам гирифтам, то ки баъзе фикру ақидаҳои худро баён кунам. «Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони ӯст ва миллате, ки рӯзнома надорад, вай забон надорад» гуфтааст устоди бузург Садриддин Айнӣ. Пас, мо бе рӯзнома миллати комил намешавем ва инро ҳар яки мо дар гӯши худ бояд чун ҳалқа овезем.
Дар айни ҳол аҳли ноҳияи Сӯх ду рӯзномаи тоҷикӣ доранд: «Овози тоҷик» ва «Садои Сӯх». Чанде пеш мо, як гурӯҳ омӯзгорон ташаббус кардем, ки ходимони «Садои Сӯх» ба мактабамон оянд ва бевосита, дар мулоқоти рӯ ба рӯ масъалаи обуна ба ин ду рӯзномаи тоҷикиро дар миён гузорем. Шахсан, ман дар соҳаи мактабу маориф чандон таҷрибаи зиёд надорам. Аммо як нуктаро медонам, ки муаллим бояд рӯзнома хонад. Аслан рӯзнома танҳо барои хондани хабарҳои нав нест, балки як воситаи тарғиби забону фарҳанг ва ҷои саводомӯзӣ низ мебошад.
Нуктаи дигар ин аст, ки ман оҳиста ба дарки маъниҳои зиёд сарфаҳм меравам. Дар айни ҳол медонам, ки бемасъулиятӣ аз ҷониби мо – табақаи пешқадами ҷомеа, яъне омӯзгорон муҷиби он мегардад, ки табақаҳои дигари ҷомеа низ аз паси мо раванд. Ин масъулияти бузургро нодида гирифта истодаем ва ё ба он аз паси панҷа менигарем.
– Ана, муаллимонатон ҳам обуна нашуданд-ку! – мегӯяд рӯзе як коргари оддӣ ба ман тамасхуромез ва бо ин як ҷумлаи худ гуфтанист, модоме ки муаллимон ба рӯзномаҳо обуна нашаванду нахонанд, аз коргарони оддӣ чӣ гила!
Дар шарёни ман хуни тоҷикӣ ҷорист. Ба такрор мегӯям, ки ин хун ҳар яки моро водор месозад, то ки баъзан корҳоеро анҷом диҳем, ки фардо таърих моро маҳкум накунад.
Кадоме як рӯз сухане гуфт, ки бо ба ёд омадани он ҳанӯз мӯйи баданам рост мехезад. Агар вайро директор ба ягон рӯзнома ё маҷалла обуна шав, гӯяд, ба идораҳои болоӣ шикоят менавиштааст. Аз рӯи шунидам, ҳатто баъзе директорони мактабҳо аз тарси курсӣ пули барои обуна ҷамъоваришударо ба соҳибонашон бозпас гардонда, акнун гӯшро таги тоқӣ карда нишастаанд. Ин айб нест магар?!
Ман ҳамкорону ҳаммаслакон, дӯстонамро даъват мекунам, ки ба рӯзномаҳои «Садои Сӯх» ва «Овози тоҷик» обуна шавем. Коре накунем, ки фардо моро сарзаниш кунанду дар беориятӣ маҳкум намоянд.
Бунёдҷон ШОМАТОВ,
омӯзгор аз ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.