Маросими кушоиши ҳавлӣ-музейи нависандаи бузурги ӯзбек Абдулло Қодирӣ, ки 125-солагиаш васеъ таҷлил мегардад, дар хонаи падарии адиб воқеъ дар маҳаллаи Самарқанддарвозаи ноҳияи Шайхонтаҳури пойтахт баргузор гардид.
Дар он арбобони давлатию ҷамъиятӣ, ҳунарпешагон, шоиру нависандагон ва ақрабое, ки чароғи А.Қодириро фурӯзон медоранд, иштирок намуданд.
Чорабиниро мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, нависанда Хайриддин Султонов кушод ва таъкид сохт, агар гӯем, ки соли сипаришудаистода «соли Абдулло Қодирӣ» қарор гирифт, муболиға намешавад, зеро муҳимтарин воқеаҳои адабию фарҳангии сол, ки рӯи кор омаданд, ба бузургдошти ин адиби нуктасанҷ алоқаманд мебошанд. 82 сол муқаддам, дар арафаи соли нав ба дасти адиб кишан зада, аз ҳамин ҳавлӣ ӯро ба ҳабс гирифтанд. Октябри соли 1938 вай парронда шуд. Ҳамагӣ 44 сол умр дид, вале бо як қатор асарҳои шоёни худ адабиёти ӯзбекро ба дараҷаҳои нав бардошт. Баъди «Бобурнома»-и Заҳириддин Бобур «Рӯзҳои гузашта»-и Қодирӣ барҷастатарин асар дар таърихи адабиёти ӯзбек аст, изҳор намуд Х.Султонов.
Рассоми мардумии Ӯзбекистон Алишер Мирзоев гуфт, эҷодиёт ва шахсияти А.Қодирӣ ба қалбам бисёр наздик аст, ҳанӯз рӯзҳое, ки ҷавон будам, ба ин ҳавлӣ бисёр омада, ба писари адиб Ҳабибулло суҳбат мекардам. Романи «Рӯзҳои гузашта»-ро борҳо мутолиа сохта, дар ман хоҳише рӯ мезад дар асоси лавҳаҳои ҷолибе, ки хондаам, тасвирҳо офарам. Ҳамин тавр, бештар аз 50 тасвире, ки кашидам, ба ҳаёт ва эҷоди А.Қодирӣ вобаста буда, қисме аз онҳо ҳоло дар ҳавлӣ-музей, қисме дар осорхонаи А.Қодирӣ дар боғи истироҳатие, ки номи ӯро дорад, ба маъраз гузошта шудаанд.
Доктори илмҳои филологӣ Хуршед Дӯстмуҳаммад оиди фаъолияти боғдорию нависандагии А.Қодирӣ, ки чӣ бо қаламу коғаз ва чӣ бо замину боғ муҳаббати беандоза дошт, ҳарф зад ва изҳори боварӣ намуд ҳавлӣ-музейи адиб дар Самарқанддарвоза мисли боғ-музейи Лев Толстой дар Ясная Поляна қадамҷои аҳли фазл ва дӯстдорони адабу ирфон қарор хоҳад гирифт. Раиси ҷамъомади шаҳрвандони Самарқанддарвоза А.Миррасулов аз хусуси ҳолати пештара ва ҳозираи манзиле, ки ба осорхона табдил ёфтааст, сухан ба миён овард. Пештар низ мухлисони адиб мехостанд хона ва боғи падарии ӯро зиёрат созанд, вале кас аз овардани онҳо ба ин гӯша ногуворӣ ҳис мекард. Ҳоло ҳавлӣ-музей бо саъйи гурӯҳи устоёну сохтмончиён таҳти роҳбарии Алишер Раҳмонов ин гуна файзу шаҳомат пайдо карда, ба ифтихори гузар табдил ёфтааст.
М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».