ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ – ГАРАВИ КОМЁБӢ

Дар майдони Регистони шаҳри Самарқанд бобати мукофотонидани инспекторони оид ба профилактика ва фаъолони маҳаллаҳо, ки дар кори нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, таъмин намудани амнияти шаҳрвандон дар ҳудудҳои ба онҳо вобаста натиҷаҳои хуб ба даст овардаанд, чорабинӣ ба амал омад.

Дар тадбире, ки ба мақсади таъмин кардани татбиқсозии қарори Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии таъминоти амнияти ҷамъиятӣ» аз 24 декабри соли 2018-ум гузаронида шуд, 484 нафар инспекторони оид ба профилактика, 60 нафар раисони ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо ва ёварони инспектори оид ба профилактика бо мукофотҳои пулӣ қадр карда шуданд.
– Дар маҳаллаи мо 3 ҳазору 360  нафар сокинон истиқомат мекунанд, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Болгали»-и ноҳияи Нарпай Алишер Тошмуродов. – Дар натиҷаи кори муштарак бо инспекторони оид ба профилактика ва фаъолони маҳалла соли гузашта ва дар давраи сипаришудаи соли равон дар ҳудуди мо ягон ҷиноят содир нагардид. Баъзе зиддият ва нофаҳмиҳо бо ҷалби ҷомеаи васеъ бартараф карда мешаванд. Ҳоли ҳозир зиёда аз ҳафтод нафар сокинони маҳаллаи мо дар хориҷа кор мекунанд. Мо аз оилаҳои онҳо хабардор мешавем, бо аҳли хонаводаҳояшон суҳбат мегузаронем. Дар натиҷаи ин соҳиби мукофот шудем. Ин комёбии тамоми сокинони маҳалла мебошад.
Ёвари инспектори оид ба профилактикаи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Халқобод»-и ноҳияи Иштихон Илҳом Раббимов низ барои саҳмаш дар таъмин сохтани оромиву осудагии ҳудуд, пешгирӣ кардани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо мукофоти пулӣ гирифт.
Дар чорабинӣ ҳокими вилояти Самарқанд Э.Турдимов нутқ кард.

Ғ. ҲАСАНОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: